Ҷаласаи пешазинтихоботӣ дар Мастчо

Пеш аз тағйироти кадрӣ: раиси ноҳия номзад шуд

1612
(Таҷдидшуда 12:27 10.01.2020)
Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, барои вакилӣ ба Парлумон аз ҳавзаи якмандатии №18 номзад интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Пешниҳоди номзадии Азиззода барои вакилӣ дар Парлумон дирӯз дар ҷаласаи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ тасдиқ шудааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ додааст, ки тибқи хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо, аз 191 нафар вакили иштирокдошта аксарият ба ҷонибдории Ғайрат Азиззода барои пешбарӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи якмандатии Мастчоҳ №18 овоз доданд.

Сатториён Матлубахон Амонзода - раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд зимни муаррифии номзад, аз сарбаландии собиқ вакилони ин ҳавзаи интихоботӣ таъкид кардааст, ки дар Парлумон масъулияти худро хуб иҷро кардаанд.

"Ҷумъабой Сангинов ва Нурулло Оқилзода бо ташаббус ва масъулияти баланди худ дар таҳияву тасвиби қонунҳои муҳиму арзишманд дар парлумони касбӣ нақши бузург доранд. Боварии комил дорем, ки Ғайрат Азиззода низ бо пирӯз шудан дар интихобот дар ин самт ба дастоварҳои назаррас ноил мегардад", - гуфтааст Сатториён.

Ҳоло Азиззода аз аввалин номзадҳое шумурда мешавад, ки номзадиаш барои вакилӣ аз курсии раисӣ пешниҳод шудааст.

Аз тасдиқ шудани номзадии Азиззода ба Парлумон маълум мешавад, ки замони сурат гирифтани тағйироти кадрӣ дар сохторҳои баландмақоми Тоҷикистон, наздиктар шудааст. Зеро дар сурати гирифтани райи интихобкунандагон Азиззода мақоми раисиро аз даст дода ба Парлумон меравад ва ба ҷои ӯ нафари дигар дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ раис таъин мешавад.

1612
Барчаспҳо:
номзадҳо, Суғд, Тоҷикистон