Президент Беларуси Александр Лукашенко

Лукашенко ба назди мардум баромад - президент чӣ гуфт?

1938
(Таҷдидшуда 19:33 16.08.2020)
Президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, қувваи сеюм мехоҳад дар кишвар ҳокимияти худро барқарор кунад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Имрӯз, 16 август дар шаҳри Мински Белорус ба тарафдории Александр Лукашенко гирдиҳамоӣ баргузор шуд.

Раҳбари давлат дар назди омадагон сухан гуфт. Ӯ изҳор дошт, ки агар дар кишвар дубора интихобот баргузор шавад, Белорус чун давлат нобуд мешавад.

"Маро нобуд мекунед - ин оғози нестшавиатон мегардад. Низомиёнро натарсонед. Шумо бо оташ бозӣ мекунед. Мо ба бераҳмӣ ниёз надоштем, агар онро бознамедоштем, шумо ин ҷо намебудед. Мо набояд барои Урупо партовгоҳ шавем. Кишварро таслим нахоҳем кард. Белорусиҳо бо саратон фикр кунед, набошад ин корро ба ҷои шумо дигарҳо анҷом медиҳанд", - гуфт президент.

Ӯ афзуд, ки "дар хориҷа наметавонанд ба мувофиқа бирасанд, ки кӣ моро раҳбарӣ мекунад".

"Мо ун ҳокимиятҳоро дар хотир дорем. Онҳо як ҷаҳон буданд. Дар Амрико чунинҳо нишастаанд. Ба мо ҳукумати он сӯи баҳр лозим нест", - хулоса кард Лукашенко.

Раҳмон ба Лукашенко: пирӯзӣ, гувоҳи эътирофи саҳми бузургатон дар соҳибихтиёрии давлат аст

Рӯзи шашум дар Белорус тазоҳурот идома дорад. Аз интихоб шудани Лукашенко ба маснади президентӣ на ҳамаи шаҳрвандон шоданд.

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо пирӯз шуд.

 

1938
Барчаспҳо:
суханронӣ, Белорус, Александр Лукашенко
Встреча Посла Республики Таджикистан в Королевстве Саудовская Аравия Акрама Карими с Государственным министром иностранных дел Королевства Саудовская Аравия Аделем Аль-Джубейром

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тақвият меёбад

3
(Таҷдидшуда 15:43 20.10.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзи 19 октябр  дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири  Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Дар ин бора Сафорати тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҳамкриҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.

Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?

"Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд", - омадааст дар хабарнома.

Маросими ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ аз сар гирифта шуд

Ёдрас мешавем, ки Акрам Каримӣ ба тозагӣ - моҳи августи соли равон, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин шуд.

Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.

3
Барчаспҳо:
гуфтугӯ, дидор, сафорат, Ар-Риёз
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президенти АМА Эмомалӣ Раҳмонро шодбош гуфт

109
(Таҷдидшуда 18:46 19.10.2020)
Алифа бин Зойид Оли Наҳён саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро таманно кард

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб Алифа бин Зойид Оли Наҳён раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати дигарбора интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ шодбош гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

"Боиси хушҳолии беинтиҳо ва шарафи бузурги ман аст, ки Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба давраи нави президентӣ самимона табрик намоям. Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ ва ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии минбаъдаро хоҳонам”, - омадааст дар номаи шодбошии президенти АМА.

Президенти Бонки Исломии Рушд Др.  Бандар М. Ҳ. Ҳаҷҷор низ кишвардори Тоҷикистонро ба ин муносибат табрик гуфтааст.

Ба бисёрзанӣ иҷозат медиҳам: нахустин номзад ба президентӣ кадом ваъдаҳоро додааст?

Ӯ омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар доираи тадбирҳои таъхирнопазири дастёбӣ ба истиқрору рушди иқтисодӣ дар марҳилаи пас аз пандемияи COVID-19 изҳор доштааст.

109