Путин дар бораи набераҳояш: ӯ гуфт, чигуна ба Кремл занг мезананд

834
Президенти Русия пештар гуфта буд, ки ду набера дорад. Вай таъкид кард, ки намехоҳад онҳо "мисли шоҳзода" калон шаванд. Президент наберагонашро дар байни мардуми одӣ дидан мехоҳад

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин нақл кардааст, ки набераҳояш ба ӯ ба Кремл занг мезананд.

"Занг зада метавонанд ва занг мезананд", - гуфтааст вай дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 1".

Ёдрас мешавем, дар рафти пахши мустақим дар соли 2017 Путин бори нахуст дар бораи наберагонаш гуфт. Президент соҳиби 2 набера будааст.

Он вақт раисҷумҳур изҳор дошт, ки духтарон ва набераҳояш зиндагии одӣ доранд. Вай таъкид кард, ки намехоҳад онҳо мисли "шоҳзода" калон шаванд.

"Барои ин бояд онҳо байни кӯдакон муошират кунанд", - гуфт президент.

Путин: намехоҳам, ки наберагонам "шоҳзодавор" калон шаванд

Дертар дар мусоҳиба бо Оливер Стоун Путин иқрор шуд, ки набераҳояшро дӯст медорад, аммо вақти бо онҳо бозӣ кардан, надорад.

 

 

834
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Се қарори Ҳукумат: Раҳмон сардори Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ - ро аз вазифа озод кард

466
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, чанде аз масъулини баландпояро ҷо ба ҷо кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се қарори Ҳукуматро имзо карда, дар мақомоти қудратӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мирзоев Бадриддин Қиёмиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

Бо қарори дигар Пиракзода Ҳикматулло ба ҷойи ӯ, сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Тибқи қарори сеюми Ҳукумат, Нурализода Нуриддин Файзиддин директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

466
Барчаспҳо:
Ҳукумат, тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини мақомоти қудратӣ ва давлатиро ҷо ба ҷо кард

2470
(Таҷдидшуда 15:16 10.07.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 10 июл, дар мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло аз вазифаи муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ — сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Раҷабзода Насимҷон ба ин вазифа таъйин гардид, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пиракзода Ҳикматулло Сардори Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Мирзозода Бадриддин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз ин вазифа озод карда шуд.

Ҳамзамон, Нурализода Нуриддин Директори муассисаи давлатии қароргоҳи «Искандаркӯл»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мирзоён Нодир — муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайнуддинзода Авазхон Сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат раисиҷумҳур, аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки дар чунин шароити барои тамоми кишварҳои дунё ҳассосу печида ва пешгӯинашаванда ҳар як хизматчии давлатӣ ва низомӣ бояд бо ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хизмат намояд.

Барои пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, пурзур намудани назорат ва роҳ надодан ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ва молу маҳсулоти пастсифат тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, танҳо масъулият ва ҳушёриву зиракии ҳар як сарҳадбон метавонад кишвари моро аз хавфу хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ эмин нигоҳ дорад, гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

2470
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Намози таровеҳ дар моҳи Рамазон

Ӯзбекистон дигарбора дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон баст

0
Ӯзбекистон дар робита ба авҷи маризии сироятии коронавирус то авоили моҳи август дари масҷидҳоро ба рӯи намозгузорон мебандад

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон аз баста шудани тамоми масоҷиди ин кишвар то авоили август хабар дод, хабар медиҳад "Парс тудей".

Бар хабари манбаъ, идораи динии мусалмонони Ӯзбекистон дар сайти худ афзуд: Манӯият аз таърихи 10 июл сарфи назар аз ин, ки устон дар минтақаи "сабз" ва ё "қирмиз" қарор дорад, иҷроӣ мешавад.

Бомдоди имрӯз дар Арабистон дари 90 ҳазор масҷид ба рӯйи намозгузорон боз шуд

Пештар комиссияи вижаи мубориза бо коронавирус тасмим гирифта буд, маҳдудиятҳои карантин дар ин кишварро дар бурҳаи замони ёдшуда ташдид кунад.

Гуфтанӣ аст, ниҳодҳои динии Ӯзбекитсон 8 июни соли 2020 мелодӣ дар манотиқи "сабз"-и ин кишвар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ-эпидемиологӣ (пӯшидани иҷбории ниқоб) ва ҳамчунин доштани фосилаи иҷтимоӣ муҷаддадан оғоз ба фаъолият карда буданд.

0
Барчаспҳо:
намоз, баста, масҷид, Узбакистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон