Кӯча мерӯфтаму 120 рубл маош мегирифтам: тарҷумаи ҳоли Дмитрий Медведев

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ Д. Медведев принимает участие в заседании Совета глав правительств СНГ
Премьер-министр РФ Д. Медведев принимает участие в заседании Совета глав правительств СНГ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз ироаи паёми солонаи президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Русия Дмитрий Медведев эълом кард, ки тамоми ҳайати ҳукумат, аз ҷумла худаш истеъфо медиҳад

Дмитрий Анатолевич Медведев, 14 сентябри соли 1965 дар шаҳри Ленинград таваллуд шудааст.

Падараш Анатолий Афанасевич Медведев профессори Институти  технологии Ленинград, модараш Юлия Вениаминовна устоди Донишгоҳи омӯзгории Ленинград буданд.

 Дмитрий Медведев ягона фарзанд дар оила мебошад.

Медведев факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Ждановро соли 1987 ва соли 1990 аспирантураи ҳамин дошигоҳро хатм кардааст.

Ҳамакнун собиқ нахуствазир, аз овони ҷавонӣ ба мусиқии жанри рок шавқ дошт. Ба қавли худаш, гурӯҳои Deep Purple, Black Sabbath и Led Zeppelin гӯш мекунад. Сиёсатмадор дар мусоҳибаҳояш гуфтааст,  ки таронаҳои ҳунармандон, аз ҷумла Deep Purple ҷамъоварӣ менамояд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои роксарои рус, аз ҷумла "Чайф"-ро гӯш мекунад.

Ҳангоми донишҷӯи ба аккосӣ ва гӯштӣ шавқ доштааст ва борҳо дар мусобиқаҳои донишгоҳ пирӯз шудааст. Аз соли 1979 узви ВЛКСМ (иттиҳоди ҷавонон) мебошад.

Медведев дар мусоҳиба бо донишҷӯёни донишгоҳи Уқёнуси Ором нақл карда буд, ки ҳангоми донишҷӯи кӯчарӯбӣ мекарл ва 120 рубл маош мегирифт. 

Аз соли 1988 дар факултаи ҳуқуқшиносии ЛГУ ва сипас дар СПбГУ дарс гуфтааст.

Дар соли 1990 диссертатсияашро дар мавзӯи "Масъалаҳои амалисозии субъектҳои ҳуқуқии коргоҳҳои давлатӣ" ҳимоя кардааст.

Аз соли 1990 то соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дарс гуфтааст, ҳамзамон аз соли 1990-1995 ба ҳайси мушовири раиси шӯрои шаҳрии вакилони халқии  Ленинград Анатолий Собчак  фаъолият доштааст.

Моҳи ноябри соли 1990 Медведев муовини раиси дастгоҳи ҳукумати Русия Дмитрий Козак таъин шуд. 

Дар солҳои 1999-2000 пас аз истеъфои Борис Елтсин Медведев муовини роҳбари дастгоҳи президенти Русия  шуд.

Пас аз интихоби Путин ба ҳайси раисҷумҳур муовини аввали роҳбари дастгоҳи президент буд.

Дар солҳои 2000-2001 раиси шӯрои директорони "Газпром", баъди соле муовини раис ва баъди як сол дигар ба вазифаи роҳбарӣ дар "Газпром" баргаштааст.

Солҳои 2003-2005 раиси дастгоҳи президенти Русия буд.

Соли 2005 муовини аввали раиси Ҳукумати Русия.

Соли 2008 бо пешниҳоди Владимир Путин Дмитрий Медведев дар интихоботи прездентӣ иштирок кард ва бо гирифтани бештар аз 70 дар сади овозҳо пирӯз шуд.

Аз соли 2012 то имрӯз раиси Ҳукумати Русия буд.

Дмитрий Медведев бо ордену медалҳои зиёде қадрдонӣ шудааст.

Оиладор ва соҳиби як фарзанд аст.

Лентаи хабарҳо
0