Интихоботи такрорӣ дар бархе ҳавзаҳои ВМКБ

CC BY-SA 4.0 / Корвин Нижегородов / Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интихоботи рӯзи 1-уми март на ҳамаи ғолибони ҳавзаҳо ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро муайян кардааст ва дар назар аст, интихоботи такрорӣ баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 13 март – Sputnik. Мамадкарим Назиров, раиси комиссияи вилоятӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, изҳор дошт, ки дар 66 ҳавзаи интихоботӣ 127 нафар номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардид.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд

Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, феълан  64 вакил аз шаҳру ноҳияҳои вилоят муайян гардиданд, чун дар пайи ҷамъбасти овозҳо дар ҳавзаи интихоботии Кулев №31 ва Шидз №14 интихоботи такрорӣ баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ афзуд, дар нахустин ҷаласаашон вакилони тозаинтихоби ВМКБ номзадии Файзов Ёдгор Доёрович вакил аз ҳавзаии интихоботии Ранкул № 66-и ноҳияи Мурғобро ба мақоми раиси маҷлис тасдиқ кардаанд. Зимни ҷаласа Мамадкарим Назиров шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагиро ба вакили мардумӣ, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намудаст.

Аз шумораи умумии вакилони маҷлиси вилоятии ВМКБ 22 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар пайи интихоботи ахир шумораи занон дар мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси намояндагон ба 24 фоиз расид.  Бар асоси иттилои аввалия, аз 63 курсии вакилӣ дар парлумон 15 ададашонро занон соҳиб гардиданд.

Теъдоди занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5, вилоятҳои Хатлон 34,8, Суғд 33,3, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 29,4 фоиз расид.

Лентаи хабарҳо
0