Эмомалӣ Раҳмон овоз дод: Котибот гуфт, ба ҷонибдории номзади арзанда

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз 1-уми март, дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок кард

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Раисиҷумҳур ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои овоздиҳӣ рафт, хабар дод дафтари матбуот.

Выборы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси талаботи қонунгузории мамлакат дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба ҷонибдории номзад ва ҳизби сиёсии арзанда ба хотири пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз дод.

Инчунин зикр шудааст, ки дар участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳамагӣ 1260 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 119 нафарашон бори аввал овоз медиҳанд.

Дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи интихоботии №15 дар ҳудуди он ҷойгир аст, чун дигар сокинони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуда, овоз доданд, навиштааст котиботи раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0