Рогунская ГЭС

Музокироти Тоҷикистон ва Украина барои хариди 4 турбини нерӯгоҳи Роғун

310
(Таҷдидшуда 20:22 06.04.2020)
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз оғози музокирот бо Украина барои харидани чаҳор турбин барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ду турбини нахусти ин нерӯгоҳро корхонаҳои кишвари Украина тавлид ва ба Тоҷикистон ирсол карданд ва акнун мақомоти давлати Киев хостори вориди маблағи пешпардохт барои интиқоли чаҳор турбини боқимонда ҳастанд.

Ҳамакнун наҳваи пардохти маблағи турбинҳо, роҳи интиқоли ин чор турбин ва насби ин таҷҳизот дар нерӯгоҳи Роғун дар музокирот миёни мақомоти Тоҷикистон ва Украина дар ҳоли баррасӣ аст.

Манобеи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки қасд доранд дар солҳои 2025 ва 2026 чаҳор турбини боқимондаи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба баҳрабардорӣ расонанд.

Турбини нахусти нерӯгоҳи барқи обии Роғун 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид  ва турбини дуввуми он ҳам дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард.

Гуфта мешвад барои идомаи кори сохтусоз дар ин нерӯгоҳ имсол аз ҳисоби буҷаи ҳукумати Тоҷикистон 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ (муодили 205 миллион доллар) ихтисос меёбад.

Расулзода бо роҳбари "Салини Импреҷило" масъалаи "Роғун" - ро баррасӣ кард

Дар сурати баҳрабардорӣ аз 6 турбини нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти 600 мегабайт барқ дар сол, на танҳо мушкили камбуди барқ дар Тоҷикистон аз байн меравад, балки ин кишвар тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон пешбинӣ карданд, ки такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид.

310
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

941
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

941
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

1829
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

1829
Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Аз се беморхона дутоаш холӣ мешаванд: коҳиши шумораи гирифторони коронавирус дар Ваҳдат

0
Дар як беморхонаи шаҳри Ваҳдат шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси навъи нав боқӣ мемонанд

ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Шумораи сироятёфтагони ин вирус дар Ваҳдат ба маротиб коҳиш ёфта, беморхонаҳо ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд, гузориш медиҳад "Ховар".

Гуфта мешавад, гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Ширин Исматуллозода бо мақсади таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ба шаҳру навоҳӣ ба сафар баромада, нахуст ба Ваҳдат рафтаанд.

Дар доираи ин сафар имрӯз дар шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии  Ширин Исматуллозода ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он раиси шаҳр, сардухтур, роҳбарони марказҳои саломатӣ, маркази санитарӣ- эпидимиологӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

"То рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда аз се беморхонаи шаҳри Вахдат, ки барои қабули беморони COVID-19 пешбинӣ шуда буданд, дутоаш пурра холӣ шуда, ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд", - зикр гардидааст дар ин ҷаласа.

Гуфта мешавад, дар як беморхонаи ин шаҳр шумораи ками беморони сироятёфта аз ин вируси нав боқӣ мемонанд.

Дар Тоҷикистон то соати 17:20 дақиқаи 29 май 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд.

Даргузашти Каромат Шарипов аз сактаи қалб дар Ваҳдат

Шумораи фавтидагонро аз ин вирус Вазорат 47 нафар мегӯяд. Тоҷикистон аз бурузи коронавирус дар ҷумҳурӣ 30 апрел хабар дод.

0