"НАТО - ро хаёли тиҷорат кард": чаро Русия намехоҳад ба "Ҳафтгонаи бузург" шомил шавад

266
Вашингтон агар ҷонибдори ҳузури Русия ба ин созмон бошад, Олмон қотеъона норизогии худро ба шомил шудани Русия иброз кунад. Дар ҳоле, ки ҳукумати Русия комилан ҷонибдори пайвастшавӣ бо "G 7"- ро надоранд

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вашингтон ва Берлин сари ҳузури Русия дар нишасти навбатии G7 бащс мекунанд. Доналд Трамп мехоҳад Владимир Путинро дар ин музокирот бубинад, аммо Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас бо ишора ба мушкили Украина гуфтугӯ бо раҳбари Русияро цабул намекунад. Кремл дар посух мегӯяд, ки онҳо умуман ба G7 талош намекунанд ва мехоҳанд нишасти "панҷуми ҳастаӣ" -ро, ки панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ - ро дарбар мегирад, матраҳ кунанд. Сенарияи эҳтимолии таҳияи рӯйдодҳо - дар гузориши  РИА Новости.

"Амният мол нест"

Ҷумҳурии федеративии Олмон ва амрико соли ҷорӣ аз 65 - умин солгарди муносибатҳо дипломатӣ ҷашн мегиранд. 

Иттифоқи Вашингтон ва Берлин ҳамчун кафолати амнияти евро - атлантикаро ифода мекунад. Аммо таҷлил аз солгарди муносибати дипломатӣ метавонад тира шавад.

Авоили тобистон маълум шуд, ки Амрико бидуни ҳазл , дар асл ҳам омодагӣ ба хотири берун овардани 9, 500 низомии кишварашро аз хоки Олмон тарҳрезӣ карда истодааст.

Адмиралҳо ба ҷанг омодагӣ мегиранд: чӣ гуна НАТО ба эҳёи флоти Русия кӯмак мерасонад

Сабаби асосӣ ин ба қадри лозима маблағгузорӣ накардани Паймони Атлантикаи Шимолӣ аз ҷониби Олмон мебошад. Дигар ин ки, ҳукумати Берлин хилофи кам кардани боҷи молҳои амрикоӣ мебошад.

"Иштибоҳи Трамп ин аст, ки НАТО - ро ҳамчун созмони тиҷоратӣ мепиндорад. Амният мол нест ва он танҳо дар ҳамкории муштарак пайдо ба даст меояд", - гуфт вазири мудофиаи Олмон Аннегрет Крамп - Карренбауер.

Аммо дар посух Трамп изҳор дошт, ки "агар олмониҳо мехлҳанд таҳти ҳимояти мо қарор гиранд, бигзор қарзҳои худро пардохт кунанд ва саҳми худро дар буҷаи НАТО афзун намоянд".

 Гузашта аз ин, дар масъалаи амнияти энергетикии Иттиҳоди Аврупо миёни ин ду давлат  ягонагӣ вуҷуд надорад. Амрикоиҳо исрор меварзанд, ки "Маҷрои шимолӣ 2" ва "Ҷараёни туркӣ" вобастагии аврупоиҳоро аз гази Русия афзоиш медиҳанд ва хатарҳои сиёсиро ба вуҷуд меоранд.
Олмонҳо розӣ нестанд, дахолати Вашингтонро дӯст намедоранд. Амрикоиҳо дар мавқеи худ истода, алайҳи ширкаткунандагони аврупоӣ дар лоиҳаҳои энергетикии Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Эътилофи зидди Чин

Ба назар чунин мерасад, ки Берлину Вашингтон дар масоили Маскав созиши муштарак доранд. Аз қабили хилофи пайвастшавии Қрим ба Русия ва ҷонибдорӣ аз низоъ дар ҷанубу шарқи Украина. Амм осари дигар масъалаҳо миёни ин ду кишвар ихтилофот ба миён омадааст.

Депортаменти давлатӣ ҳафтаи гузашта дар мавриди созмон додани Эътилоф алайҳи Чин хабар дод. Гузашта аз ин Майк Помпео пешниҳод намуд, ки дар ин кор Русия низ ҷалб карда шавад. Ҳамчунин кишвардори Амрико Доналд Трамп даъват кард, ки дар нишасти қарибулвуқӯи G7 кишвардори Русия Владимир Путин низ даъват карда шавад.

Аммо сиёсати Олмон дар қиболи Чин мухоифи Амрикост. Канслери Олмон Ангела Меркел бар ин бовар аст, ки Чин на танҳо ба Амрико, балки барои Олмон низ ба як "мушкилоти асосии сиёсати хориҷӣ" мубаддал гардидааст.

Зимнан, Меркел тасдиқ кард, ки то ҳол ягон кишвар наметавонад бо Чин муқовимат кунад.

"Табдили G7 ба Эътилофи зидди Чин ба манфиати Берлин нест", - гуфт Меркел.

Вай то ҳол шубҳа дорад, ки оё ба саммити ИМА дар замони пандемия рафтан лозим аст ё на.

Роҳбари дипломатияи Олмон Ҳайко Маас қатъиян муқобили нияти Трамп барои даъват кардани Путин ба нишаст аст.

"Қрим ва муқовимати низомӣ дар ҷанубу шарқи Украина ба хориҷ шудани Русия аз G8 таъсир расонд. То ҳалли ин масъалаҳо, ман ҳеҷ имкониятеро барои барқарор кардани узвияти Маскав дар ин формат намебинам" - гуфт ӯ.

Барҳамхӯрии НАТО: оё Иттиҳоди Аврупо метавонад ваҳдатро нигоҳ дорад

Аммо ӯ  иқрор шуд, ки ҳадафи ӯ  маънои онро надорад, ки муколама ғайриимкон аст. Маас қайд кард, ки бидуни Русия ҳеҷ гуна пешрафт дар ҳалли низоъҳо дар Украина, Сурия ва Либия ба даст намеояд.

Тавофуқот дар "самити панҷгона"

Ахиран Маскав низ ба ин баҳси гарм вокуниш нишон дод. Вазорати корҳои хориҷӣ ва Шӯрои Федератсия иштироки ҳама иттиҳодияҳои зидди Чинро рад карданд ва қайд намуданд .ба барои русия ҳамкорӣ бо Чин афзалтар аст.

"G7 ба василаи намоиш додани ваҳдати ҷаҳони ғарбӣ табдил ёфтааст, аммо тавлиди тасмимҳои навро қатъ кардааст. Русия ҳамеша барои муколама дар ҳама гуна шаклҳо омода аст, аммо танҳо дар сурати шарти ногузири баробарии иштирокчиён ", -  гуфт Константин Косачев, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Путин, Дмитрий Песков изҳор дошт, ки Русия ҷонибдори баргашт ба G 7  - ро надорад.

"Русия аз самаранокии G20, ки ба воқеияти муосири иқтисодӣ мувофиқ аст, қаноатманд аст", - шарҳ дод Песков.

Гузашта аз ин Владимтир Путин низ изҳор дошт, ки "дар масъалаҳои байналмилалӣ бисёр номуайяниҳо ҷамъ омадаанд, ки таваҷҷӯҳи доимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, қудратҳои расмии ҳастаиро талаб мекунанд.

"Аз ин рӯ, ба назари ман, чунин нишаст саривақтӣ ва муфид хоҳад буд" - афзуд президенти Русия.

Зимнан, роҳбарони  ИМА, Фаронса, Чин, Бритониёи Кабир пешниҳоди Русияро дастгирӣ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ин бора гуфтугӯ мекунанд.
"Саммити панҷ" пешакӣ барои моҳи сентябр таъин шуда буд. Аз сабаби пандемия, интихоби видеоконференсия истисно карда намешавад. Ҳоло доираи мавзӯъҳо барои муҳокима муайян карда мешавад. Маълум аст, ки диққати асосӣ ба вазъ дар минтақаҳои муноқиша, назорати силоҳҳои стратегӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризм дода мешавад.

Нигоҳи прагматикӣ ба Русия

Пал Дунай, коршиноси Маркази Аврупо оид ба таҳқиқоти бехатарии Ҷорҷ Маршалл дар мусоҳиба бо РИА Новости аз хулосаҳои саросарӣ ҳушдор медиҳад. Коршинос мухолифатҳои кунунии Иёлоти Муттаҳида ва Олмонро оид ба бисёр масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иштироки Русия дар G7, "ҷанги калимаҳо" номидааст.

Берлин мекӯшад, ки аз муноқишаҳои оммавӣ бо Вашингтон канорагирӣ кунад. Олмон медонад, ки ҳамаи амалҳои Трамп акнун маъракаи интихоботи Амрико мебошанд. Президенти ИМА кӯшиш мекунад, ки нисбати иттифоқчиёни НАТО қатъиян нишон диҳад, ҳатто агар он ба амнияти Евро-Атлантика зарар расонад. 

Коршинос андешаҳои атрофи саммити қарибулвуқӯъи G7-ро чандон дуруст  намешуморанд. Ба андешаи ӯ қариб ҳама дар G7 борҳо иқрор кардаанд, ки бидуни қудрати минтақавӣ ба монанди Чин, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия кӯшиши ҳалли масъалаҳои глобалӣ беасос аст. ИА инчунин нақши муҳими Русияро дар ҳалли як қатор низоъҳои Шарқи Наздик хуб дарк мекунад, мегӯяд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари асосии Шӯрои байналмилалии Русия (RIAC) Андрей Кортунов мегӯяд, вазъияти  G7 дар ҳоли ҳозир чандон хуб нест ва Русия ягона роҳҳали ин вазъият мебошад.

"Бозгашти Русия ба ин формат метавонад мансубияти онро ба Ғарб собит кунад. Ин инчунин маънои онро дорад, ки мо то ҳол ба арзишҳои тамаддуни Атлантикаи Шимолӣ тамаркуз менамоем. Аммо Русия гумон аст, ки ба чунин мутобиқшавии геополитикӣ розӣ намешавад", - мегӯяд Кортунов.

Коршиносон ба он мувофиқат карданд, ки марҳилаи таҷдиди дохилӣ ва инъикоси ҳадафҳо вақти беҳтарин барои эҳёи G8 нест. Ҷамъбасти панҷум хеле умедбахш аст. Аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ на ҳамеша дар баҳсҳо якдигарро мешунаванд. Ин мумкин аст, ки мулоқоти шахсии сарони давлатҳо вазъро тағйир диҳад.

266
Барчаспҳо:
G7, Русия, НАТО
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

319
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

319
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл с рабочим визитом в Кыргызстан

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

480
Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Абдулло Ариповро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов барои иштирок дар ҳафтумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Масъалаи асосии музокироти сарони ҳукуматҳо Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ифтитоҳи марзҳо ва азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар хоҳад буд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи мулоқот тасмим доранд, ки масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзию об ва фарҳангро баррасӣ кунанд.

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Ғайр аз он, дар доираи сафари намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, инчунин форуми соҳибкорон, ки дар он тоҷирони ӯзбеку тоҷик ширкат мекунанд, баргузор мегардад.

480
Барчаспҳо:
Абдулло Орипов, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
В.Путин принимает участие в четвертом Каспийском саммите

Рӯҳонӣ: дахолати хориҷӣ дар муноқишаи Боку ва Ереван авзоъро печидатар мекунад

0
(Таҷдидшуда 21:53 30.09.2020)
Раисҷумҳурии Эрон бо ибрози нигаронӣ аз даргирии ахир байни Арманистон ва Озарбойҷон, ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷароро мӯҷиби печидатар шудани авзоъ донист

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар тамоси телефонӣ бо Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бо таъкид бар аҳамияти сулҳ, суботу амният дар минтақа афзуд, ки минтақаи Ғарби Осиё тавони бесуботӣ ва ҷанги ҷадидро надорад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Тавре манбаъ қайд намудааст, Рӯҳонӣ бо баёни ин ки бояд барои ҳаллу фасли масъалаи Қарабоғ дар чорчӯби муқаррароти байналмиллалӣ ва тамомияти арзӣ роҳи ҳалле ёфт шавад таъкид кард, ки таваққуфи ин даргириҳо барои Эрон муҳим аст ва Теҳрон интизор дорад Арманистон ва Озарбойҷон бо дироят ва хештандорӣ дар ин масир гом бардоранд.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҷанг роҳи ҳалли бартараф кардани мушкилоту танишҳо ва ихтилофот нест гуфт, ки ҳаргуна дахолати хориҷӣ дар ин моҷаро на танҳо ба ҳаллу фасли мушкил кумак намекунад балки даргириҳо ва танишҳоро тӯлонитар ва авзоъро печидатар хоҳад кард.

Рӯҳонӣ  ҳамчунин бо ишора ба аҳамият ва собиқаи тӯлонии равобити Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодагии Теҳронро барои ифои ҳаргуна нақши созанда, ки мавриди назари ду кишвари дӯсту ҳамсоя бошад, эълом кард.

Никол Пашиниян низ бо ишора ба таҳаввулоти ахири ношӣ аз даргириҳои низомии Арманистон бо Озарбойҷон, танишу даргириро ба зиёни ҳамаи кишварҳои минтақа донисту аз ҳаргуна ибтикори амале барои таваққуфи хушунатҳо истиқбол кард.

Нахуствазири Арманистон ҳамчунин аз мудохилаи хориҷӣ дар масъалаи ихтилофоти Арманистон бо Озарбойҷон ибрози нигаронӣ кард.

0
Барчаспҳо:
Ереван, Боку, муноқиша, даргирӣ, моҷаро, хориҷӣ, Озарбойҷон, Арманистон, Эрон