Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Машварати кории президент дар Суғд: аз гузориши Аҳмадзода то раисони шаҳру ноҳия

204
(Таҷдидшуда 10:56 26.03.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи гузашта дар поёни сафари расимияш ба вилояти Суғд бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятро дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва иҷрои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок таъмин шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар соли 2019 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти вилоят ба 20 миллиарду 500 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки 26,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.

Раҳбари давлат гуфтааст, сатҳи камбизоатӣ дар вилоят назар ба соли 2018-ум 0,5 банди фоиз коҳиш ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардидааст.

Президенти кишвар ҳамчунни вазъи сармоягузории мустақими хориҷиро дар вилоят баррасӣ карда гуфт беш аз 70 фоизи танҳо ба шаҳри Гулистон рост омада, дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Истиқлол, Истаравшан ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Мастчоҳ ва Деваштич сармояи хориҷӣ умуман ҷалб нашудааст.

Дар ҷараёни машварати корӣ президент ба вазорату кумитаҳои дахлдор дастур дод, ки корҳои назоратиро ҷиҳати сари вақт амалӣ гардидани лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои металлургӣ аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ, ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани замин ва ба расмият даровардани онҳо пурзӯр намоянд.

Дар охир сарвари давлат барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ва инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ба роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.

Дар кори машварат ба Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар соли 2019 ва ду моҳи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони яқ қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳисобот додаанд.

Таъкид гардидааст, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тибқи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 4000 биноҳои навбунёд ба истифода супорида шуда, корҳо дар иншоотҳои дигари ҷашнӣ идома дорад.

204
Барчаспҳо:
Суғд, Эмомалӣ Раҳмон, президент
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

729
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

729
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Рахматилло Зойиров, архивное фото

Шарҳи Вазорат: кӣ рӯйхати аъзои ҲСДТ-ро ба милиса додаст?

284
(Таҷдидшуда 16:20 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон аз фишору таъқиби аъзои Ҳизби сотсиал-демократи ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ карда, афзуд, ки рӯйхати аъзои ин ҳизбро ба ягон ниҳоди дигар пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, рӯйхате, ки ҲСДТ пешниҳод мекунад, танҳо барои истифодаи дохили вазорат нигоҳ дошта мешавад.

Ӯ таъкид намуд, ки ин рӯйхатҳо ба ягони ниҳоди давлатии дигар пешниҳод намегарданд.

Ҳакимзода афзуд, ки ягон арзу шикоят ба мақомоти бақайдгиранда, Вазорати адлия дар бораи фишору таъқиби аъзои ҲСДТ ворид нагардидааст.

Ноиби вазири адлия таъкид намуд, ки бо ҲСДТ ҳамкорӣ доранду хуб мешуд, худи ҳизб маълум мекард, ки ин сарчашмаҳо то куҷо воқеият доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ аз таъқиби аъзоёни ҳизб дар навоҳӣ шикоят карда, афзуд, ҳисоботеро, ки дар бораи аъзои ҳизбаш ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти маъмури милисае дид.

Дар ин феҳраст ному насаб ва макони зисти аъзои ҳизб сабт шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, рӯйхатеро, ки аз аҳзоб мегирад, ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод намекунад.

284
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, ҲСДТ, Тоҷикистон
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

0
Вазорати энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, истеҳсоли нафт дар ин кишвар тайи нимсолаи аввал ҳудуди 8% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон дар кишвар чизе бештар аз 12 ҳазор тон нафт тавлид ёфтааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 810 тон зиёд аст.

“Тавозуни ҳарсола нишон медиҳад, ки истеҳсоли нафт сол ба сол афзойиш меёбад. Тавлидгарони нафти Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ ҳастанд, ки тибқи имконоти худ истеҳсолро ба роҳ мондаанд. Ҳоло мо бар инем, ки дар оянда сармояи хориҷиро ба ин соҳа ҷалб кунем. Вазорат дар ин самт кор мекунад, зеро соҳаи нафту газ як соҳаи маблағталаб аст. Сармоягузор дар ҷое, ки нафти кофӣ нест, сармоя намегузорад. Аммо ба ҳар ҳол ширкатҳое ҳастанд, ки омодаи ҳамкориянд. Умедворем, пас аз пандемия онҳоро низ ҷалб кунем”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар дар чуқурии 3 – 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ кашф шуда, теъдоди конҳо ба 20 адад дакка мехӯрад. Бино ба ин манбаъ, захираҳои нафт 2 миллион тон ва газ 3 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонии “Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар ҳавзаҳои ҷанубии Тоҷикистон ба омӯзиши захираҳо кор карданд.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.

“Он вазифае, ки пешашон гузошта шуда буд, иҷро карда, рафтанд. Дар соҳаи истихроҷи газ ҳоло пешрафти намоёне надорем, аммо бо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикӣ бо сармояҳои худ машғуланд”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Бино ба иттилои вазорати энерживу об, дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.

0
Барчаспҳо:
нафткаш, Тоҷикистон