Захарова: попытки переложить всю ответственность за пандемию на Китай и ВОЗ неуместны

Захарова дар бораи кӯмаки моддии Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: 11 миллион медиҳем

212
(Таҷдидшуда 14:13 26.06.2020)
Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова дар бораи маблағгузории Русия ба низоми хӯрокдиҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон гуфт

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар нишасти матбуотии навбатиаш дар бораи кӯмаки моддии Русия ба Тоҷикистон гуфт.

Захарова рассказала о поддержке системы школьного питания в Таджикистане

"Русия ва СММ ба амалӣ кардани қисми севум ва охирони тарҳи муштаракашон дар рушди низоми босуботи хӯрокдиҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон сар карданд. Ба ин низом барномаи таъмири ошхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи кормандони мактабҳои Тоҷикистон ва тарғиби хӯроки солим ворид мешаванд", - таъкид кардааст Захарова.

Намояндаи ВКХ Русия таъкид намудааст, ки Русия бо ин мақсад ба Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2023 11 миллион доллар ҷудо мекунад.

"Аз аввали ин барнома, яъне соли 2013 дар Тоҷикистон ошхонаҳои зиёд таъмир гардида, барои кормандони 60 мактаби кишвар тренингҳо баргузор шудааст, 7 нонвойхонаи мактаб навсозӣ ё бунёд карда шуда, 10 гармхона сохта ба истифода дода шудааст", - афзудааст Захарова.

"Ин кӯмаки калони Русия, ки ба воситаи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ расонида мешавад, далели омодагии Русия дар дастгирии рушди Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ мебошад", - гуфтааст дар анҷом вай.

 

212
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй

Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Назарбоев: 80-солагӣ муборак

117
Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Имрӯз, 6 июл раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якумин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Дар ҷараёни суҳбат кишвардори Тоҷикистон якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро бо рӯйдоди муҳим – 80–солагии зодрӯзаш самимона табрик карда, таманниёти неки худро ба соҳибҷашн иброз намуд", - менависад котиботи раисҷумҳур.

Раисҷумҳури Тоҷикистон фаъолияти самарабахши солҳои тулонии Нурсултон Назарбоевро дар маснади Президенти Қазоқистони дӯст бахусус зикр кардааст.

Дар ин зимн ҷонибҳо атрофи як қатор масъалаҳои тавсеаву таъмиқи ҳамкории ду кишвар дар сиғаи шарикии стратегӣ ибрози ақида намуда, аҳамияти пешбурди минбаъдаи ин раванди созандаро бар нафъи мардумони ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Қазоқистон таъкид карданд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон унвонии якумин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

117
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе

Имтиёзҳои замони COVID - 19 ва ҷавобгарӣ барои нақзи "карантин": Раҳмон 22 қонун имзо кард

1161
(Таҷдидшуда 14:34 04.07.2020)
Имрӯз, 4 июл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисту ду қонун ба имзо расонда шуданд

ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якқатор қонунҳоро имзо кард. Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, қонунҳои баимзорасида ба дастрасии мардум ба ёрии ҳуқуқии ройгон, пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини сиҳатии аҳолӣ, дастгирии соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ҷавобгарӣ барои нақзи чорабиниҳои қарантинӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» шаклҳои ёрии ҳуқуқии ройгон ва тартиби расондани онҳоро муайян менамояд. Тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.

Имтиёзҳо

Дар асоси иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» воридгардида вобаста ба пайомадҳои ногувори иқтисодиву иҷтимоии бемории COVID-19 имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд, ки мувофиқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббиву маишӣ аз пардохти намудҳои алоҳидаи андоз дар мӯҳлатҳои муайян озод карда мешаванд.

Соддагардонии барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади осону содда гардондани барасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва рушди соҳибкорӣ равона гардида, дархости электронии додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва барасмиятдарории электронии онро муқаррар менамояд.

Ҳамчунин ин тағйиру иловаҳо боҷи давлатиро барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, барои гирифтани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда ва барои бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул бекор мекунанд.

Манбаъ афзуда, ки матни пурраи қонунҳо дар матбуот чоп мешавад.

1161
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Нож в руке

Ба қафаси синаи бародараш корд зад: боздошти марди 40 сола дар Конибодом

0
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як мардт 40 сола хабар медиҳад, ки бародарашро бо корд задааст

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 6-уми июли соли 2020, тахминан соати 07:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон бо бародари 38-солааш, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба қафаси синааш задааст.
“Дар натиҷа ҷабрдида ҷарохати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати кордкашӣ аз сӯи бародар ба додар набуда, қаблан ин ниҳод як марди 42 сола, сокини шаҳри Истаравшанро боздошт кард, ки пас аз майнӯшӣ бо бародари 41 солааш ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба ба гарданаш корд задааст.

0