Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи Рамазон ва тавсияҳо барои пешгирӣ аз коронавирус

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми шодбошии худ ба муносиати моҳи шарифи Рамазон ба тоҷикистониён ироа намуд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ба иттилои котиботи президент, кишвардори Тоҷикистон шаҳрвандони кишвпрро ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат ва рӯзгори осуда орзу намуд.

"Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад", - омадааст дар паёми шодбошии роҳбари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаст, ки моҳи Рамазон чун моҳи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат мебошад, одамон бояд якдигарро эҳтиром намоянд, аз гуноҳи ҳамдигар гузаранд, ба қадри падару модар, калонсолон, хешу табор ва ҳамсояҳои худ расанд ва фурӯтану хоксор бошанд.

Рахмон поздравил граждан Таджикистана с Новым годом - Sputnik Тоҷикистон
Аз роҳандозии чархаи “Роғун” то интихоботи оянда: паёми Соли навии Эмомалӣ Раҳмон - видео

Дар ин моҳи муборак баробари ба ҷо овардани тоату ибодат ва зоҳир намудани меҳрубониву самимият иҷрои амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон бобати торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ, маризии коронавирус таъкид намуда, изҳор доштаст, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.

"Мо бе камбудӣ нестем": паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон - видео

"Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалигардида, шиддати он паст нагардида истодааст", - илова намуд роҳбари давлат.

Роҳбари давлат ба риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ таъкид намуда гуфт, ки яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ маҳз покизагӣ буда, он ҳамчунин  дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст.

Кишвардори Тоҷикистон изҳори боварӣ намуд, ки мардуми таҳаммулгарои тоҷик ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро, ки ризқу рӯзии аҳли оила ва мардум аст, самаранок истифода менамоянд ва ба хотири фаровонии дастархони хеш сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Дар Тоҷикистон сар аз 24 - уми апрел моҳи шарифи Рамазон оғоз меёбад.  Шӯрои уламои Тоҷикистон барои моҳи Рамазони соли равон “мувофиқи ҳисоби шаръӣ” нисоби закотро 21 ҳазор сомонӣ (сари ҳар ҳазор 25 сомонӣ, ҷамъ 525 сомонӣ закот) ва садақаи фитрро ҳам “мувофиқи меъёри шаръӣ” ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муқаррар кард.

Лентаи хабарҳо
0