Путин гунаҳкорони асосии пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро гуфт

1348
(Таҷдидшуда 13:40 03.03.2020)
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Иттиҳоди Шӯравиро киҳо ва чигуна нобуд карданд. Вай афзуд, ки инқилобчиҳо дер намепоянд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Инқилобчиён дер дар сари қудрат намемонанд, гуфт дар мусоҳиба бо ТАСС раисҷумҳури Русия Владимир Путин.

"Ҳангоми инқилоб нафароне, ки ҳукумати пештараро вожгун кардаанд, худашон низ одатан дер дар сари ҳукумат намемонанд. Борояшон ҳукумате, ки бо ҷидду ҷаҳд сохта буданд, хело зуд манфур мешавад", - гуфтааст Путин.

Президенти Русия афзуд, ки болшевикҳо аз ин қавонини нонавишта истисно буданд.

"Болшевикҳо пас аз таҳаввулоти сиёсии Октябр дертар сари қудрат монаданд. Сипас худашон пош хӯрданд ва кишварро ҳам аз паси худ бурданд, - таъкид мекунад Путин.

Президент пештар ҳам як сабаби дигари пошхӯрии иттиҳодро тавзеҳ дода, онро ба бесамарии сиёсати иқтисодӣ рабт дода буд.

СССР ҳамчун давлат аз соли 1991 аз харитаи ҷаҳон маҳв шуд.

Ато Мирхоҷа: "СССР барҳам хурд, аммо Нуқраи хушовоз асрҳо мемонад"

1348
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

246
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

246
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент Ҳукумати Тоҷикистонро ба истеъфо равон кард

1394
(Таҷдидшуда 20:18 30.10.2020)
Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кунунии кишвар ба истеъфо равон карда шуд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бо имзо як фармон имрӯз, Ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба истеъфо равон кард.

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазир, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ то таъини аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро намояд", - омадааст дар фармони президент.

Навори пурраи маросими савгандёдкунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ин фармон мутобиқи моддаи 74 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" имзо шудааст.

1394
Барчаспҳо:
Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, истеъфо