Соҳибкор ва дипломат дар бораи Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

Обуна шудан
Соҳибкор Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода дар бораи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоб навиштанд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар нашриёти "Контраст"-и шаҳри Душанбе китоби нави соҳибкор Акрам Воҳидов ва доктори илмхои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода бо номи "Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт" ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

Председатель ГКНБ РТ Саймумин Ятимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занги Президент, кафолат ва шеърхонии Ятимов: оташ назанад ҳеч касе хонаи худро

Муаллифони китоб тазаккур медиҳанд, ки "инсонҳо, бавижа ҷавонон, дар ҳар замоне барои расидан ба муваффақият ва камоли инсонӣ ниёзманд ба намунаҳои ибрат ҳастанд. Дар кишвари мо шахсият ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин сармашқҳо барои афроди ҷомеа дар тамоми арсаҳои зиндагӣ мебошанд".

Ятимов дар бораи насиҳатҳои Раҳмон: шоҳон меоянду мераванд

"Ахлоқи неку, меҳрубонӣ ба ҳамватанон, устуворӣ, фазилат, бурдборӣ дар рафъи мушкилот, ки аз вижагиҳои ахлоқии Пешвои миллат ҳастанд, метавонанд барои такомули фард – ҳамчун шаҳрванд ва ҳамчун инсони дорои ахлоқу маънавиёти баланд – нақши бузург ифо намоянд", - омадааст дар китоб.

Китоби мулоҳизаҳои Раҳмон дар бораи дунёи муосир ва сиёсати хориҷаи Тоҷикистон интишор шуд

Ин китобро, ки барои доираи васеи хонандагон таълиф шудааст, аз сомонаи интернетии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дуконҳои китоби пойтахти кишвар метавон пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0