Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар нақшаҳои ояндаро баррасӣ карданд

358
(Таҷдидшуда 12:55 28.04.2020)
Тоҷикистону Афғонистон Ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар суҳбати видеоӣ анҷом дод.

Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт, теъдоди афғонистониҳоеро, ки ба кумаки фаврии тибббӣ ниёз доранд, беш аз се миллион нафар арзёбӣ кард.

Дизенфексия ва ғизои ройгон: рӯзгори мардуми Кобул дар замони коронавирус - 16 акс

Созмон гуфт, мардуми Афғонистон ба далели ҷангу офатҳои табиӣ ниёзманди хадамоти дармонии фаврӣ ҳастанд.

358
Барчаспҳо:
суҳбат, Сироҷидин Аслов, Афғонистон, Тоҷикистон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1498
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1498
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Министры иностранных дел России и Таджикистана Сергей Лавров и Сироджиддин Аслов

Нотаи Тоҷикистон ба Русия: Душанбе тарафи сеюмро дар марз номақбул хонд

2140
(Таҷдидшуда 21:05 29.05.2020)
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳороти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар мавриди миёнаравӣ дар масоили марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номақбул хонда, таъкид кардааст, ки гуфтушунидҳои марзӣ кори дохилии ду давлат мебошад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон 29 май бо ирсоли як нота ба Вазорати умури хориҷии Русия пешниҳоди миёнаравии Сергей Лавровро ғайри қобили қабул хондаст.

Душанбе дар нота ба унвонии Маскав инчунин таъкид кардааст, ки масъалаи марз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии СПАД баррасӣ нашуда буд, ки баъдан Лавров дар бораи он изҳори назар кард.

Тоҷикистон дар нота унвонии Русия баён доштаст, ки ҷалби тарафи сеюмро ба ҷараёни гуфтушунид дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқи мақсад намедонад.

Таъкид шуд, масоили аломатгузорию муайянсозии марз кори дохилии кишварҳои узви СПАД буда, танҳо тариқи дуҷониба амалӣ мешавад.

ВУХ афзуд, ба самъи ҷониби Русия расонда шуд, ки гуфтушунидҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мунтазам дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонию воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешаванд.

Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар пайи ҷаласаи СПАД зимни нишасти матбуотӣ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват кард, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва Русия омода аст, ҳамчун миёнрав бошад.

"Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ин дар ҳолест, ки  24 май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад, ки дар натиҷа ҷавонзани 25-сола шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шуд.

2140
Барчаспҳо:
Тоҷикистон
Военнослужащие афганской национальной армии в провинции Кундуз, архивное фото

ДОИШ дар кишвари ҳамсоя боз аз худ хабар дод: ҳамла ба телевизиони Хуршеди Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 03:24 01.06.2020)
Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти таркиш дар масири худрави коркунони шабакаи телевизионии Хуршед дар шаҳри Кобул - пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Бар асари ин таркиш, ки асри рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул рӯй дод  ду нафар аз ҷумла ду корманди шабакаи телевизионии Хуршед кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Соли 2017 низ дар таркиш дар сохтмони хабаргузории Садои афғон (Ово) дар ғарби Кобул 50 тан кушта ва беш аз 90 тани дигар захмӣ шуда буданд.

Гурӯҳи террористии ДОИШ масъулияти он ҳамларо низ бар уҳда гирифта буд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бар асари ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷангиёни Доиш ба яке аз таваллудхонаҳои Афғонистон дасти кам 14 афроди ғайримулкӣ. аз ҷумла ду навзод кушта шуданд.

 Ҳамзамон бо ин ҳамла, вилояти Нангарҳори Афғонистон хабар дод, ки ҳангоми маросими дафн дар пойтахти ин кишвар якчанд таркишҳо рух дода, беш аз 50 нафар кушта ё захмӣ шудаанд.

0
Барчаспҳо:
масъулият, Кобул, ҳамла, таркиш, Афғонистон, ДОИШ