Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Муаллим ва иқтисодчӣ: Назаршозода Лоиқ - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа кист?

1131
(Таҷдидшуда 20:54 14.02.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Назаршозода Лоиқро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъа таъин кард

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Назаршозода Лоиқ аз 30 январи  соли 2019 дар мансаби сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Шарҳи ҳол

Назаршозода Лоиқ 29 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Роштқалъа ба дунё омадааст.

Миллаташ тоҷик ва таҳсилоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо истисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Оиладор.

Собиқаи корӣ

Солҳои 1989 – 1990 коргари совхози Октябри ноҳияи Роштқалъа.

Солҳои 1990 – 1992 хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, шаҳри Армавири ФР.

Солҳои 1992 – 1993 муаллими тайёри ҳарбии ибтидоии мактабӣ миёнаи № 81 ноҳияи Роштқалъа.

Солҳои 1993 – 1998 сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи Роштқалъа.

Солҳои 1999 – 2001 иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри Душанбе.

Солҳои 2009 – 2010 мутахассиси пешбари шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2010 – 2014 сармутахассиси шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2014-2015 сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2015-2019 муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 30 январи соли 2019 то имрӯз Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1131
Барчаспҳо:
Роштқалъа, раис, ВМКБ
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони меҳнат раф

Аҳмадзода ба аёдати се собиқадори меҳнат рафт ва ба онҳо маблағи пулӣ тақдим кард

281
(Таҷдидшуда 13:07 23.11.2020)
Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Норӣ Собирова

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо Норӣ Собирова таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумат ва мақомоти вилояти Суғд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Норӣ Собирова 82 сол дошта, тӯли беш аз 40 сол дар соҳаи истеҳсолот ҳамчун таъминотчӣ кор кардааст.

Мукаррамхон Бузрукова

Мукаррамхон Бузрукова, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз зумраи дигар нафари аёдатшуда дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Раиси вилояти Суғд зимни суҳбат, аз хизматҳои Мукаррамхон Бузрукова ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти ҷомеа бахусус таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намудаааст.

Мукаррамхон Бузрукова соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ тӯли беш аз 50 сол дар соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам мебошад.

Назрулло Ёқубов

Инчунин дар ин рӯз раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат, сокини дигари шаҳри Хуҷанд Нарзулло Ёқубовро мавриди таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор додааст.

Нарзулло Ёқубов соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, зиёда аз 40 соли ҳаёти худро баҳри рушди соҳаи саноат пеш аз ҳама дӯзандагӣ бахшидааст.

Ёқубов аз ҷумла дар фабрикаи дӯзандагии рақами дуюми шаҳри Хуҷанд ва мақомоти вилояти Суғд кору фаъолият намудааст. Айни замон ӯ соҳиби 4 фарзанд ва набераю абера мебошад.

Ҳамаи собиқадорони меҳнат барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори миннатдорӣ намудаанд.

281
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, аёдати собиқадорон, Суғд

Путин шарҳ дод, ки чаро то ҳол Ҷо Байденро табрик накардааст

709
(Таҷдидшуда 12:42 23.11.2020)
Раҳбари Русия гуфт, ки бо ҳар нафаре кор хоҳад кард, ки мардуми Амрико ба он эътимод дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Русия интизори поён ёфтани муқовимати дохилии сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳида аст, ҳеҷ далели табрик накардани Маскав ба нафари пирӯз дар интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳида вуҷуд надорад, гуфт президенти Русия Владимир Путин. Дар ин бора РИА Новости хабар додааст.

"Мехоҳам ба шуморо итминон диҳам, ки дар ин ҷо замина вуҷуд надорад - на ин ки касе писанд аст, касе писанд нест, мо танҳо интизори анҷоми муқовимати сиёсии дохилӣ ҳастем",- гуфт Путин дар барномаи "Москва. Кремль. Путин"-и шабакаи телевизионии "Россия" зимни гуфтугӯ дар бораи табрикоти ғолиби интихоботи президентии ИМА.

"Мо ҳамаро эҳтиром мекунем: ҳам президенти феълӣ Трамп ва ҳам номзад ба ин мақом ҷаноби Байденро",- гуфт президент.

"Аз ин рӯ, дар ин ҷо ҳеҷ мушкиле барои мо вуҷуд надорад. Хуб, корҳои сирф расмӣ бояд тибқи амалияи муқарраршуда ва ҷониби қонунии масъала анҷом дода шаванд. Дар ин ҷо ягон ғарази пинҳонӣ вуҷуд надорад ва ҳеҷ чизи ғайриоддӣ нахоҳад буд ё метавонад боиси вайроншавии минбаъдаи муносибатҳои мо гардад. Ин як ҷанбаи сирф расмии масъала аст",- гуфт Путин.

"Мо бо ҳар нафаре кор хоҳем кард, ки мардуми Амрико ба онҳо эътимод дошта бошанд", - афзуд президент.

Ёдовар мешавем, қаблан котиби матбуотии сарвари давлати Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфта буд, ки Путин президенти тозаинтихоби Амрикоро пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихобот табрик хоҳад кард.

Рекорди Ҷо Байден дар интихоботҳои президентии ИМА: ӯ гуфт чаро президент шуд

Дар интихоботи гузашта Ҷо Байден, намоянда аз демократҳои Амрико бо дарёфти 273 раъйи ҳайати интихоботӣ ҳарифаш президенти феълӣ Доналд Трампро шикаст дод.

Гапаш ҳасту кораш нест: пирӯзии Байден ба Тоҷикистон чӣ асар хоҳад дошт?

Аммо кобинаи Доналд Трамп пирӯзии Байденро қабул надорад ва бар он назар аст, ки дар интихобот тақаллуб сурат гирифтааст.

709
Барчаспҳо:
президент, интихобот, ИМА, Путин, Русия
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон