Президент США Дональд Трамп и председатель КНР Си Цзиньпин в ходе встречи на саммите G20 в Осаке. 29 июня 2019

Трамп: Чин барои коронавирус "ҷавоб" хоҳад дод

2246
(Таҷдидшуда 16:16 19.04.2020)
Агар маълум шавад, ки Пекин "дидаю дониста" маълумоти марбут ба коронавирусро пинҳон кардааст, Чин "ба ҷавобгарӣ кашида мешавад".

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Доналд Трамп, президенти ИМА ин нуктаро зимни як брифинг дар Кохи Сафед изҳор карда гуфт,  чизҳои аҷиб рух додаистодаанд, аммо дар ин самт тадқиқотҳои зиёде идома дорад ва мо инро хоҳем фаҳмид.

Раҳбари Амрико таъкид кард, ки ин вируси хатарнокро пеш аз пандемия дар Чин метавонист қатъ кард, аммо ҳоло тамоми ҷаҳон аз он дар азоб аст.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки оё ин ҳодисаи коронавирус хатоест, ки нохудогоҳ аз ҳадди назорат баромадааст ва ё огоҳона содир шудааст",-гуфт Трамп.

Аммо раисиҷумҳури Амрико мушаххаст нагуфт, ки агар дар ҳоле гуфтаҳояш тасдиқ шаванд Пекинро чи интизор хоҳад буд.

Трамп ҳамчунин омори фавтидагон аз коронавирус дар Чинро шубҳаовар хонда гуфтааст, дар он кишвар бештар аз ИМА, ки ҳоло маркази авҷи ин вирус аст, беморон даргузаштаанд.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Русия

Бар пояи оморҳои ахир шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар Чин 4632 нафар ва дар ИМА наздики 40 ҳазор мерасад, ки дар ҷаҳон нахустин аст.

Қаблан шабакаи телевизионии Fox News бо такя ба як манбаи баландпояаш иттилоъ дода буд, ки коронавирус дар Чин на аз як фурӯшандаи бозор, балки аз як корманди лабораторияи Институти вирусшиносие дар Ухани Чин баромадааст. Аммо мақомоти Чин ин иддаоро рад мекунанд.

Омори нави коронавирус: беш аз ним миллион кас шифо ёфтанд

Ёдовар мешавем, ки қаблан барандаи Ҷоизаи Нобели аз Фаронса низ гуфт, ки коронавирусро ба таври сунъӣ сохтан мумкин аст.

Бар пояи оморҳои ахир шумори гирифторони коронавирус дар ИМА ба 740 ҳазору 746 нафар ва дар Чин бошад ба 82 ҳазору 735 нафар мерасад.

2246
Барчаспҳо:
вирус, Доналд Трамп, Чин, ИМА
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (453)
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1497
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1497
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

2139
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

2139
Барчаспҳо:
Тоҷикистон

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:23 31.05.2020)
Рӯзи якуми июн ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон қайд мешавад. Ҳамчуниндар Тунис Рӯзи Конститутсия ва дар Муғулистон Рӯзи модару кӯдак таҷлил мешавад

Рӯзи 1 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 дар саросари ИМА ғуломдорӣ манъ карда шуд.

Насилие, архивное фото
© CC0 / Pixabay
Насилие, архивное фото

Соли 1869 бақайдгирандаи электронии  овоздиҳӣ ихтироъ карда шуд.

Соли 1935 дар Англия барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами автомобил имтиҳон ҷорӣ карда шуд.

Соли 1858 дар Канада аввалин танга истеҳсол карда шуд.

Соли 1938 аввалин шумораи маҷаллаи ҳаҷвии "Action Comics" нашр шуд.

Рӯзи 1 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи таҷлили зодрӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ" фармон имзо карданд, ки пас аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 30 сентябр чун Рӯзи Мавлоно таҷлил карда мешавад.

День 31 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2012 сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт. Cоли 2014 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба  боғи "15-солагии истиқлоли Тоҷикистон", ки бунёдаш 8 сол пеш, 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф оварданд. Ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар ризқи фарох ҳосил мекунанд.

Соли 2010 маросими ботантанаи ба истифода додани бинои нави Муассисаи давлатии "Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб "Чорбоғ" дар ноҳияи Варзоб"  баргузор гардид. Барои бунёди бинои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ҷашнҳои рӯзи 30 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия  рӯйхати дастаҳои футболе, ки дар бозиҳои олимпии Лондон-2012 иштирок мекарданд, ба тасвиб расид. Ба он  34 дастаи футболбозон, аз ҷумла, дастаи миллии Тоҷикистон низ шомил шуд.

Соли 2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро ба тасвиб расонид.

Моли 2016 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии фестивал-озмуни чумҳуриявии "Тараннуми истиқлол" баргузор гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шўрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид

Ҷашнҳои рӯзи 1 июн

  • Рӯзи  умумиҷаҳонии муҳофизати  кӯдакон.
  • Дар Самоа —  Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Тунис- иди умумимиллӣ- Рӯзи Консититутсия.
  • Дар Муғулистон — Рӯзи модару кӯдак.
  • Дар Ҷумҳурии Палау — Рӯзи президент
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон