Путин зидди тамдиди мӯҳлати президентиаш баромад

419
(Таҷдидшуда 20:27 10.03.2020)
Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки тағйирот ба Сарқонун барои мӯҳлати дурудароз ворид карда мешавад, барои ҳамин шаҳрвандони Русия бояд кафолати ивазшавии Ҳукуматро дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зидди тамдиди ваколатҳояш баромад, зеро он шаҳрвандони кишварро аз ҳуқуқи интихоб маҳрум мекунад.

Вай таъкид намуд, ки шаҳрвандони Русия дар ҳама гуна интихобот бояд имкони интихоб карданро дошта бошанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, тағйирот ба сарқонун барои мӯҳлати дурудароз ворид карда мешавад ва барои ҳамин шаҳрвандон бояд кафолати ивазшавии ҳукуматро дошта бошанд.

"Боварӣ дорам, замоне меояд, ки ҳукумати болоии президентии Русия, аз як кас вобаста намешавад", - гуфтааст роҳбари давлат.

"Айни замон, Путин таъкид кард, ки Русия феълан омодаи қабули шакли идоракунии парламетӣ нест.

"Барои ҳамин кишвар ба шакли идоракунии президентии қавие ниёз дорад, - афзуд ӯ.

Путин гуфт, президент шуданашро ҳукми сарнавишт медонад

Путин ҳамчунин интихоботи пешазмӯҳлатро ба Думаи давлатии Русия напазируфтааст. Ӯ таъкид кардааст, ки кишвар ниёз бар он надорад.

Ёдрас мешавем, имрӯз дар Русия вакиле аз ҳизби "Русияи воҳид" Валентина Терешкова пешниҳод кард, ки маҳдудияти шумораи иштирок дар интихоботи президентӣ бардошта шавад ва ин ба Сарқонун ворид гардад.

Ӯ аз вакилон дархост кард, ки пешниҳодашро қабул кунанд.

419
Барчаспҳо:
Русия, сарқонун, интихобот, Владимир Путин