Шэрон Стоун Путинро таърифу Трампро танқид кард

440
(Таҷдидшуда 08:59 11.01.2020)
Ҳунарпешаи амрикоӣ Шэрон Стоун дар мусоҳиба бо рӯзномаи GQ дар бораи муносибати худ нисбати Владимир Путин гуфт

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputniк. Президенти Федератсияи Русия лидери боқувват аст, изҳор дошт ҳунарпеша ва собиқ мудел Шэрон Стоун дар мусоҳиба бо рӯзномаи GQ.

"Ба фикри ман, Путин барои мамлакати худ ба таври худ раҳбари қавӣ аст", - гуфт Стоун зимни суҳбат бо рӯзноманигорон.

Дар баробари ин ҳунарпеша, президенти ИМА Доналд Трампро танқид кард.

Нигаронии Путин: Русия қатли Сулаймониро моҷароҷӯӣ хонд

Ба фикри ӯ президентҳои ИМА ва Русия "аз ҳам ба куллӣ фарқ мекунанд".

Ӯ зикр кард, ки дар раҳбарият Путин манфиати Русияро дар ҷои аввал мегузорад дар ҳоле, ки Трамп ин мақомро ҳурмат намекунад ва "худсито" аст.

Трамп Сулаймониро "террористи бераҳм" гуфт ва сабаби қатлашро шарҳ дод

Ҳунарпеша бар ин аст, ки дар интихоботи президентӣ, ки моҳи ноябри имсол дар ИМА баргузор мешавад, Доналд Трампро ҷонибдорӣ нахоҳанд кард.

440
Барчаспҳо:
раҳбар, Владимир Путин