Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото

Донандаи 3 забон ва падари 5 фарзанд: Юсуф Раҳмон кист?

1855
(Таҷдидшуда 20:03 24.01.2020)
Юсуф Раҳмон бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм аз сӯи намояндагони Маҷлиси миллии Тоҷикистон раъйи таъйид гирифта, барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон барои 5 соли дигар дар вазифаи худ боқӣ монд.

Юсуф Раҳмон кист?

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод 22 марти соли  1966  дар ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик.

Соли 1991 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллӣ)  хатм карда, дар вазифаҳои гуногун фаолият намудааст.

Аз июли соли 1991  —  муфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе.

Аз августи соли 1992 — муфаттиши калони прокуратураи ноҳияи Марказии  шаҳри Душанбе.

Аз феврали соли 1993 – муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз ноябри соли 1993  — муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз декабри соли 1995 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе.

Аз феврали соли 1997 – муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тафтишотии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз октябри соли 1998  — Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе. Аз  июни соли 2002 — Прокурори ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе. Аз феврали соли 2004 – муовини Прокурори генералӣ – Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 5 марти соли 2010 то 30 январи соли 2012  — Прокурори вилояти Суғд. Аз 30 январи соли 2012 то 14 декабри соли 2014  – сардори шӯъбаи бехатарии ҷамъиятии Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 14 декабри соли 2014 то 23 январи соли 2015 – муовини  якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 23 январи соли 2015 – Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Генерал-полковники адлия  буда, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд аст.

1855
Барчаспҳо:
Прокурори генералӣ, Юсуф Раҳмон
Мэр Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ интизориҳояшро аз интихоботи президентӣ эълон кард

6150
(Таҷдидшуда 15:09 12.08.2020)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон интизороташро аз интихоботи президентии 11 октябр баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Рустами Эмомалӣ таъкид кард, ки интихобот бояд шаффофу демократӣ бо иштироки ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон баргузор шавад.

Ӯ изҳори умед кард, ки интихоботи раисиҷумҳур омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.

"Сахт андӯҳгин шудем": ҳамдардии Вазорати фарҳанг бо хонаводаи Баҳром Ғафурӣ

“Ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронида шуда, он ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Маҷлиси миллӣ.

Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки “ин интихобот бояд сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, ба тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати мо дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат намояд”.

Кӯдакистонҳо низ дар Тоҷикистон 17 август ба кор оғоз мекунанд

Ӯ дар ҷаласаи ахири муштараки ду палатаи парлумон борҳо аз вакилон суол кард, ки оё дар бораи интихобот пешниҳодҳое доранд, аммо посухе нагирифт.

Дар охир Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш кард, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.

6150
Барчаспҳо:
интихобот, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон
Парламентские выборы в Таджикистане

Ватанзода 4 сабаби таъйини интихобот дар октябрро гуфт

974
Дар ҳоле, ки таъйини интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябр дар доираи коршиносон баҳсе барангехтаст, Маҳмадалӣ Ватанзода, собиқ ёвари раисиҷумҳур ва феълан ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон сабаби интихоби ин санаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ватанзода, ки санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро 11 октябр пешниҳод карда буд, 4 далели  худро ироа кард.

Ӯ тавзеҳ дод, ки  дар баробари ташкили дурусти интихобот, шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст.

“Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ватанзода.

Ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон, далели дуюмро паҳншавии бемори сироятии COVID-19 гуфт.

“Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад”, - таъкид кард ӯ.

Дар банди сеюм Ватанзода таъкид кард, ки дар аввали моҳи октябр баргузор намудани интихоботи Президент барои риояи муҳлатҳое, ки Конститутсия ва қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ягон монеа эҷод намекунад. Чорабиниҳое, ки дар раванди интихобот бояд гузаронида шавад, имкон доранд, дар вақту давраҳои муайяншуда баргузор карда шаванд.

“Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”, - таъкид кард Ватанзода.

Ин дар ҳолест, ки интихоботҳои пешинаи Президенти Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуданд. Аммо Ватанзода мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбаркардааш имсол моҳи октябр ба мақсад  мувофиқтар аст.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

974
Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳур, президент, интихобот, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Таассуфи Раҳмон аз даргузашти Гулназар Келдӣ ва изҳори ҳамдардии ӯ ба хонаводаи марҳум

0
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар даргузашти шоири маъруфи кишвар Гулназар Келдӣ ба хонаводаи марҳум изҳори ҳамдардӣ намуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон аз даргузашти шоири шаҳири тоҷик Гулназар Келдӣ изҳори таассуф намудааст.

Котиботи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад. ки Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикони марҳум ҳамдардии амиқ баён мекунад.

"Сад дод аз ту, коронавирус": охирон шеъри, ки Гулназар Келдӣ эҷод кард

Ёдовар мешавем, шоири маҳбуби тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

0