Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун: дуои Раҳмон дар ҳаққи Қобус бин Саид

1393
(Таҷдидшуда 13:38 11.01.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз даргузашти Султони Умон, Қобус бин Саид ал-Саиди 79-сола, ки аз соли 1970 кишварашро роҳбарӣ мекард, изҳори андуҳ намудааст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба муовини Сарвазир дар умури Шӯрои вазирони Cалтанати Умон, Фаҳд бин Маҳмуд Оли Саид барқияи тасаллият ирсол намуд.

“Бо камоли андӯҳ хабари даргузашти ходими барҷастаи сиёсӣ –Султони Умон Қобус бин Саид ал-Саидро дарёфт намудам. Шодравон ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатӣ, яке аз маъруфтарин шахсиятҳои мамлакат, минтақа ва ҷаҳон буд”, - омадааст дар барқия.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, марҳум дар маснади Султони Умон барои зиндагии осоиштаи ҷамъият ва пешрафту, тараққии Умон хизматҳои бузурге анҷом дода, ислоҳотҳои зиёдеро ба роҳ монд.

“Мо марҳумро ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тақвияту тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон саҳм гузоштааст, дар хотир дорем”, ‑ зикр кардаст Раҳмон.

Ӯ аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии худро баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум тасаллиёти самимии хешро изҳор доштаст.

“Парвардигори бузург марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун”, - дуо кардааст Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи султони даргузаштаи Умон.

1393
Барчаспҳо:
дуо, даргузашт, Эмомалӣ Раҳмон, изҳори таслият, Тоҷикистон