Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото

Мард шав ва аз ман бахшиш пурс: хитоби Қодиров ба Зеленский

2338
(Таҷдидшуда 12:06 19.07.2020)
Рамазон Қодиров раисҷумҳури Чеченистон барои наворе, ки 1,5 сол пеш нашр шуда буд, аз президенти феълии Украина талаби пӯзишпурсӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Кишвардори Украина Владимир Зеленскийро мебоист аз ман бахшиш пурсад, навиштааст раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар сафҳаи худ дар Телеграм.

Ба таъкиди Қодиров, президенти Украина пас аз адои савганд ҳар бор бозикунон усулҳои нави бахшишпурсиро эҷод мекунад.

"Чаро акнун, пас аз узрхоҳии қабулшуда кӯшиш мекунед, ки худро баланд гирифта, бозӣ мекунед ва ё аз худ чизеро вонамуд намоед? <...> Шумо бояд мавқеи худро дақиқ муайян кунед ва узр пурсед. Агар не, пас шумо назди ман ҷавоб хоҳед гуфт" , - навиштааст Қодиров.

Қодиров талаб намудааст, ки Зеленский на аз кишвардор балки аз писараш Аҳмад - Хоҷа Қодиров узр пурсад.

Гузашта аз ин, роҳбари Чеченистон илова кард, ки Зеленский ба ваъдаҳои қабл аз интихоботии худ вафо накард. Ӯ хотирнишон кард, ки раҳбари Украина ният дошт ҷангро дар Донбасс қатъ кунад, аммо он ҳоло ҳам идома дорад.

"Занг ва ваъдаи Қодиров ба Отамбоев": даъвати роҳбари Чеченистон барои шоҳидӣ

"Мард бош, Владимир Александрович, ҳамеша ваъдаи додагии худро иҷро кун!" - хулоса кард сарвари Чеченистон.

Бо ин изҳороти худ, раиси Чеченистон Рамазон Қодиров ба мусоҳибаи Владимир Зеленский, ки 1,5 сол пеш ба рӯзноманигор Дмитрий Гордон сурат гирифта буд, вокуниш нишон дод.

Он вақт раҳбари Украина қайд кард, ки ӯ аз амал ё шӯхиҳояш узр напурсид, балки барои истифодаи наворе, ки дар он лаҳзаи ашкрезии Қодиров нишон дода шуд, пӯзиш хост.

2338
Барчаспҳо:
бахшиш, Украина, президент, Рамазон Қодиров
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

293
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

293
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл с рабочим визитом в Кыргызстан

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

467
Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Абдулло Ариповро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов барои иштирок дар ҳафтумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Масъалаи асосии музокироти сарони ҳукуматҳо Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ифтитоҳи марзҳо ва азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар хоҳад буд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи мулоқот тасмим доранд, ки масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзию об ва фарҳангро баррасӣ кунанд.

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Ғайр аз он, дар доираи сафари намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, инчунин форуми соҳибкорон, ки дар он тоҷирони ӯзбеку тоҷик ширкат мекунанд, баргузор мегардад.

467
Барчаспҳо:
Абдулло Орипов, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Руки в наручниках.

Боздошти зани 20-сола, ки гӯшворҳои тиллоиро аз гӯши кӯдакон медуздид

0
(Таҷдидшуда 11:04 30.09.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошт шудани зани ҷавон, сокини шаҳри Ваҳдат ба гумони ғоратгарӣ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 48-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст.

Ӯ шикоят кардааст, ки рӯзи 24-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:00, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 7-солааш 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

"Зарари расонидашуда 750-сомониро ташкил медиҳад", -  омадаст дар хабарнома.

Ҳамин тавр, дар паи баргузори чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавондухтари 20-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б. Бурунови ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда санаи 28-уми сентябри соли 2020, тахминан соатҳои 17:30-дақиқа, бо роҳи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарчаи 8-солаи сокини ҳамин шаҳр 1-ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Зарари расонидашуда 1 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуда ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тилло, зани ҷавон, боздошт