Майк Помпео, котиби давлатии ИМА, акс аз бойгонӣ

Сафари Помпео ба Тошканд ва мулоқоташ бо вазири тоҷик

276
(Таҷдидшуда 15:21 27.01.2020)
Майк Помпео, котиби давлатии ИМА рӯзҳои охири январ ва аввалҳои моҳи феврал аз бархе кишварҳои собиқ шӯравӣ боздид карда, бо роҳбарону вазирони ин давлатҳо мулоқот анҷом медиҳад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Помпео рӯзҳои 30 январ то 4 феврал аз Украина, Белорус, Қазоқистон ва Узбакистон боздид хоҳад кард, хабар додаст сомонаи Департаменти давлатии ИМА.   

Котиби давлатии ИМА баъди боздид аз Киев, Минск ва Нурсултон рӯзҳои 2 ва 3 феврал дар Тошканд қарор хоҳад дошт. Ба иттилои мақомоти ИМА, Помпео бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон мулоқот хоҳад кард ва ҷонибдории кишварашро аз ислоҳоти охир дар Узбакистон баён хоҳад дошт.

Амрико ба ду намояндаи мақомоти Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳайвонҳои нодир мукофот дод

Дар доираи сафар ба Узбакистон инчунин мулоқоти Помпео бо вазирони хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар формати C5+1 баргузор хоҳад шуд, ки дар назар аст, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар он иштирок кунад.

276
Барчаспҳо:
Департаменти давлати ИМА, вазир, Сироҷиддин Аслов, мулоқот, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон-ИМА