Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

Жээнбеков ба Раҳмон: "кӯшишҳои мо ба ҳамкории ду давлат такони муассир хоҳанд бахшид"

285
(Таҷдидшуда 11:52 24.03.2020)
Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Сооронбой Жээнбеков дар номааш аз рушди минбаъдаи муносиботи миёни Қирғизистону Тоҷикистон гуфтааст.

Трамп ба Раҳмон: "шумо дар таъмини сулҳ дар Афғонистон нақши муҳим доред"

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар номаи Сооронбой Жээнбеков аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Аз номи халқи Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни баҳории Наврӯз аз самими қалб муборакбод мегӯям!"

Рӯҳонӣ ба Раҳмон: "бояд ҳамдигарро ёрӣ кунем, то бар вируси муҳоҷим ғалаба кунем"

Президенти Қирғизистон аз аҳамаияти бузурги залқи тоҷику қирғиз ба таҷлил Наврӯз ёдоварӣ шуда, изҳори умедворӣ кардааст, ки ин ҷашн ба мардумони ду кишвар накӯӣ ва шукуфоӣ оварад.

"Итминони комил дорам, ки саъю кӯшишҳои мо барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон ба густариши ояндаи ҳамкории  судманди ду давлат такони муассир хоҳанд бахшид", - омадааст дар нома.

Ҳамчунин Жээнбеков ба Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатӣ муваффақиятҳо, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

285
Барчаспҳо:
Наврӯз, номаи шодбошӣ, Сооронбой Жээнбеков, Тоҷикистон, Қирғизистон
Заместитель министра обороны РФ Анатолий Антонов. Архивное фото

Посухи сафири Русия ба изҳороти ИМА бобати мушаки фаросавтӣ дар Аврупо

101
(Таҷдидшуда 15:15 29.10.2020)
Сафири Федератсияи Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов аз сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дипломат ба изҳороти мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О'Брайен, ки рӯзи чаҳоршанбе омодагии Вашингтон барои дар қаламрави Аврупо ҷойгир кардани силоҳи фаросавтӣ ва мушакҳои баллистикиро эълон кард, чунин посух дод.

"Чунин ниятҳо хатари барҳам задани амнияти минтақавию ҷаҳониро дар бар дошта, боиси шиддати мухолифатҳо мегарданд. Агар Вашингтон воқеан ҳавасманди "назорати амалии аслиҳа" мебошад, барои ин зарур нест, сабқати мусаллаҳсозӣ бо мушакҳо дар қитъаи Аврупо шиддат бахшида шавад", - изҳор дошт Антонов зимни шарҳаш, ки сафорат дар саҳифааш дар фейсбук нашр кардааст.

Антонов пешниҳоди кишвардори Русия Владимир Путинро бобати кам кардани шиддат дар шароити қатъи Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвозро "алтернативаи созанда" хонд. 

"Русия омода аст дар ҳамдастӣ бо шарикони хориҷӣ, ба сабқати силоҳи мушакӣ дар Аврупо ва дигар кишварҳои ҷаҳон, хотима гузорад", - изҳор дошт Антонов.

Шартнома дар бораи рафъи мушакҳои миёнапарвоз ва кӯтоҳпарвоз ба таъмини суботи стратегии ҷаҳон равона гардида буд. Моҳи августи соли 2019 Амрико аз ин созишнома берун омад. ИМА Русияро дар нақзи созишнома, аз ҷумла озмоиши мушаки манъшудаи 9М729 муттаҳам намуд. Аммо Маскав исрор варзид, ки мушаки онҳо на дуртар аз 500 киломметр озмоиш шуд.

Ба қаламрави мо мушак напартоед: Ҳушдори дигарбораи Эрон ба Озарбойҷону Арманистон

Зимнан, ҳафтаи равон Владимир Путин пешниҳод намуд, ки механизми ҷилавгирӣ аз сабқати мушакӣ таҳия шавад.

Раҳбари Русия гуфт, ки Маскав омода аст мушакҳои 9М729-ро дар қисмати аврупоии кишвар ҷойгир накунад, аммо ба шарте, ки НАТО низ аз чунин иқдом кор бигирад. Вай инчунин пешниҳод кард, ки НАТО маҷмӯаҳои Aegis Ashore бо партобгоҳҳои Mk-41 дар  Аврупо ва 9M729 дар иншооти Калининградро мавриди санҷиш қарор диҳад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Олмон Андреа Сассе посух дод, ки ин ташаббус "сазовори эътимод нест".

101
Барчаспҳо:
Аврупо, Амрико, мушак, Анатолий Антонов, Русия
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

2236
(Таҷдидшуда 13:27 29.10.2020)
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров дар Telegram-аи худ пас аз изҳороташ дар бораи карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) муроҷиати худро ба президенти Фаронса Эммануэл Макрон шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Қодиров қаблан раҳбари Фаронсаро барои суханронӣ ба ҳимоят аз карикатураҳои пайғамбар маҳкум кард.

Вай Макронро дар пуштибонӣ аз иғво айбдор кард ва илова кард, ки президенти Фаронса "пинҳонкорона мусулмононро ба ҷиноят даъват мекунад".

Қодиров аз Макрон даъват кард, ки ҳамлаҳо ва иғвоҳои мазҳабиро "пеш аз дер шуданаш" боздорад.

Бо шарҳи ин навиштаҳои Қодиров котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, ки сарони субъектҳо ба сиёсати хориҷӣ машғул нестанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Дар навиштааш Қодиров таъкид кардааст, ки ба президенти Фаронса на ҳамчун сиёсатмадор, балки ҳамчун як мусалмон муроҷиат кард ва илова кард, ки омода аст суханони худро такрор кунад.

Вай таъкид кардааст, чун шахс, ки дини худро дӯст медорад ва эътиқоди онро қатъиян риоя мекунад, чунин ҳуқуқ дорад.

"Барои ин андеша, агар лозим ояд, ман омодаам аз вазифаам истеъфо диҳам, азоб кашам ё ҷон диҳам! Аммо хомӯш истода тамошо кардан, ки динро тамасхур мекунанд, ман наметавонам ва нахоҳам кард!" - таъкид кард сарвари Чеченистон.

Ёдовар  мешавем, қаблан Макрон зимни суханронии васеъ оид ба мубориза бо ҷудоихоҳии мазҳабӣ дар Фаронса эълом дошт, ки лоиҳаи қонуни марбута ба таҳкими арзишҳои ҷумҳуриявӣ рӯзи 9 декабр пешниҳод хоҳад шуд.

Вай зарурати "озод кардани ислом дар Фаронсаро аз таъсири хориҷӣ" ва шадидтар кардани назорат аз болои маблағгузории масҷидҳо эълом кард.

Сабаби суханронии Макрон куштори муаллими таърих Самуил Пати буд, ки карикатураҳои Пайғамбар Муҳаммадро нишон додаву нишонаи озодӣ хонда буд.

Қаблан президенти Фаронса зимни шарҳи нашри нави карикатураҳои маҷаллаи ҳаҷвии Charlie Hebdo дар моҳи сентябр гуфта буд, ки дар кишвар "озодии куфр" вуҷуд дорад.

Пас аз куштори муаллим, Макрон таъкид кард, ки Фаронса аз нашри карикатураҳо даст намекашад.

2236
Барчаспҳо:
Чеченистон, Дмитрий Песков, Эммануэл Макрон, Ислом, дин, Рамзан Қодиров
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:40 29.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

Главный инфекционист Таджикистана: если вторая волна будет, резервы у нас готовы
“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон