Лавров: Амрико бо куштори Сулаймонӣ аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун ҷаст

170
(Таҷдидшуда 15:01 14.01.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров мегӯяд, амалҳои Амрико аз ҳадди тамоми чаҳорчӯбаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ гузашт

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Русия куштори генерали эронӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Қосим Сулаймониро амали ғайриқонунии Амрико номид.

Вазири умури хориҷаи кишвар Сергей Лавров гуфт, Амрико бо куштори Сулаймонӣ аз тамоми чаҳорчӯбаҳо берун ҷаст. Ӯ афзуд, ки ин амали Вашингтон на дар доираи инсонигарӣ ва на дар доираи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ намегунҷад.

"Албатта, авҷи аълои амалҳои ғайриқонунии Вашингтон, куштори генерал Қосим Сулаймонӣ, намояндаи расмии Эрон буд. Ин амали кишвар аз доираи тамоми чаҳорчӯбаи инсониву санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мебарояд", - таъкид кард вазир.

Шойгу: Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ аст ва нақши бисёр муҳимме дар шикасти терроризм дошт

Ёдрас мешавем, Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки бомдоди ҷумъаи гузашта (севуми январи 2020) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои  амрикоӣ ба фурудгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуд.

"Вашингтон Пост", як расонаи амрикоӣ, дар таҳқиқоте куштори Сулаймониро аз нақшаҳои тарҳрезишудаи Қувваҳои мусаллаҳи Амрико номид. Тавре муаллифони расона афзуданд, ҳамон рӯзе, ки Амрико генерал Қосим Сулаймониро кушт, нақша дошт қумандони баландпоя, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Абдулризо Шаҳлоиро низ маҳв кунад.

Аммо амалиёти зидди Ризоӣ натиҷае надодааст.

170