Путин бо Раҳмон, Тоқаев ва Мирзиёев мулоқот кард

500
(Таҷдидшуда 15:15 24.06.2020)
Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон, Қосим Ҷомарт - Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев мулоқоти кӯтоҳе анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ин мулоқот миёни кишвардорон пас аз гузашти низомӣ сурат гирифт.

Раҳбари Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Қазоқистон Қосим Ҷомарт - Тоқаев ва раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз боғи Александр ва гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи сарбози номаълум сухан гуфт.

Раҳмон ба пояи оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбар гузошт - навор

Мулоқоти сарони кишварҳо кӯтоҳ ва сарироҳӣ буд.

Дар роҳ ба сӯи оромгоҳи сарбози номаълум Владимир Путин бо Раҳмон, Тоқаев ва Мирзиёев сухан гуфт. 

Мавзуъи мулоқот маълум нест.

Раҳмон куҳансарбозонро дар гузашти низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба истиқбол кард - навор

Ҳамчунин бояд гуфт, ки пас аз гузоштани гулчанбар Владимир Путин бо президенти Молдова Игор Додон мулоқот кард.

500
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Владимир Путин, мулоқот, Маскав
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Суҳбати телефонии Раҳмону Путин: кишвардорҳои Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд?

1555
(Таҷдидшуда 16:16 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путни як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додПрезиденти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин телефонӣ суҳбат кард

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи "COVID-19" дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат ба масъалаи суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ таъкид кард.

Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Русия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Гузашта аз ин, масоили идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.

1555
Барчаспҳо:
суҳбати телефонӣ, Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон
Рахматилло Зойиров, архивное фото

Шарҳи Вазорат: кӣ рӯйхати аъзои ҲСДТ-ро ба милиса додаст?

328
(Таҷдидшуда 16:20 13.07.2020)
Вазорати адлияи Тоҷикистон аз фишору таъқиби аъзои Ҳизби сотсиал-демократи ҷумҳурӣ изҳори бехабарӣ карда, афзуд, ки рӯйхати аъзои ин ҳизбро ба ягон ниҳоди дигар пешниҳод накардааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, рӯйхате, ки ҲСДТ пешниҳод мекунад, танҳо барои истифодаи дохили вазорат нигоҳ дошта мешавад.

Ӯ таъкид намуд, ки ин рӯйхатҳо ба ягони ниҳоди давлатии дигар пешниҳод намегарданд.

Ҳакимзода афзуд, ки ягон арзу шикоят ба мақомоти бақайдгиранда, Вазорати адлия дар бораи фишору таъқиби аъзои ҲСДТ ворид нагардидааст.

Ноиби вазири адлия таъкид намуд, ки бо ҲСДТ ҳамкорӣ доранду хуб мешуд, худи ҳизб маълум мекард, ки ин сарчашмаҳо то куҷо воқеият доранд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ аз таъқиби аъзоёни ҳизб дар навоҳӣ шикоят карда, афзуд, ҳисоботеро, ки дар бораи аъзои ҳизбаш ба Вазорати адлия пешниҳод мекунад, дар дасти маъмури милисае дид.

Дар ин феҳраст ному насаб ва макони зисти аъзои ҳизб сабт шудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, рӯйхатеро, ки аз аҳзоб мегирад, ба ниҳодҳои дигари давлатӣ пешниҳод намекунад.

328
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, ҲСДТ, Тоҷикистон
Военные учения России и Таджикистана

“Ҷанг бо артиши номаръӣ”: гирифтории афсарони сарбозони тоҷик ба “вируси корона”

0
(Таҷдидшуда 14:56 14.07.2020)
Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон мавориди гирифтории афсарону сарбозони тоҷик ба “вируси корона” – ро эътироф кард

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Икром Зоирзода, муовини прокурори генералӣ ва сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, пандемияи “вируси корона” ба қисмҳои низомии артиши Тоҷикистон низ расида, иддаеро мубтало кард.

“Мо аз 30 апрел, рӯзе, ки аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар эълон шуд, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии он дар ҷузъу томҳои низомии Тоҷикистон мулоқоти наздикону пайвандон бо ҳайати шахсиро маҳдуд кардем. Ин то ҷое пеши паҳншавиро гирифт. Дар миёни хизматчиёни ҳарбӣ, албатта, ҳолатҳои сироятёбӣ, аз ҷумла миёни афсарон сабт шудааст. Хушбахтона, ҳолати фавт вуҷуд надорад”, - гуфт Икром Зоирзода.

Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон дар ин маврид рақами мушаххасеро ироа накард, аммо гуфт, ҳамаи маризон дар шифохонаҳои ҳарбӣ таҳти тадовӣ гирифта шуда, то ба ҳол ҳар ҳафта на кам аз ду маротиба қисмҳои ҳарбӣ тамиз карда мешаванд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 30 апрел то бегоҳи 13 июли соли равон дар кишвар 6595 мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” сабт шуда, аз ин теъдод 5278 нафар ё худ 80% шифо ёфта, 55 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.

0
Барчаспҳо:
эътироф, тоҷик, сарбоз, афсарон, Прокуратура, Тоҷикистон