Здание парламента Республики Таджикистан

Рӯзи баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ дар Душанбе дақиқ шуд

205
(Таҷдидшуда 14:40 20.07.2020)
Дастгоҳи Маҷлиси миллии Тоҷикистон рӯзи баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ дар Душанберо дақиқ кард

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Рӯзи 5 августи соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Баррасии тағйири ҳудуди ноҳияҳои Душанбе: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис хонд

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба дастгоҳи Маҷлиси миллӣ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар иҷлосия баррасии якқатор қонунҳо дар назар аст.

Рустами Эмомалӣ хостори тағйироти кадрию корӣ дар парлумон шуд: муҳлат – 1 моҳ

Аз ҷумла баррасии қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва  як зумра қонунҳои дигар дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 6 августи соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми  якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мутобиқи моддаи  55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаи таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

205
Барчаспҳо:
Маҷлиси миллӣ, иҷлосия, рӯз
http://1news.uz/culture/ozodbek-nazarbekov-vystupil-protiv-besplatnykh-vystupleniy-/

Назарбеков: "сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати кишвардорони ҳар ду давлат маншаъ мегирад"

124
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, аснои мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ изҳор дошт, сулҳе, ки феълан миёни ин ду кишвар побарҷост аз сиёсати Раҳмону Мирзиёев маншаъ мегирад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik.Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, ки дар раъси намояндагони илму фарҳанги кишвараш дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз дар мизи мудаввар бахшида ба дӯстии мардумони ин ду кишвар, иштирок намуд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Тоҷикистон омад

Бар хабари котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар оғози ҳамоиш Зулфия Давлатзода вазири тоҷик иброз намуд, ки таърихи миллати тоҷик ва ӯзбек то андозае ба ҳам наздик мебошанд. 

"Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ пеш аз ҳама ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои бӯҳронӣ мубориза баранд", - изҳор доштааст Вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Зимнан, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков низ иброз намудааст, ки ин нахустин сафари онҳо ба Тоҷикистон нест.

"Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шароити ҷомеаи муосир саҳифаи наверо дар муносиботи гуногунсамтаи ду давлат  боз намуд", - афзудаст Назарбеков.

Дар ҷараёни мизи мудавар намояндагони ҳар ду ҷониб доир ба рушди муносибатҳои илмию фарҳангӣ изҳори назар намуда, нақши сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҳар ду давлатро дар тақвияти ин ҳамкориҳо муҳим шумориданд.

124
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Встреча президента Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов и президента РТ Эмомали Рахмон, архивное фото

Тавсифи Раҳмон аз дастовардҳои Туркманистон

217
Туркманистон рӯзи 27 сентябр Истиқлоли давлатиро таҷлил мекунад. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури ин кишвар паёмҳои шодбошии ҳамтоёнашро қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.

Раҳмон ба Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки Туркманистон тайи солҳои истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои бузург дар бахши иқтисод, илм, фарҳанг ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ноил шудааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мавқеи Туркманистон дар сатҳи байналмилалӣ боло рафт.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳо ва таҳкими дӯстию муносиботи созандаи ду кишвар аҳамияти калон медиҳад.

Туркманистон сохтмони роҳи оҳани Афғонистон то сарҳади Тоҷикистонро анҷом хоҳад дод

Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки Тоҷикистону Туркманистон зарфияти ҳамкорию шарикии минтақавиро амалӣ хоҳанд кард.

217
День 28 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:44 27.09.2020)
Рӯзи бисту ҳаштуми сентябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳр мебошад. Ҳамчунин Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ низ 28 сентябр ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 28 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1950 Индонезия ба ҳайати СММ шомил шуд.

Соли 1960 дар Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ фармондеҳии ягонаи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ таъсис дода шуд.

Соли 1992 аввалин маротиба маъракаи даъват ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Русияоғоз гардид.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 дар шаҳри Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тақсимот ва муайянкунии сарҳади давлатӣ ба кори худ оғоз кард, ки то 5 октябр давом ёфт.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон форуми тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли 2012 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ"-ро маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  карданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эмомалӣ Раҳмон  дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим" суханронӣ карда буданд.

Соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 14-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ ба ифтихори 25 – солагии барқарорсозии муносиботи дипломатӣ байни ду давлат барномаи фарҳангии «Шоми дӯстии Тоҷикистону Корея» баргузор гардид.

Соли 2017 Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии баҳр.
  • Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бадҷаҳлӣ.
  • Дар Русия – Рӯзи кормандони саноати атомӣ.

Рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1898-1940) Ходими давлатӣ Сурен Шадунс.

Соли 1951 Риёзидон  Сайфулло Бобоев.

Соли 1954 доктори илмҳои таърих, профессор Музаффар Олимов.

Соли 1957 Ходими намоёни давлатӣ Муҳаммад Шарифов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон