Оғози таблиғи маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бо ривояти аксҳо

© SputnikОғози таблиғи маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бо ривояти аксҳо
Оғози таблиғи маъракаи интихобот дар Тоҷикистон бо ривояти аксҳо  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони комиссияи интихоботи парлумонӣ дар Суғд ба таблиғи баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар кишвар шурӯъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Ҳоло ба ҷои аксар тоблуъҳои рекломавӣ дар кӯчаву ҷодаҳои шаҳру навоҳии Суғд, рӯзи баргузории интихобот насб карда шудааст.

Зимнан тоблуъҳои тарғиботӣ аз шиору навиштаҷотҳое иборатанд, ки иштирок варзидани сокинонро ба интихоботи вакилони халқӣ дар маҷлисҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва парлумон тарғиб мекунад.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Арафаи интихобот: Президент теъдоди кормандони дастгоҳи КМИР ва мошинҳоро муайян кард

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло комиссияи интихоботӣ дар Суғд аз 13 нафар иборат буда ва ин ниҳод 70 ҳавзаи интихоботиро дар қарамрави ин вилоят маълум кардаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Тоҷикистон ё КМИР ба фарқ аз 5 соли пеш, ки интихоботи парлумонӣ дар рӯзи 9-уми феврал доир мешуд, дар соли ҷорӣ рӯзи баргузории интихоботро санаи 1-уми март муқаррар кардааст.

Сабқат сар шуд! Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон номзадҳои худро муаррифӣ карданд

Имсол бар асоси баргузории интихобот сокинони Тоҷикистон барои 5 соли оянда, яъне ба муҳлати то соли 2025 вакилони худро дар парлумони кишвар интихоб мекунанд.

Парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки номзадии кам ё беш аз 22 нафари онҳо тавассути овоздиҳии ҳизбӣ ва боқмонда аз ҳисоби райдиҳӣ дар ҳавзаҳои якмандатии шаҳру ноҳияҳои кишвар вакил интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, ба ҳисоби вакилон аз ҲХДТ, барои аввалин бор намояндаи аҳзоб аз ҷумла Усмонзода Саидҷаъфар Усмон аз ҳисоби ҲДТ, се нафари дигар аз ҷумла Олимҷон Бобоев ва Рустам Қудратов аз ҲИИТ, Анвар Ахмедов ва Аҳмадҷон Қобилов аз ҲАТ, Абдуллозода Иброҳим ва Абдуҷаббор Ахмедов аз ҲКТ ва Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ ҳар яке аз тариқи ҷамъ 5 дарсади райи ҳизбӣ ва ё аз ҳисоби интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳо ба сифати вакил ба порлумони касбии Тоҷикистон роҳ ёфта буданд.

Председатель города Исфара Саломзода Сиҷоуддин  - Sputnik Тоҷикистон
Аз раиси шаҳр то соҳибкору мудири осоишгоҳ: ҳизбиёни Исфара номзадҳоро пешбарӣ карданд

Аъзоёни КМИРТ дирӯз дар зимни баргузории як ҷаласа аз пешниҳод шудани 70 номзад аз 7 ҳизби сиёсӣ хабар дода вале гуфтанд, ки омори онҳое, ки аз ҳавзаҳои як мандатӣ пешниҳод шуда то ба ҳол ниҳоӣ нашудааст.

Ҳамчунин исми онҳое, ки аз тариқи худпешбарӣ ҳамчун номзад ба қайд гирифта шуда, то ба ҳол маълум нест.

Президент барканор карду ба вакилӣ пешбарӣ шуд: Азиззода дар интихобот иштирок мекунад

Соли ҷорӣ гаравпулии номзадҳо барои иштирок минҳайси номзад дар интихоботро ба андозаи 5 800 сомонӣ муқарар намудааст.

Ин маблағест, ки дар сурати пирӯз шудан дар интихобот аз сӯи масъулин ба соҳибонаш дода мешавад, вале дар ҳоли бохт соҳибонаш аз ин пул бебаҳра мемонанд.

Баъзе аз ҷавонони тоҷик мегӯянд, дар шароити кунунӣ ин миқдор пул андак нест ва шароити иқтисодӣ даст намедиҳад, ки аксарият бо пардохти он аз тариқи худпешбарӣ дар интихобот вориди сабқат шаванд.

Бархеи дигар таъкид меварзанд, ки ба баргузории интихоботи шаффоф чандон эътимод надоранд. Аммо масъулони КМИР дар Тоҷикистон мегӯянд, баргузор шудани интихоботро дар шароити кушод ва бидуни тақаллубу сохтакорӣ кафолат медиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0