Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси нави Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд

1303
(Таҷдидшуда 14:08 17.03.2020)
Собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Маҳмадтоҳир Зокирзода раиси нави Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳамакнун тӯли панҷ соли оянда ин маҷлисро роҳбарӣ хоҳад кард.

Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон гуфт, дар ҷаласаи навбатии палатаи понии парлумони кишвар, ки имрӯз доир гаш,  Маҳмадтоир Зокирзода, намояндаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон раиси нави Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб гардид.

Нобурда гуфт, ҳамчунин имрӯз ба ҳайси муовинони раис Маҳмадалӣ Ватанзода, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ интихоб гардиданд.

Курсии раҳбариии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро тули панҷ соли гузашта, дар ихтиёри Шукурҷон Зуҳуров буд.

Зокирзода дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март аз ҳавзаи интихоботии Рашт ба порлумон роҳ ёфт.

Маҳмадтоҳир Зокирзода пештар дар мақоми муовини нахуствазир буд ва қабл аз он дар мақоми раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ кор мекард.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, ки иборат аз 63 курсӣ аст, снаи якуми март барои соҳиб шудан ба ин курсиҳо 230 номзад вориди рақобатҳои интихоботӣ шуда буданд.

© Sputnik
Интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1303
Барчаспҳо:
Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон