Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Вучич - акс

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Сербия Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкории миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Сербия имзо гардид

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Рӯзи 30 январ дар Белград дар чорчӯби сафари расмӣ Президенти Сербия Александр Вучич вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.

© Министерство иностранных дел РТВстреча Мухриддина с Вучичом
Дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо Вучич - акс - Sputnik Тоҷикистон
Встреча Мухриддина с Вучичом

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон хабар медиҳад.

Президент Сербии Александр Вучич - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Сербия Александр Вучичро оҷилан ба беморхона интиқол доданд

Бино ба гузориши ин ниҳод дар мулоқот доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифтааст.

Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз, вазир бо раиси Шӯрои миллии  Сербия хонум Майи Гойкович ва вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардидааст.

Дар дидорҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Сербияро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Сербия имзо гардид.

Лентаи хабарҳо
0