Здание парламента Республики Таджикистан

Рӯзи баргузории нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълум шуд

415
(Таҷдидшуда 13:45 14.04.2020)
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik.  Рӯзи 17 апрел, соати 15:00 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Дар ин бора АМИТ "Ховар" бо истинод ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-16 апрели соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1 бинои Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот 23-57, 221-30-84 мебошанд",- омадааст дар иттилоя.

Эълони номи 25 узви нави Маҷлиси миллӣ: аз Рустам Эмомалӣ то Файзов, Аҳмадзода, Ҳакимзода

Рӯзи 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ  "Дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум" фармон имзо кард.

415
Барчаспҳо:
Душанбе, ҷаласа, Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Миллӣ
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

6308
(Таҷдидшуда 17:15 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

6308
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, сафар, Маскав, Эмомалӣ Раҳмон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1535
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1535
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт

Путин аз беҳбуд шудани вазъи коронавирус дар Русия хабар дод

0
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъияти феълӣ дар роибта ба авҷи маризии коронавирус, рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин мегӯяд, вазъият дар робита ба маризии коронавирус рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Сомонаи Кремл хабар медиҳад, ки Владимир Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия дар бораи вазъи феълӣ мулоқот баргузор намудаст.

Ба гуфтаи Путин, бо вуҷуди беҳтар шудани вазъ, назорат дар ҳар минтақа бояд пурзӯр карда шавад "ва дар сурати мушоҳида кардани тағйироти кӯчак дар робита ба авҷи коронавирус фавран бояд чораҷӯӣ кард".

232 бемор: фавти рекордӣ аз коронавирус дар Русия давоми як рӯз

Зимнан, раисҷумҳури Русия аз афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар манотиқи Забайкал шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар робита ба ин, Владимир Путин барои назорати вазъ дар ин манотиқ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои нав дод.

Бар  тибқи тозатарин маълумотҳо, дар Федератсияи Русия ба ҳолати 4 - уми июн 441 ҳазор дардмандони маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин маризӣ дар Русия 204 ҳазор бемор шифо ёфта, ҳамзамон 5384 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
маризон, вазъият, Владимир Путин, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон