Махмадтоир Зокирзода

Паёми раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба ба раёсати Маҷлиси Шурои исломии Эрон

194
Раиси Маҷлиси Тоҷикистон дар паёме ба Муҳаммадбоқири Қолибоф интихоби вай ба раёсати Маҷлиси Шурои исломиро табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парс тудэй", раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар паёме интихоби Қолибоф ба раёсати Маҷлиси Шурои исломиро дар Эрон табрик гуфтааст.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода бар нақши гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид кардааст.

"Умедворам фаолияти ҷаноби олӣ ба унвони раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҷиби таҳким ва густариши муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон ва Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф шавад", - омадааст дар паёми табрикотӣ.

Дар ин росто, нақши гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тавсеаи ҳамкории парлумонии ду кишвар, муҳим арзёбӣ мешавад, афзудааст Зокирзода.

"Умедворам ҳамдилӣ, бародарӣ, сулҳ ва субот дар минтақа, аз аҳдофи муштарак ва муҳими ҳамкории ду кишвари дӯст ва бародар бошад", - гуфтааст раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар анҷом.

Тоҷикистон хоҳони ҳамкории бештар бо федератсияи бадминтони Эрон шудааст

 

194
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

206
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

206
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Санаи сафари Иноятов дар садри вакилони Ӯзбекистон ба Душанбе маълум шуд

179
(Таҷдидшуда 17:09 19.09.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи сафари ҳайати вакилони Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии Улуғбек Иноятов ба Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳадафи сафар иштирок дар нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҳайати намояндагони парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муҳаммадатов Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

“Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки щайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

179
Барчаспҳо:
парлумон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Итоговая пресс-конференция Миссии наблюдателей от СНГ после выборов

Номзадҳо дар шаҳри Душанбе ба зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни чӣ ваъда доданд?

0
(Таҷдидшуда 02:46 20.09.2020)
Ахиран вохӯрии навбатии номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар вохӯрӣ зиёиён ва намояндагони касбу кори гуногуни пойтахт иштирок намуда, бо муҳтавои барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо шинос шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории давлатии АМИТ “Ховар”.

Манбаъ таъкид доштааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода таъкид намуд, ки боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ дар меҳвари барномаи пешазинтихоботиаш қарор дорад.

Абдуҳалим Ғаффорзода номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон иброз дошт, ки дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб рушди соҳаи саноат бо роҳи баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир аз  тадбирҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон гуфта шудааст, ки дар Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби шахси боэътимод Аброр Мирсаидов  муаррифӣ карда шуд, таҳким бахшидан ба сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии мамлакат ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ аз ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ низ номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Номзад ба  мансаби Президенти Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дурнамо ва самтҳои таҳкими вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишавар, дастгирии ҷавонон ва дастрасии онҳо ба манзилро, ки дар барномаи пешазинтихоботиаш дарҷ ёфтааст, ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.

Аз ҷумла таъкид гардидааст, ки  таъсиси бозори ширкатҳои идоракунанда бо мақсади ғайриинҳисоркунонии хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ, созмондиҳии ширкатҳои идоракунандаи нав ҳамчун корхонаҳои маҳаллӣ дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомии пӯшида бо иштироки аҳолии минтақа ҳамчун саҳҳом зарур аст.

Номзад Мироҷ Абдуллоев, аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар барномаи пешазинтихоботии худ диққати асосиро ба ҳамоҳангсозии сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои кишвар, беҳтар кардани инфрасохтори шаҳру деҳот, дастгирии давлатӣ ва боз ҳам боло бурдани мақому манзалати занон равона намудааст. Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон аз ҷониби шахси боэътимод Заррагул Мирасанова муаррифӣ карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Номзадҳо аз ҳозирин хоҳиш карданд, ки фаъолона дар ин маракаи муҳимми сиёсӣ иштирок намоянд.

0
Барчаспҳо:
ваъда, мансаб, Душанбе, Интихоботи президентӣ, интихобот, Тоҷикистон