Абдулло Рахнамо, политолог

Интихоби Рустами Эмомалӣ: аз суди сиёсию амниятӣ то интиқоли қудрату пайванди хешӣ

2186
(Таҷдидшуда 15:06 19.07.2020)
Абдуллоҳ Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик, бо нашри як мақола Рустами Эмомалиро кафили устувории ояндаи низоми сиёсӣ, пайванд ва интиқоли солими наслҳои сиёсӣ ва идомаи солими мактаби сиёсӣ хондааст

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҳнамо мегӯяд, интихоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шахсияти Рустами Эмомалиро ҳам ба маънои ҳуқуқӣ ва ҳам ба маънои амалӣ дар мақоми чеҳраи сиёсӣ ва бахше аз ҳастаи олии сиёсию идории мамлакат қарор дод.

“Зеро ҳам аз назари мақоми конститутсионии ин вазифа, ҳамчун “мақоми дуюми сиёсии кишвар” ва ҳам аз назари нақши функсионалии ин мақом, ҳамчун “роҳбари ҳокимияти қонунгузори мамлакат”, дар низоми давлатдории муосири Тоҷикис­тон Раиси Маҷлиси миллӣ ба маънои томаш шахсияти давлатӣ ва сиёсӣ ба ҳисоб меравад”, - навиштааст сиёсатшинос дар мақолааш дар нашрияи “Садои мардум”.

Хотирҷамъии сиёсатмадорону сармоягузорон

Ӯ дар шарҳи аҳамият ва моҳияти интихоби Рустами Эмомалӣ изҳор доштааст, ки дар шароити устувории низоми сиёсӣ аз сиёсатмадор то сармоягузор ва аз соҳибкор то паймонкор эҳсоси эътимод намуда, ба ин восита, барои таваҷҷуҳи хотирҷамъона ба рушди кишвар ва некуаҳволии ҷомеа, ки масъалаи асосии замон аст, фурсат ва неруи фаровон фароҳам мешавад.

Раҳнамо аҳамияти дигари интихоби Рустами Эмомалиро  таъмин намудани пайванд ва интиқоли солими насл­ҳои сиёсӣ дар раванди таърихию сиёсии кишвар хондаст.

“Ин мафҳум басе васеътар аз масъалаи механикии “интиқоли қудрат” мебошад, ки бештари таҳлилгарони сатҳӣ ба он таваҷҷуҳ намудаанд. Зеро мафҳуми пайванду интиқоли солими наслҳои сиёсӣ танҳо ҳолати ҳуқуқӣ ва биологии вогузории масъулияти идоракунии ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба насли табиии дигар набуда, балки, пеш аз ҳама, ба маънои таъмини фарогирӣ ва ҳузури насли ҷавони миллат дар раванди муосири сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, таъмини неру ва рӯҳияи рушдёбанда барои тақвияту шодобии низоми сиёсӣ ва дар ниҳоят, ташаккули таҷрибаи мудирият ва мавқеи устувори давлатдорона дар ин насл мебошад. Дар чунин назария насли ҷавони оянда на “пас аз насли имрӯз”, ё на “ба ҷойи насли имрӯз”, балки маҳз “дар канори насли имрӯз” қарор мегирад, то пайванди солими фикрию сиёсӣ таъмин гардад”, - тавзеҳ додаст Раҳнамо.

Идомаи мактаб ва пайванди хешутаборӣ

Сиёсатшинос илова намудааст, ки аҳамияти сеюм ва басе муҳимтари интихоби Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ  таъмини идомаи солими мактаби сиёсист. Яъне, насли ҷавоне, ки дар ин марҳила вориди раванди сиёсӣ мешавад, на танҳо ҳамчун ҳаҷми азими неру ва насли солими ояндасоз, балки маҳз ҳамчун парвардаву идомадиҳандаи мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон аҳамияти махсус дорад, шарҳ дод ӯ.

Раҳнамо дар мавриди пайванди табории Рустами Эмомалӣ ва Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки “албатта, зимни анҷоми чунин рисолати таърихӣ, пайванди таборӣ бо Пешвои миллат омили тақвиятиест, ки аз як тараф, садоқати комили ин сиёсатмадори ҷавон ба мактаби сиёсии давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъмин кунад ва аз тарафи дигар, дастрасии мустақим ба ин хазинаи бузурги таҷриба ва хиради сиёсиро фароҳам оварда, имкони фарогирии бевоситаи сифатҳои инсонӣ ва сиёсии ӯро муҳайё месозад”.

Коҳиши таҳдидҳои дохилию хориҷӣ ба низоми сиёсӣ

Абудллоҳ Раҳнамо дар интиҳои матлаб изҳо доштааст, ки бинобар мақоми ҳуқуқӣ ва ҷойгоҳи сиёсии вазифаи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикис­тон дар низоми сиёсии кишвар, интихоби Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа як силсила масъала ва нигаронии сиёсиро ба сатҳи дуюм бурда, шахсияти ӯро ҳамчун рамзи пайванд ва кафолати заруратҳои ҳаётие чун таъмини устувории ояндаи низоми сиёсӣ, мудовимати солими наслҳои сиёсӣ, идомаи солими мактаби давлатдории миллӣ ва рушди устувори кишвар ба омили эътимодбахшу суботофари сиёсӣ табдил медиҳад.

“Чунин эътимодбахшии вазъият сатҳи чолишҳо ва таҳдидҳои сохтории дохилӣ ва хориҷӣ ба низоми сиёсиро коҳиш дода, барои таъмини ояндаи қобили пешбинии раванди сиёсӣ ва рушди устувори кишвар дар марҳилаи навин заминаи пойдор фароҳам месозад. Ин аст моҳияти сиёсии ин интихоб ва ин аст фаҳмиши банда аз аҳамияти давлатию сиёсии он”, - таъкид кард сиёсатшинос.

2186
Барчаспҳо:
Рустами Эмомалӣ, интихобот, сиёсат, Тоҷикистон
http://1news.uz/culture/ozodbek-nazarbekov-vystupil-protiv-besplatnykh-vystupleniy-/

Назарбеков: "сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати кишвардорони ҳар ду давлат маншаъ мегирад"

77
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост аз сиёсати Раҳмону Мирзиёев маншаъ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки дар раъси намояндагони илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар, иштирок намуд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Бар хабари котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар оғози ҳамоиш Зулфия Давлатзода вазири тоҷик иброз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. 

"Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд", - изҳор доштааст Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зимнан, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков низ иброз намудааст, ки ин нахустин сафари онҳо ба Тоҷикистон нест.

"Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд", - афзудаст Назарбеков.

Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.

77
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон, архивное фото

Тавсифи Раҳмон аз дастовардҳои Туркманистон

160
Туркманистон рӯзи 27 сентябр Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар паёмҳои шодбошии ҳамтоёнашро қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Раҳмон ба Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки Туркманистон тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург дар бахши иқтисод, илм, фарҳанг ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавқеи Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстию муносиботи созандаи ду кишвар аҳамияти калон медиҳад.

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Туркманистон зарфияти ҳамкорию шарикии минтақавиро амалӣ хоҳанд кард.

160

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

0
(Таҷдидшуда 20:48 27.09.2020)
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, ИМА тариқи оммавӣ ба паст задани Иттиҳоди Аврупо ва махсусан Олмон машғул мебошад

Лавров дар пайи гуфтушунид бо ҳамтои эронияш, Муҳаммад Ҷавод Зариф, зимни нишасти матбуотӣ, аз ҷумла дар бораи лоиҳаи сохтмони лӯлаи газ “Маҷрои Шимол – 2” гуфт.

“Мо мебинем, ки чигуна ИМА ҳамарӯза тариқи оммавӣ талош мекунанд, Иттиҳоди Аврупоро паст зананд ва пеш аз ҳама Олмонро. ИМА аз забони намояндагони расмияш аз Олмон талаб мекунад, ки бахташро дарк кунаду амнияти энергетикияшро таъмин созад”, - изҳор дошт вазири умури хориҷии Русия.

Ба гуфтаи Лавров таҳримҳои амрикоӣ алайҳи лӯлаи газ ба он равона шудаанд, ки аврупоиҳоро водор созанд, гази ба маротиб қимати моеъро аз ИМА харанд.

Вазири умури хориҷии Русия илова намуд, ки раёсати ИМА талош дорад, ин иқдомашро ҳамчун “таҳкими амнияти энергетикии Аврупо” шарҳ диҳад.

Ба гуфтаи Лавров, акнун барои Олмон анҷоми сохтмони лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” барои Олмон масъалаи нангу номус аст.

0
Барчаспҳо:
Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Русия