Путин гуфт, президент шуданашро ҳукми сарнавишт медонад

452
Ба раисҷумҳур дар бораи муносибати худаш нисбат ба президентиаш суол доданд, ки ӯ дар посух гуфт, президент шуданаш ҳукми тақдир буд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки президентиро на чун касбу кор, балки чун ҳукми тақдир медонад.

"Ҳар нафаре, ки дар ҷои ман бошад, боварӣ дорам, президентиро на ҳамчун кор, балки чун сарнавишт қабул мекунад. Ман ҳам чунин мешуморам", - гуфтааст вай дар мулоқот бо намоядагони ҷамъият дар шаҳри Иваново.

Путин иқрор шудааст, ки ба вай касбаш маъқул аст.

"Аммо барои нигоҳ доштани ваколатҳои худ, рафтан дар ҳукумат бо нақшаи худ, ки номақбул аст ва ё кишварро тахриб мекунад  ҳарос дорам", - таъкид кард президенти Русия. 

Хоксории Путин: сарпӯши афсари Фаластинро аз замин бардошта ба сараш пӯшонд

 

Пештар котиби раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфта буд, ки доим фикри Владимир Путин бо кор банд аст.

452
Барчаспҳо:
Президент, Владимир Путин