Председатель города Исфара Саломзода Сиҷоуддин

Аз раиси шаҳр то соҳибкору мудири осоишгоҳ: ҳизбиёни Исфара номзадҳоро пешбарӣ карданд

621
(Таҷдидшуда 19:55 14.01.2020)
Вакилони шаҳри Исфара номзадҳои худро оғоз аз раиси шаҳр то соҳибкору табибу мудири осоишгоҳро ба парлумон пешбарӣ карданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Вакилони конференсияи XХVIII ҲХДТ дар шаҳри Исфара номзадҳои худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва Маҷлиси вакилони шаҳри Исфара интихоб ва пешбарӣ намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев, Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкор Сурайё Ӯроқова
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин бора сухангӯи хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ хабар медиҳад.

Раиси ноҳияи Шуғнон номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд - акс

Гуфта мешавад, ки ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии "Исфара" №20 номзадии Шамсиддинзода Мавзуна Шамсиддин пешбарӣ шудааст.

Ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд:

  • Аз ҳавзаи интихоботии Исфара, №8 номзадии Саломзода Сиҷоуддин - раиси шаҳри Исфара;
  • Аз ҳавзаи интихоботии Шаҳрак, №9 номзадии Расулзода Дилшод Ҷабборӣ -директори ҶСШК "Тамохуш – ЗГМИ";
  • Аз ҳавзаи интихоботии Чоркуҳ, №10 номзадии Раҷабов Савриддин Амакович - соҳибкор;
  • Аз ҳавзаи интихоботии Ворух, №11 номзадии Раҳматова Меҳрӣ Файзилаҳатовна - раиси ҷамоати деҳоти Ворух;
  • Аз ҳавзаи интихоботии Навобод, №12 номзадии Олимов Зафар Мирзоевич – табиб, директори ҶДММ «Олими Нур»;
  • Аз ҳавзаи интихоботии Навгилем, №13 номзадии Халлоқова Муҳаббат Бурҳоновна - директори МТМУ №15;
  • Аз ҳавзаи интихоботии Чилгазӣ, №14 номзадии Ҳалимов Абдулмумин Рауфович - директори ҶСК "Осоишгоҳи Зумрад" .

Манбаъ афзуда, ки вакилони конференсия ҳамчунон ба 40-ҳавзаи интихоботӣ 40 нафар аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро, ки дар рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Исфара саҳми муассир доранд, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара пешбарӣ карданд.

621
Барчаспҳо:
Парлумон, вакилӣ, пешбарӣ, ҲХДТ
Мавзуҳо:
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон-2020 (22)
Брифинг, посвященый председательству Республики Таджикистан в Шанхайской организации сотрудничества в 2020-2021 гг.

Санаи ҳамоиши президентҳои давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе маълум шуд

278
(Таҷдидшуда 21:01 15.01.2021)
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе нимаи моҳи сентябри соли равон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16 – 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, хабар дод Аҳмад Саидмуродзода, сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Раёсат дар СҲШ-ро соли равон Тоҷикистон ба уҳда дорад. Имсол инчунин ҳамоиши ҷашнӣ - 20-умин солгарди таъсисёбии созмон мебошад.

Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ дар соли ҷорӣ 26-29 январ дар шаҳри Душанбе дар нақша аст.

“Дар Вазорати корҳои хориҷӣ барои баргузории саммити СҲШ, ки 16-17 сентябр дар назар аст, ситоди махсус ташкил шуда, нахустин ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллӣ 26-29-уми январ дар Душанбе баргузор мешавад”, - изҳор дошт Аҳмадзода зимни мулоқот бо хабарнигорон.

Ӯ афзуд, ки сомонаи махсус ташкил дода мешавад, ки иттилоъ дар бораи чорабиниҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли равонро фаро хоҳад гирифт.

Баробари мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва вазирони умури хориҷии давлатҳои созмон, инчунин мулоқотҳои роҳбарони идораҳои соҳавӣ – аз мудофиа то иқтисоду тиҷорат ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи ВУХ Тоҷикистон, имсол барои бори аввал дар Душанбе Анҷумани иқтисодии СҲШ ба нақша гирифта шуда, инчунин ташкили мулоқоти намояндагони бахши сайёҳию расонаҳо дар назар аст.

СҲШ созмони байналмилалие мебошад, ки Тоҷикистон, Русия, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон ва Ӯзбекистонро дар бар мегирад.

278
Барчаспҳо:
мулоқот, Созмони ҳамкории Шанхай, Тоҷикистон
«Объявили настоящую травлю»: Алла Березовская о задержаниях русскоязычных журналистов в Латвии - YouTube

Березовская аз боздошту бозҷӯии рӯзноманигорони русзабон дар Латвия гуфт

31
(Таҷдидшуда 17:07 15.01.2021)
Алла Березовская, рӯзноманигори муқими Латвия дар бораи бозҷӯияш аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар нақл кард

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Алла Березовская аз ҷумлаи рӯзноманигороне мебошад, ки мақомоти Латвия онҳоро ба далели ҳамкорӣ бо расонаҳои Русия мавриди бозҷӯӣ қарор доданд. Мақомоти ин кишвар муътақиданд, ки чунин ҳамкорӣ хилофи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо мебошад.

“Маро дар вайрон кардани таҳримот айбдор мекунанд, аммо ман қатъиян розӣ нестам. Касе ин расонаҳоро ҷиноӣ эътироф накардааст. Мо дар кишвари озод иқомат дорем ва ҳуқуқ дорем дар расонае нашр кунем, ки лозим мешуморем”, - изҳор дошт Алла Березовская.

Ба гуфтаи рӯзноманигор, бозҷӯӣ дар хонааш сурат гирифта, ҳамаи техникаи компютерӣ, аз ҷумла планшети набераашро гирифтаанд.

Ӯ афзуд, ки алайҳи рӯзноманигорони расонаҳои расмии Русия мақомоти Латвия таҳқиботи густурдае роҳандозӣ кардаанд.

“Мехоҳанд ба тамоми ҷаҳон гӯянд, нафароне, ки бо расонаҳои давлатии Русия ҳамкорӣ мекунад, рӯзноманигор нест, пропагандист – тарғибгар мебошанд. Ин ба он маъност, ки ба чунин пропагандистҳо на демократия, на озодии баён ва на ҳуқуқи инсон дахл надоранд”, - тавзеҳ дод ӯ.

Фишор ба Sputnik ва Baltnews

Sputnik қаблан хабар дода буд, ки рӯзноманигорони русзабон, аз ҷумла онҳое, ки бо Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, дар нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо муттаҳам мешаванд ва онҳо мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтанд. Манбаъ афзуд, иттиҳомот бар асоси моддаи 84-и қонуни ҷиноии Латвия – нақзи таҳримоти Иттиҳоди Аврупо эълон шудаанд, ки ҷазо дар намуди ҷарима ва ё маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Sputnik Латвия ва Baltnews марбути Ожони байналмилалии хабарии "Россия сегодня" мебошанд. Аммо рӯзноманигороне, ки барои ин расонаҳо матлаб таҳия мекунанд, кормандашон набуда, муаллифони ғайриштатӣ мебошанд.

Вазорати умури хориҷии Русия амали мақомоти Латвияро маҳкум карда, онҳоро хилофи демократияю озодии баён хонд. Ин ниҳод таъкид кард, ки таҳримоти Иттиҳоди Аврупо хусусияти инфиродӣ дошта, шахсан ба мудири кулли "Россия сегодня" Дмитрий Киселёв дахл доранд ва наметавонанд ҳамаи кормандони ин идораро фаро гиранд.

Сармуҳаррири хабаргузории байналмилалии  "Россия сегодня" ва RT,  Маргарита Симонян изҳори умед кард, ки Русия ба ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигорони русзабон вокуниш хоҳад дод.

31
Барчаспҳо:
рӯзноманигор, Латвия, русзабон
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:02 14.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар Рӯзи озодиҳои диннӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих