Кандидат на пост премьер-министра КР Кубатбек Боронов. Архивное фото

Баъди истеъфои Абилғозиев: Боронов сарвазири нави Қирғизистон интихоб шуд

135
(Таҷдидшуда 16:14 17.06.2020)
Қубодбек Боронов, савазири нави Қирғизистон таъйин гашт. Ӯ дар ин курсӣ Муҳаммадқулӣ Абилғозиевро, ки қаблан ба истеъфо рафт, иваз намуд

ДУШАНБЕ, 17  июн — Sputnik. Парлумони Қирғизистон имрӯз ба ҷонибдории ягона муддаӣ ба курсии сарвазирии ин кишвар овоз дод.

Бино ба гузориши Sputnik Қирғизистон барнома ва ҳайати ҳукумат низ тасдиқ карда шуд. Номзадии Бороновро 105 вакил ҷонибдорӣ карда, ду нафар зид баромаданд.

Қубодбек Боронов, муовини собиқи нахуствазири ин кишвар буд ва зимни баромадаш гуфт, кори ӯро идома хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, собиқ вакили парлумон Алмосбек Ботирбеков, муовини аввали сарвазир, Таалайбек Темиралиев раиси дастгоҳи иҷроия  ва Олтинбек Исмаилов раиси Кумитаи давлатии технологияи иттилоотӣ ва алоқа интихоб гаштаанд.

Ёдовар мешавем, собиқ сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев пас аз ҷанҷолҳои тӯлонӣ бобати фурӯши радиобасомадҳо бо арзиши ночиз санаи 15 июн ба истеъфо рафт.
Номбурда  ҳукумати Қирғизистонро аз моҳи апрели соли 2018 сарварӣ кардааст.

135
Барчаспҳо:
порлумон, истеъфо, интихоб, сарвазир, тағйироти кадрӣ, Қирғизистон
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

1550
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

1550
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Рахматилло Зойиров, архивное фото

Шарҳи Вазорат: кӣ рӯйхати аъзои ҲСДТ-ро ба милиса додаст?

328
(Таҷдидшуда 16:20 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон аз фишору таъқиби аъзои Ҳизби сотсиал-демократи ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ карда, афзуд, ки рӯйхати аъзои ин ҳизбро ба ягон ниҳоди дигар пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, рӯйхате, ки ҲСДТ пешниҳод мекунад, танҳо барои истифодаи дохили вазорат нигоҳ дошта мешавад.

Ӯ таъкид намуд, ки ин рӯйхатҳо ба ягони ниҳоди давлатии дигар пешниҳод намегарданд.

Ҳакимзода афзуд, ки ягон арзу шикоят ба мақомоти бақайдгиранда, Вазорати адлия дар бораи фишору таъқиби аъзои ҲСДТ ворид нагардидааст.

Ноиби вазири адлия таъкид намуд, ки бо ҲСДТ ҳамкорӣ доранду хуб мешуд, худи ҳизб маълум мекард, ки ин сарчашмаҳо то куҷо воқеият доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ аз таъқиби аъзоёни ҳизб дар навоҳӣ шикоят карда, афзуд, ҳисоботеро, ки дар бораи аъзои ҳизбаш ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти маъмури милисае дид.

Дар ин феҳраст ному насаб ва макони зисти аъзои ҳизб сабт шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, рӯйхатеро, ки аз аҳзоб мегирад, ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод намекунад.

328
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, ҲСДТ, Тоҷикистон
Рогунская ГЭС

Ҳодисаҳои нохуш дар саноат: ҳалокати 1 ва ҷароҳати 9 кас ҳангоми сохтмони "Роғун"

0
Дар умум, дар кори ширкату сохтмонҳои Тоҷикистон 3 нафар ба ҳалокат расида, 13 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Санъат Раҳим, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ин ниҳод бо эълони ин омор гуфт, аксари ин мурдану ҷароҳатбардориҳо дар пайи беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаву техникаи бехатарии кор рух додааст.

“Бештарин маворид ба кори ширкатҳое, ки дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун рост меояд. Худи коргарон ё раҳбарони онҳо аз ин ки ғайриҳирфаӣ будаанд, аз қоидаву техникаи бехатарии кор хабар надоштаанд ё беэҳтиётӣ кардаанд. Коргарон ва омилони дигари ин ҳодисаҳои нохуш муҷозот шуда, ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод шуд, ки афроди ғайриҳирфаӣ аз вазифа барканор шаванд”, - гуфт Санъат Раҳим.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҳангоми кор як нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба ин манбаъ, дуввумин ширкате, ки ҳамчунин маворидро таҷриба кардааст, ширкати кӯҳии Тоҷикистону Хитой аст. Ҳангоми кор дар ин ширкат ду нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҳам ҷароҳат гирифтаанд.

Ба ҳамин минвол, тайи ним соли равон аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми кор якнафарӣ коргарони ширкатҳои “Талко”, Маркази илмӣ – техникии Ҳуавей дар Зарнисор ва “Анзоб” низ захмӣ шудаанд.

 

0