Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Даъвати ВУХ Тоҷикистон аз ИМА: аз интишори маълумоти беасос худдорӣ намоед

334
(Таҷдидшуда 09:30 14.03.2020)
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузориши ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи инсон изҳорот нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Ин ниҳод гуфтааст, ки "дар гузориши Департаменти ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад". 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  ҷиҳати баррасӣ ва арзёбии риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон абзорҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи инсон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ инсон фаъолият доранд, ки ба онҳо ваколати арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон вогузор шудааст.

"Бояд гуфт, ки дар гузориши Департаменти ИМА таҳлили воқеъбинонаи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дида нашуда, он бештар оҳанги сиёсӣ дорад. Гузашта аз ин, муаллифони санад асосан ба манбаъҳои манфиатдор такя намуданд, ки ин омил саҳеҳ будани маълумоти нашршударо зери шубҳа мегузорад".

Ин ниҳод мегӯяд, дар санад такрори матнҳои гузоришҳои қаблӣ, маълумоти носанҷида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба мушоҳида шуда, таҳиякунандагони гузориш ба ҷанбаҳои сершумори масъалаи мавриди баррасӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накарда, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишварро асосан манфӣ арзёбӣ намудаанд.

ВУХ изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар санади мазкур саъю талошҳои кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъмини амният ва пойдории сулҳу субот, ки бидуни он таъмини ҳуқуқи инсон ғайриимкон мебошад, бозтоб наёфтаанд.

"Чунин гузоришҳо ҳар сол аз ҷониби Департаменти давлатӣ ба нашр расида, санади сирфан дохилӣ мебошанд. Ин гуна бархӯрд ҷавобгӯ ба сатҳи муносибатҳои дӯстона ва шарокати ду кишвар намебошад. Гузашта аз ин, кӯшишҳои мазкур ба принсипҳои муқаррарнамудаи Оинномаи СММ, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрии кишварҳо ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишварҳои дигар мухолифат мекунанд",-омадааст дар изҳорот.

Вазорат таъкид кардааст, ки Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аксари паймонҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар чаҳорчӯби он санадҳо мунтазам иҷро менамояд. Қонунгузории соҳавӣ тадриҷан такмил ёфта, Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, дафтарҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шудаанд ва бомуваффақият фаъолият доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон абзорҳои миллии арзёбии вазъи ҳуқуқи инсонро, ки бархе кишварҳои ҷаҳон якҷониба ва ба манзури таъсир расонидан ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои дигар ҳадафмандона ба кор мебаранд, ғайри қобили қабул ва мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мешуморад.

"Аз Департаменти давлатии ИМА даъват мешавад, ки аз интишори маълумоти носанҷида ва беасос, ки ба вазъи воқеии волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рабт надорад, худдорӣ намояд.

Тоҷикистон ба идома додани муколамаи ошкоро ва созанда бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ИМА дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ҳамеша омода аст", - омадааст дар изҳорот.

334
Барчаспҳо:
изҳорот, ИМА, Тоҷикистон, ВУХ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Раҳмон гуфт, дар интихобот ба ӯ аксарият занон овоз додаанд

329
(Таҷдидшуда 14:12 27.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар бораи интихоботи гузаштаи парлумонию президентӣ гуфта, таъкид намуд, ки ба ҷонибдорияш аксарият занон овоз додаанд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо иштироки фаъолонаи халқ соли гузашта ду чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ, якум – интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дуюм – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш таъкид намуд, ки ин ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ баргузор гардиданд.

Раҳмон илова намуд, ки дар интихоботи президенти Тоҷикистон, аксарияти занону бонувони тоҷик, онҳое, ки ҳаққи овоздиҳӣ доранд, ба ҷонибдории раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон овоз доданд.

Ӯ  бо изҳори миннатдорӣ афзуд, ки то вақте ҳастам, ҳамин сиёсати худро дар мавриди дастгирии занону бонувон идома медиҳам ва шумо содиқона хизмат кунед.

Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дод, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030” ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

329
Барчаспҳо:
президент, интихобот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент РФ Владимир Путин, архивное фото

Нахустин гуфтугӯи телефонии Путин бо Байден: сарони кишварҳои қудратманд аз чӣ гуфтанд?

445
(Таҷдидшуда 12:42 27.01.2021)
Шоми гузашта, 26 январ, нахустин гуфтугӯи телефонӣ байни президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Амрико Ҷозеф Байден сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Хадамоти матбуоти Кремл хабар дод, ки Владимир Путин аввалин гуфтугӯи телефонии худро бо президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат роҳбари Федератсияи Русия ҳамтояшро бо оғози кор табрик гуфт.

Қайд карда мешавад, ки роҳбарон масъалаҳои мубрами дуҷониба ва байналмилалиро муҳокима карданд.

"Имкониятҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин мушкилоти шадид, ба монанди пандемияи коронавирус, инчунин дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ карда шуданд", - гуфт хадамоти матбуот.

Дар сӯҳбат Путин гуфтааст, ки "ба эътидол омадани муносибатҳои Русия ва ИМА ба манфиатҳои ҳарду кишвар хоҳад буд". Ба ақидаи ӯ, ин ба амният ва субот дар ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.

Инчунин, роҳбарони Русия ва Амрико аз табодули ёддоштҳои дипломатӣ дар бораи тамдиди созишнома дар бораи чораҳои минбаъд кам ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум, "изҳори қаноатмандӣ" карданд.

"Миёни мавзӯъҳои байналмилалӣ хуруҷи якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида аз Паймони фазои кушод, мушкилоти ҳифзи Нақшаи ҳамаҷонибаи амали барномаи ҳастаии Эрон, ҳалли масоили дохилии Украина ва инчунин ташаббуси Русия дар бораи баргузории як ҳамоиш аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ буд",-илова кардааст, дафтари матбуотии Путин.

Мушовири Байден аз нақшаи музокира бо Русия гуфт

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ, сӯҳбат корӣ ва самимона сурат гирифт.

Пас аз сӯҳбат котиби матбуотии сарвари давлати Русия Дмитрий Песков гуфт, ки масъалаи мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден ҳанӯз дар рӯзнома нест, заминаҳои робитаҳо бояд пухта расанд.

445
Президент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума Давосская повестка дня 2021

Путин ҷаҳонро аз поёни тамаддун ҳушдор дод

0
(Таҷдидшуда 17:24 27.01.2021)
Президенти Русия Владимир Путин ҷаҳонро аз рушди муноқишаи ҷаҳонӣ дар дунё ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳори умедворӣ кард, ки муноқишаи ҷаҳонӣ дар ҷаҳони муосир ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи сарвари давлат, чунин вазъ боиси поёнёбии тамаддун мегардад.

"Тавре ки шумо медонед, нотавонӣ ва хоҳиши ҳалли чунин мушкилот аслан дар асри ХХ ба фалокати Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ табдил ёфт. Албатта, ҳоло чунин як муноқишаи ҷаҳонӣ, гарм, умедворам, усулан ғайриимкон аст. Умедворам ҳамин тавр аст. Ин маънои поёни тамаддунро дошт",-гуфт Путин.

Путин зимни суханронӣ дар Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ҷаҳон заифшавии институтҳои байналмилалиро аз сар мегузаронад, муноқишаҳои минтақавӣ зиёд мешаванд ва системаи амнияти ҷаҳонӣ паст мешавад.

Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз 1 сентябри 1939 то 2 сентябри 1945 давом кард. Ин низоъ бузургтарин муноқишаи мусаллаҳона дар таърихи башарият гардид, аз 73 давлати дар он замон мавҷудбуда 62 давлат (80% аҳолии кураи замин) дар он иштирок карданд.

Суханронии Путин дар форуми Давос: пахши мустақим

Амалиёти ҷангӣ дар Аврупо, Осиё ва Африка ва дар обҳои тамоми уқёнусҳо гузаронида мешуд. Ин ягона ҷангест, ки дар он силоҳи ҳастаӣ истифода шудааст.

0
Барчаспҳо:
муноқиша, Ҷаҳон, ҳушдор, суханронӣ, Владимир Путин