Вазорати адлия: "Маркази фарҳангии Украина"-ро барҳам додем

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство юстиции РТ. Архивное фото
Министерство юстиции РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Суғд "Маркази фарҳангии Украина"-ро бо дархости Вазорати адлияи кишвар барҳам додааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, “Маркази фарҳангии Украина” –ро барҳам додаанд

 Муҳаммадбашир Раҳмонзода, масъули бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ  имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дода, гуфт:"Маркази фарҳангии Украина" бо сабаби муддати тулонӣ иҷро накардани талаботҳои қонунгузории Тоҷикистон баста шуда".

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон вазирони нави адлия ва муҳоҷиратро таъйин кард

Ба гуфти ҷаноби Раҳмонзода "Маркази фарҳангии Украина" ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд фаъолият дошт ва бо талаби вазорат ва қарори додгоҳ баста шуд.

Ҷаноби Раҳмонзода гуфт, кормандонашон чанд маротиба ба масъулини ташкилоти мазкур оид ба риояи қонунгузорӣ огоҳӣ супоридаанд.

Ба иттилои манбаъ, "Маркази фарҳангии Украина" аз ҷониби шаҳрвандони украинитабори Тоҷикистон таъсис дода шуда, муассиси он дар хориҷ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0