Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Раҳмон ба Алиев саломатӣ хост: сӯҳбати ду президент аз коронавирус то кӯмак

933
(Таҷдидшуда 18:36 07.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти президент, сарони давлатҳо вазъи кунунии беҳдоштӣ-эпидимиологӣ дар ҷаҳонро баррасӣ намуда, бо ҳамдигар дар бораи вазъияти ду кишвар дар робита ба паҳншавии сирояти коронавируси нав табодули иттилоот намуданд.

"Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Ҳукумати Озарбойҷон барои кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар шакли лавозимоти тиббӣ, изҳори сипос карданд", - менависад манбаъ.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо инчунин оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандӣ ва омодагии худро барои густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо таъкид карданд.

Сарони давлатҳо барои пешбурди ҳамкориҳо баҳри инкишофи мубодилаи мутақобилаи мол ва ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба манфиати ду халқ фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро зарур шумурданд.

Дар анҷоми суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президент ва ба мардуми Озарбойҷон саломатӣ ва комёбӣ орзу кардааст.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон бо кишвардори Эрон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд.

Рӯҳонӣ ба Раҳмон: "бояд ҳамдигарро ёрӣ кунем, то бар вируси муҳоҷим ғалаба кунем"

 

933
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

6400
(Таҷдидшуда 17:15 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

6400
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, сафар, Маскав, Эмомалӣ Раҳмон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1543
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1543
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0