Раҳмон дар бораи "облава": қонуншикании ҷиддист, ҳатто беморонро мебаранд

2751
(Таҷдидшуда 11:03 29.03.2020)
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ҷой доштани ба истилоҳ “облава”-ро тасдиқ карда, изҳор дошт, ки ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт карда, мебаранд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Назорати риояи қонун дар даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар соли 2019 нишон дод, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар ба иҳотагирӣ ё худ ба истилоҳ “облава” даст мезананд, изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар гузориш ба Маҷлиси миллӣ.

"Масъулини комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади пеш аз муҳлат иҷро кардани нақшаи даъват ба қонунвайронкунии ҷиддӣ роҳ дода, ба иҳотагирӣ даст зада, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, ҳатто беморонро ғайриқонунӣ боздошт ва ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд", - таъкид намуд додситони кулли Тоҷикистон.

Ба иттилои Юсуф Раҳмон соли сипаришуда 27  ҳодисаи фавти хизматчиёни ҳарбӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбати соли пешӣ 10 ҳолат зиёд мебошад.

“Аз ҷумла, дар натиҷаи одамкушӣ 2 (2) нафар, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ - 8 (0), бо сабаби беморӣ - 5 (2), худкушӣ - 9 (4), дар натиҷаи вайронкунии қоидаҳои муносибат бо силоҳ - 2 (2) ва ҳодисаҳои нохуш 1 (2) нафар ба ҳалокат расидаанд", - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли додситони кул.

Манбаъ таъкид кард, ки барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо 639 амр, 553 эътироз, 169 пешниҳод фиристонида шуда, дар натиҷа, 354 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Ғайр аз ин, 52 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, таъкид кард Юсуф Раҳмон.

Дар маҷмуъ ба иттилои ӯ, додситонҳо дар сохторҳои ҳарбӣ 501 ҷиноят ошкор намуданд, ки 134 адади он ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла 17 ҷинояти додан ва гирифтани пора мебошад.

2751
Барчаспҳо:
даъват, сарбоз, хидмати ҳарбӣ, Тоҷикистон
 Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Чаро раиси нави Бодканд ба Аҳмадзода занг зад

730
(Таҷдидшуда 10:04 07.03.2021)
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон равад

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Раиси тоза мансубшудаи вилояти Бодканд Омурбек Субҳоналиев бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Тавре "Парс тудей" менависад, Субҳоналиев ҳамчунин бо раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сӯҳбат кардааст.

Гуфта мешавад, ӯ дар тамоси телефонӣ бо руасои вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон авзо дар марзҳои муштараки ин се кишвари ҳамсояро баррасӣ кард.

"Омурбек Субҳоналиев дар тамоси телефонӣ бо Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ва Хайруллоҳ Бозоров раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар бораи зарурати ҳифзи оромиш ва амният дар манотиқи марзӣ баҳсу табодули назар кард.", - менависад манбаъ.

Ҳамчунин мавзӯи густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл ва транзит, об ва энергетика ва бозорчаҳои муштараки марзӣ аз дигар мавзӯоти ин тамоси телефонӣ буд. 

Раиси тоза мансуб шудаи вилояти Бодканд қаблан низ бар зарурати поён додани ба қочоқи сӯхт дар марз бо Тоҷикистон  таъкид карда буд  ва инак мақомоти Бишкек барои ҷилавгириӣ аз ин раванд ба минтақаи марзии Қирғизистон бо Тоҷикистон нерӯи низомӣ эъзом кардаанд, ки ин рӯйдод муҷиби афзоиши қиммат бензину гозоил дар Тоҷикистон шудааст. 

Аҳмадзода: оини ҳамсоядориро нигоҳ медорем, як ваҷаб заминро ноҳақ ба касе намедиҳем

Аз сӯи дигар Садир Ҷабборов раиси ҷумҳурии Қирғизистон ахиран эълон кардааст, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон дар бораи аломат гузории марзҳо ба Душанбе сафар хоҳад кард. 

730
Барчаспҳо:
марз, Ворух, Бодканд, Қирғизистон, Тоҷикистон
Флаг США

Демократия меомӯзонанд. ИМА усулҳои мудохиларо ёфт

191
(Таҷдидшуда 16:11 05.03.2021)
Амрикоиҳо дигар барои демократия мубориза нахоҳанд бурд. Вақт нишон дод, ки дахолат ва сарнагунии сарварони худкома бесамаранд

Душанбе 5 мар — Sputnik, Софья Мельничук. Вашингтон аз ин сабақ гирифт ва нақша дорад, ки ҷаҳонро аз худаш сар карда тағйир диҳад.

Замони нав - усулҳои ҷадид

Нахустин суханронии расмии котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Департаменти давлатӣ, гарчанде ки он дар як толори холӣ баргузор шуд, сару садоро ба вуҷуд овард. Дар тӯли ним соат сарвари дипломатияи Амрико самтҳои асосии сиёсати хориҷиро номбар кард, ки ба қарибӣ дар стратегияи амнияти миллӣ тасдиқ карда мешаванд.

Флаги с символикой Евросоюза у здания Еврокомиссии в Брюсселе.
© Sputnik / Алексей Витвицкий

Тақрибан ҳар чизе ки Блинкен гуфт, нав нест: ҳам ӯ ва ҳам президент Ҷо Байден дар моҳҳои охир инро на як бору ду бор ба такрор гуфтаанд. Аммо як чиз таваҷҷуҳро ҷалб кард.

"Равиши мо тағйир хоҳад ёфт, - изҳор дошт котиби давлатӣ". Мо демократияро тавассути дахолати гаронарзиши низомӣ ё кӯшиши сарнагун кардани режимҳои авторитарӣ бо зӯрӣ таблиғ намекунем.

"Чунин усулҳо, гарчанде бо нияти нек истифода мешуданд, ҳеҷ натиҷаи хуберо ба бор наоварданд, эътироф кард ӯ. Гузашта аз ин, калимаҳои "мусоидат ба демократия" тобиши манфӣ гирифтаанд ва ҳатто худи амрикоиҳо дигар ба онҳо бовар намекунанд.

Ҷаҳон тағйир ёфт ва дар шароити нав Вашингтон диққати худро аз таҳдиди терроризм ба мубориза бо қудратҳои рақиб табдил хоҳад дод.

Ривоҷ додани демократия, ки ҳамоно сиёсати хориҷии ИМА аст - бояд бо намунаи ибрат пешбарӣ карда шавад. "Дар акси ҳол, мо дар якҷоягӣ бо рақибоне чун Чин ва Русия бозӣ мекунем, ки аз ҳар як имконият истифода бурда, дар бораи пойбандии мо ба идеалҳо шубҳаҳо ба вуҷуд меоранд. Ҳоҷат нест, ки ин корро барояшон осонтар созем", - гуфт сиёсатмадор.

Мисоли наонқадар хуб

Соли гузашта барои кишвар душвор омад. Ҳамагирии коронавирус, ки дар муқоиса бо Ҷангҳои Якум, Дуввум ва Ветнам шумораи бештари амрикоиҳоро кушт, нобаробарии иҷтимоиро дар соҳаи тандурустӣ нишон дод. Ошӯбҳои нажодӣ бар асари бераҳмии полис ва куштори сиёҳпӯстон бори дигар мушкилоти нажодпарастиро дар ҷомеа нишон доданд.

Интихоботи президентӣ пурсарусадотарин дар даҳсолаҳои охир шуд. Доналд Трамп ҳанӯз ҳам даъво дорад, ки натиҷаҳо тақаллуб карда шудаанд. Ин ба ҳуҷуми воқеъӣ ба арзишҳои асосӣ оварда расонд: 6 январ ҳангоми тасдиқи овоздиҳӣ издиҳом ба бинои Капитолия ворид шуд.

Президенти нав Ҷо Байден бо зарурати фавран барқарор кардани ваҳдат дар дохили кишвар рӯ ба рӯ шуд, то пеш аз ҳама, ба худи амрикоиҳо исбот кунад, ки Иёлоти Муттаҳида то ҳол маҳаки  демократия аст.

"Ҳоло дар Иёлоти Муттаҳида мушкилоти калон мавҷуданд", -  гуфт Павел Кошкин, корманди калони илмии Пажӯҳишгоҳи Иёлоти Муттаҳида ва Канада, дар мусоҳиба бо РИА Новости.

"Онҳо барои сафарбар кардани интихобкунандагон ба воситаи риторикӣ ниёз доранд, онҳо бояд нишон диҳанд, ки мо қодирем вазъи кишварро ба эътидол орем".

Кошкин бовар дорад, ки изҳороти Блинкен то андозае ба дохил равона карда шудааст. "Ба тартиб даровардани дар дигар давлатҳо, як навъ ҳавасмандӣ аст: бояд аз худ оғоз кард", -  мегӯяд ӯ.

Рушд муқобили демократия

Маъмурияти Байден доимо таъкид мекунад, ки рақиби асосии стратегӣ Чин ва модели рушди он мебошад. Вашингтон маҳз тағйири онро мехоҳад.
Худи Пекин нақшаи тағйири низоми сиёсиро надорад, тавре ки раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфтааст. "Мо имкониятҳои сулҳро тавассути рушд пеш мебарем" гуфт ӯ.

Дар баъзе кишварҳо воқеан дархости воридоти унсурҳои алоҳидаи ҳукумати Чин мавҷуд аст, мегӯяд мушовири маркази Карнеги Маскав, синолог Темур Умаров. Мисол, давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки нуфузи Иёлоти Муттаҳида сол аз сол дар ин минтақа коҳиш меёбад.

"Ҳама давлатҳои минтақа мехоҳанд муваффақияти Чинро такрор кунанд: бидуни ислоҳоти демократӣ ба иқтисоди пешрафта табдил ёбанд",- гуфт Умаров. Дар айни замон, ҳар як худкома дар ҷаҳони муосир ба назар демократӣ менамояд. Бидуни ин, дар ҷаҳон ба таври муқаррарӣ вуҷуд доштан ғайриимкон аст.

Аз ин рӯ, дар суханронӣ ҳама дар Осиёи Марказӣ дар бораи ислоҳот ва ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, аммо дар асл Ғарбро намунаи ибрат намеҳисобанд. Агар қаблан ҳадди аққал як кишвар - Қирғизистон, ба истилоҳ, маркази демократия дар Осиёи Миёна - тарафдори Амрико буд, акнун ӯ низ тасмимашро дигар кард ва роҳи дигарро пеш гирифт, гуфт Темур Умаров мушовир дар маркази Карнегии Маскав.

Иёлоти Муттаҳида метавонист мавқеи худро дар минтақа тақвият диҳад, агар дар Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолтар бошад ба мисли Пекин. Бидуни ин ба идеология таъсири бузург ба даст овардан ғайриимкон аст, бовар дорад Умаров.

Пешини фаромӯшнашуда

Равиши маъмурияти нав идомаи он сиёсате ҳаст, ки Барак Обама оғоз кард. Доктринаи ба истилоҳ Обама коҳиши ҳузури низомии Амрикоро дар хориҷ дар назар дошт. Ҳатто пас аз он, демократҳо ба хулосае омаданд, ки усулҳои низомӣ чандон муассир нестанд ва демократия бояд на тавассути дахолат, ишғол ва сохтани давлат, балки тавассути қудрати нарм паҳн карда шавад.

Аммо, президенти 44-ум муваффақ нашуд: соли 2011 Иёлоти Муттаҳида ба нерӯҳои ҳукумати Либия зарбаҳои ҳавоӣ зад. Баъдтар Обама эътироф кард, ки қарор, албатта, дуруст буд, аммо Вашингтон ба оқибатҳои он омодагӣ надид. Либия ба бетартибӣ рӯ ба рӯ шуд - Обама онро бадтарин иштибоҳи раёсати худ номид.

Маъмурияти кунунӣ талоши ӯро идома хоҳад дод ва ба ҷуз аз дахолати мустақими низомӣ, ҳама усулҳоро истифода хоҳад кард, бовар дорад Дмитрий Суслов, муовини директори Маркази омӯзиши урупоӣ ва байналмилалии Мактаби олии иқтисодӣ.

"Таъкид ба сиёсати кумакҳои хориҷӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ мешавад, онҳо дар дастгирии инқилоби ранга фаъолтар хоҳанд шуд", - мегӯяд ӯ.

Ӯ бовар дорад, ки дар Сурия ИМА мустақиман бо режими Башор мубориза набурд, аммо ба нерӯҳои мухолиф кумак кард. "Ин як абзори қобили қабул боқӣ мемонад".

Ҳоло Вашингтон ҷонибдори мухолифон дар Русия, Белорус ва Венесуэла мебошад. Қаблан Иёлоти Муттаҳида алайҳи баъзе мақомоти Русия барои парвандаи Алексей Навалний таҳримот ҷорӣ карда буд. Светлана Тихановская бо сафири Амрико чораҳои маҳдудкунӣ нисбати президенти Белорус Александр Лукашенкоро баррасӣ кард.

Як рӯз пеш, Блинкен ба Хуан Гайдо, раҳбари мухолифини Венесуэла занг зад. Дар Чин ва Эрон ИМА ба созмонҳои ғайриҳукуматии ғарбӣ ва дигарандешон кумак мекунад.

Дар ҷое ин дастгирии яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, дар ҷое - иғвои бӯҳрони сиёсӣ.

Сиёсати иттилоотӣ, таблиғот, дипломатияи мардумӣ. Таҳримҳо инчунин як воситаи муҳими густариши демократия мебошанд: онҳо ба он элитаҳое, ки мехоҳанд халос шаванд, зарба мезананд. Аммо Ироқу Либияи нав - чунин амалиёт нахоҳад буд, мегӯяд Дмитрий Суслов муовини директори Маркази омӯзиши урупоӣ ва байналмилалӣ, Донишгоҳи Миллии Тадқиқоти Мактаби олии Иқтисоди Русия.

Таърих нишон медиҳад, ки демократияро танҳо бо намунаи шахсӣ роҳандозӣ кардан мушкил аст - аз ҷудо кардани пул барои лоиҳаҳои хориҷӣ мушкилтар аст. Пас дастгирии молиявии нерӯҳои дӯстона, зоҳиран, воситаи асосии Департаменти давлатӣ хоҳад шуд.

191
Барчаспҳо:
роҳи демократия, демократия, роҳ, Русия, ИМА
День 9 марта

Белорус истиқлолият ба даст овард: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 21:44 06.03.2021)
Рӯзи нуҳуми март Рӯзи байналмилалии дидҷей буда, дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар мебошад

Рӯзи 9 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Халқии Беларус эълон карда шуд.

Соли 1933 дар ИМА  стандарти тиллоӣ (тартиби пулӣ, дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло) бекор карда шуд.

Соли 1908 клуби футболи "Интернатсионал" (Милан) таъсис дода шуд.

Рӯзи 9 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

Соли  2011 дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии давраи интихобии Олимпиада – 2012 Тоҷикистон-Омон сурат гирифт.

Соли 2012 дар варзишгоҳи "Дашрат" -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи Футболи Осиё миёни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2015 дар шуъбаи Венагии СММ ҷаласаи 58-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид.

Соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон конфронси байналмилалии вазирон оид ба Афғонистон баррасӣ карда шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати "Металор" Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 9 март

  • Рӯзи байналмилалии дидҷей.
    Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

Рӯзи 9 март кӣ ба дунё омадааст

Ёрмаҳмад Аралов (1954)- киноактёр, наворбардор.

Темур Атахонов (1934)- адабиётшинос, профессор.

Абдувалӣ Бердиалиев (1939) - доктори илми филологӣ, профессор.

Нориниссо Бобоҷонова (1931 - 2009) - арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Надежда Буткевич (1908 - 1991) - арбоби фарҳангӣ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Юрий Касаткин (1925) - доктори илми ҳуқуқ, профессор.

Шавқат Маъруфов (1928) - журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Муҳаммадназари Муҳаммадзиё (1960)- нависанда.

Назрӣ Обидов (1937)- мутарҷим.

Аскар Одинаев (1931)- актёри театр.

Умрӣ Сироҷиддинова (1940) - доктори илми тиб, профессор.

Зубайдулло Шарифзода (1951) - нависанда.

Марҳабо Юсуфова (1940) - наттоқи радио, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Холиқназар Ҷумъаев (1969) - журналист.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон