Симонян: сиёсатмадорони лаҳистониро "шарманда" мекунем

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкГлавный редактор телеканала RT и МИА "Россия сегодня" Маргарита Симоньян
Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармуҳарири Ожонсии "Россия сегодня" ва шабакаи RT Маргарита Симонян пешниҳод дорад, ки барои сиёсатмадорони лаҳистонӣ аксие баргузор шавад, ки нақши Артиши сурхро дар озод кардани кишвар аз фашистонро, ба ёдашон биёрад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik.Сармуҳарири Ожонсии "Россия сегодня" ва шабакаи RT Маргарита Симонян пешниҳод кард, ки барои сиёсатмадорони лаҳистонӣ дар интернет зери унвони #ВамНеСтыдно (Шумо шарм намедоред), аксия баргузор шавад.

Главный редактор телеканала RT и МИА Россия сегодня Маргарита Симоньян - Sputnik Тоҷикистон
Симонян ба вакилони парлумони Русия пешниҳод кард, ки қавонини муҳоҷиратро такмил диҳанд

Ба гуфти Симонян, ин аксия бо мақсади ба ёди сиёсатмадорони лаҳистонӣ овардани нақши Артиши сурх дар озод кардани кишвар аз фашистон, гузаронида шавад.

Муроҷиати Симонян ба президенти Эстония барои бехатарии кормандони Sputnik

Ӯ қайд кард, ки ошкор кардани ҳуҷҷатҳои таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ басанда нест ва бояд шабакаҳое бошанд, ки маълумотро ба ҳама бирасонанд.

"Барои ҳамин ман мехоҳам, аз ҳамаи мардум хоҳиш мекунам, ки ба он одамони бад, ки хотири падарону бобоёни моро тира мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо хештеги #ВамНеСтыдно паёмак фиристанд: Салом, ман фалонӣ, бобои ман барои озод кардани Варшава ҷон дод, то шумо ва падаронатонро озод кунад", - гуфт Симонян дар барномаи "Своя правда" дар шабакаи НТВ.

Сармуҳарири Агентии Ожонсии "Россия сегодня" ва шабакаи RT Маргарита Симонян, пешниҳод кард, ки чунин паёмакҳоро ба Twitter, Facebook ва Instagram -и президенти Лаҳистон Анҷея Дуди, сарвазири кишвар Матеуша Мораветский ва муовини вазири ВУХ Павел Яблонкий фиристанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш президенти Русия Влаимир Путин ваъда дода буд, ки "даҳони таҳрифгарони таърихро мебандад".

Ӯ гуфт, мо маркази ҳуҷҷатҳои бойгониро ташкил хоҳем кард ва даҳони онҳоеро, ки ба хотири шӯҳрат ва ҳадафи вақтинаи сиёсии худ чунин мекунанд, бо маълумоти дақиқ мебандем.

Лентаи хабарҳо
0