Президент Афганистана Ашраф Гани (слева) и исполнительный директор Афганистана Абдулла Абдулла

Абдуллоҳ ва Ғанӣ барои тақсими ҳукумат дар Афғонистон ба мувофиқа расиданд

952
(Таҷдидшуда 17:02 17.05.2020)
Имрӯз дар Афғонистон тавофуқномаи сиёсӣ миёни доктор Абдулоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ дар назар аст, ба имзо расад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар Афғонистон имрӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, собиқ раиси ҳукумати иҷроия ва президент Ашраф Ғанӣ ният доранд, ки дар бораи тақсимоти қудрат созишнома ба имзо расонанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TOLO News.

Тибқи иттилои манбаъ, вазифаҳои Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар шартнома муқаррар карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ раиси ҳукумати иҷроия Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро  роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои манобеи телевизиони Орёно дар ин созиш ҳамчунин шахсони баландпояи сиёсии Афғонистон аз қабили Ҳомид Карзай, Абдул Раб Расул Сайёф, Карим Халилӣ, Муҳаммад Юнус Қанун ва як қатор сиёсатмадорони дигар ширкат хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем қаблан худи Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ дар сафҳаи твиттерии худ аз мувофиқа расидан бо Ашраф Ғанӣ хабар дода, аммо шарҳ надод, ки дар кадом масоил ба тавофуқ расидаанд.

Ҳамчунин ҳафтаи гузашта яке аз манобеи кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон гуфт, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, мудири собиқи ҳукумати иҷроии давлати Афғонистон дигар тасмимоти мақомҳои Афғонистонро ба чолиш намекашад ва Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурӣ аз сӯи вай ба расмият шинохта мешавад.

Абдуллоҳ ва Ғанӣ барои тақсими ҳукукумат дар Афғонистон ба мувофиқа расиданд

Ба гуфтаи ин манбаи огоҳ, Абдуллоҳ дар раванди сулҳ нақши раҳбарӣ хоҳад дошт ва нақши вай дар дохили давлат низ баъдан эълом мешавад.

Ҳам Ашраф Ғанӣ ва ҳам Абдуллоҳ Абдуллоҳ пас аз интихоботи раёсатҷумҳурии мавриди муноқишаи сентябри гузашта худро раиси ҷумҳури Афғонистон медонистанд.

 

 

952
Барчаспҳо:
сулҳ, имзо, созишнома, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ашраф Ғанӣ, Афғонистон
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона в Москву

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

2061
(Таҷдидшуда 17:15 01.06.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба пойтахти Русия шаҳри Маскав сафар мекунад

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон даъвати кишвардори Русия Владимир Путинро барои ширкат дар гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ, қабул кардааст.

"Президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июн гузашти низомиро ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ тамошо хоҳад кард", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба иттилои манбаъ, феълан дипломатҳои ду кишвар масъалаҳои ташкилотии ин сафарро ҳал мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки Владимир Путин ҳамаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав даъват кард.

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ҳамин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

2061
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, сафар, Маскав, Эмомалӣ Раҳмон
Свечка, архивное фото

Сайфиддин Тӯраев собиқ номзади президентӣ аз олам даргузашт

1515
(Таҷдидшуда 12:26 30.05.2020)
Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори варзидаи тоҷик ва аз номзадҳои собиқи курсии президентӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 75 солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Истаравшан даргузашт

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Хабари даргузашти Сайфиддин Тӯраевро, дар ҳукумати шаҳри Истаравшан тасдиқ карданд.

Акбар Маърупов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Тӯраев бар асари бемории қалб дар синни 75 солагӣ дар манзилаш даргузашт.

"Вақтҳои охир аз бемории қалб ранҷ мебурданд. Имрӯз рӯзашон буд шуд ва дунёро падруд гуфтанд", - гуфт Маърупов.

Сайфиддин Тӯраев, аз элитаҳои сиёсии Тоҷикистон дар солҳои 1990 - ум дониста мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва чанде дигар аз сиёсатмадорони вақт аз номзадҳои аввалин интихоботи президентӣ дар соли 1991 ба ҳисоб мераванд, ки шумори аз овози тарафдорони худро ба даст овардаанд.

Тӯраев дар интихоботи соли 1999 бори дигар ҳам номзад баргузида шуд, вале барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ комёб нашуд.

Баъди ин ӯ, аз саҳнаи сиёсат канор рафт ва рӯ ба тиҷорат овард.

Бино ба иттилоъи сарчашмаҳои таърихӣ Сайфиддин Тӯраев, дар соли 1945 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омада, соли 1973 Донишакадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.

То солҳои 1986 ба сифати коргари оддӣ, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи шаҳри Ӯротеппа кор кардааст.

Солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.

Солҳои 1991-92 – ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи октябри соли 1999 – номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

Ӯ оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст. Бино ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи шаҳри Истаравшан қарор аст, имрӯз маросими хоксупории Тӯрев соати 16:00 баргузор гардад.

1515
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, даргузашт
Школьники

Имтиҳонҳо доир намешаванд: қарори нави ситоди коронавирус дар Тоҷикистон

0
Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус хабар дод, ки дар мактабҳои Тоҷикистон баргузории ҳамагуна имтиҳонҳо лағв шуд. 

Бино бар иттилои манбаъ,ситод имрӯз бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд, ки тибқи он аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе иштироки хонандагон баргузор карда шуд мешавад.

"Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта шавад", - омадааст дар қарори ситод.

Ситод вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ  таъсис  диҳад.

Мувофиқи тартиб аттестати аъло ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ тибқи “Тартиби додани аттестати аълои таҳсилоти умумии асосӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” дода мешавад.

Ба мактаб аз 17 август: шарҳи вазорат аз фармоиши махсуси вазири маориф

Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи “Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттетстати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм тибқи муқаррарот баргузор карда шавад.

0