Халтаи орд, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон гандум медиҳад: суҳбати Расулзода бо ҳамтои қазоқаш

1992
(Таҷдидшуда 20:11 07.04.2020)
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои қазоқаш Аскар Мамин масоили воридоти орду гандум ба Тоҷикистон ва содироти пиёзро ба Қазоқистон баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Аскар Мамин, сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст

Зимни суҳбат Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд, хабар додааст “Ховар”.

Сарвазирони ду кишвар масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани  маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили  гандум ва ордро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, суҳбати телефонӣ дар фазои ҳамгироии нек ва сиёсати бобарори сарони ҳарду давлат сурат гирифт.

Суҳбати сарвазирони ду кишвар барои воридоти орду гандум ва содироти пиёз дар ҳолест, ки қаблан Бохит Султонов, вазири тиҷорати Қазоқистон эълон намудааст, ки содироти бархе маҳсулот монанди гандум, орд, шакар, себзаминӣ ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври муваққат то 15 апрел мамнӯъ мешавад.

Қазоқистон яке аз содиркунандаи асосии гандуму орд дар минтақа ба шумор меравад, ки Тоҷикистон низ ҳамасола миқдори зиёди ин маҳсулотро ба кишвар ворид месозад.

 

1992
Барчаспҳо:
сарвазир, Тоҷикистон, Қазоқистон
Канцлер Германии Ангела Меркель и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Deutsche Welle: Тоҷикистон дигар ба дастгирии Олмон ниёз надорад

664
Олмон ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид мекунад, ки Тоҷикистон низ дар ин номгӯй шомил шудааст

ДУШАНБЕ, 6  июн — Sputnik. Олмон стратегияи сиёсати хориҷии худро таҷдиди назар карда, лоиҳаҳои муштаракро бо бисёр кишварҳои шарик, аз ҷумла Тоҷикистон, қатъ мекунад, хабар медиҳад Deutsche Welle.

Вазорати федерали ин кишвар ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шумораи шариконро аз 85 ба 60 кам мекунад.

Тибқи изҳороти расмии сардори департамент Герд Мюллер, баъзе кишварҳое, ки аз ҷониби вазорат шомил карда шудаанд, аллакай "чунон рушд кардаанд, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ надоранд".

 Дар дар дигар кишварщо, кӯмаки Олмон "дар пасманзари шарикони дигар" гум мешавад.

Ҳамзамон, вазорат итминон медиҳад, ки онҳо гуфтугӯро бо кишварҳо идома хоҳанд дод, аммо дар шакли нав ва лоиҳаҳои оғозкардаро то анҷом ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Ҳамин тариқ, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Олмон танҳо бо Узбакистон корашро идома хоҳад дод. Ҳамкорӣ бо Туркманистон ва Қазоқистон комилан қатъ шудааст ва кор бо Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо дар доираи созишномаҳои мавҷуда идома хоҳад ёфт.

Ғайр аз ин, қайд мешавад, ки лоиҳаҳои мавҷуда метавонанд тамдид карда шаванд.

Чунин қарори Вазорати молияи Олмон аз ҷониби вакилони Олмон интиқод шудааст.

Манфред Грунд, вакили парлумон ва роҳбари гурӯҳи парлумонии Бундестаг  “Олмон -Осиёи Марказӣ”, аз ин тасмим изҳори нигаронӣ карда, қайд кард, ки бисёр масъалаҳои минтақа танҳо дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон, бидуни дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, наметавонанд ҳалли худро ёбанд.

Ин вакили парлумон гуфтааст, бо рафтани Олмон аз ин минтақа замина барои воридшавӣ ба дигар кишварҳо аз ҷумла Чин пеш меорад

664
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

6444
(Таҷдидшуда 17:15 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

6444
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, сафар, Маскав, Эмомалӣ Раҳмон
Свеча

Мусибат дар хонаводаи Мӯъмин Қаноат: набераи 42 - солааш ҷаҳони фониро падруд гуфт

138
(Таҷдидшуда 23:48 06.06.2020)
Баҳрин нахустнабераи шоири зиндаёд Мӯъмин Қаноат дар синни 42 - солагӣ аз олам ҷашм пӯшид. Иллати марги ӯ маризии гурда арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хабари фавти бармаҳали Баҳрин - нахустнабераи Мӯъмин Қаноат шоири зиндаёдро адиби тоҷик Аҳмадшоҳи Комилзода дар сафҳаи Фейсбукии худ коридаст.

акс аз сафҳаи фейсбукии Комилзода Аҳмадшоҳ
Баҳрин нахустнабераи Мӯъмин Қаноат

Ба навишати Комилзода, набераи устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат ҳамагӣ 42 - сол умр дошта, бар асари бемории шадиди гурда, рӯзи 6 - уми июн аз олам чашм пӯшид. 

"Баҳрин ҷавони донишманд, донанда ва тарҷумони хуби се забон – порсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буд, ки бо ин се забон кору тарҷума мекард", - навиштааст Комилзода.

Хезед бобо Дарвоз мерем: арӯси хонаводаи Мӯъмин Қаноат аз вопасин суханҳои шоир нақл кард

Аз марҳум ду фарзанд Суруш ва Мумтоз, ки яке 15 - сола ва дувумӣ 13 - солаанд, ятим монданд.

Дӯстони Баҳрин, даргузашти ӯро ҳамчун шахсияти соҳибхираду соҳибғурур ва нафари ботамкин, як мусибати бузурги ҷуброннопазир арзёбӣ мекунанд.

138