Сироджиддин Аслов, архивное фото

Суҳбати Сироҷиддин Муҳриддин бо Муҳаммад Ҳаниф Атмар

119
(Таҷдидшуда 14:50 21.08.2020)
Пас аз суҳбати мустақими президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Афғонистон дар соҳили дарёи Панҷ, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо сарпарасти ВУХ Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар телефонӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар телефонӣ суҳбат кард, абар медиҳад Вазорати корҳои хориҷӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҷонибҳо вазъи минтақа ва Афғонистон, раванди сулҳ дар ин кишвар ва масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар ва нақшаҳо барои ояндаи наздикро баррасӣ намудаанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19 август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ВМКБ дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон мулоқот кард.

Суҳбати Раҳмон дар соҳили дарёи Панҷ бо мардуми Афғонистон: мушкилиҳо ҳал мешаванд - акс

Навори пурраи ин суҳбат дар саҳифаи фейсбукии хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон нашр шудааст.

Сокинони минтақаи наздисарҳадии кишвари ҳамсоя Раҳмонро ба ноҳияи Дарвоз хайрамақдам гуфта, барои имкони дидору мулоқот изҳори сипос мекунанд.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштааст, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

119
Барчаспҳо:
мулоқот, ВУХ ҶТ, вазир, Афғонистон, Тоҷикистон

Лукашенко ба иттиҳомот дар барои инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт

205
(Таҷдидшуда 17:21 24.09.2020)
Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд, вале аз ин маросим хабар надода буданд. Лукашенко имрӯз вокуниши бархе аз кишварҳоро дар ин робита шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко ба иттҳиомот дар бораи инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

Дар вохӯрӣ бо сафири Чин Тсуй Тсимином ӯ изҳор дошт, ки "кишвар вазифадор нест касеро аз баргузории инаугуратсия огаҳ кунад".

Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд. Ожонсии давлатии БелТА бидуни анонс хабар дод, ки Лукашенко ба президентӣ шурӯъ кард ва маросими савгандёдкунӣ дар Қасри истиқлол баргузор шуд.

Вазорати адлия гуфт дар баргузории маросим ягон қонунвайронкунӣ рух надодааст ва ҳамааш мутобиқи қавонин иҷро шудааст.

Ба гуфти Лукашенко бархе аз давлатҳо нисбати Белорус мавқеъи ғайри созандаро пеша кардаанд.

"Аҷибаш ин ки ҳамсояҳо. Ҳамсояҳо атои Худоянд, онҳоро интихоб намекунанд ва мо тақдиран бояд бо дӯстӣ ба сар барем. Вале, на ҳамеша чунин мешавад. Шумо медонед, давлатҳои ҳамсоя бахусус Полша чӣ мавқеъгирӣ кардааст", - гуфт президент ба сафири чинӣ.

Ӯ ҳадз зад, ки ҳамсояҳо муттаҳид шудаанд, ки ҳукумати Белорус "ба лаҳистониҳо, литвагиҳо, украиниҳо ва боз ба ким -киҳо" аз баргузории инаугуратсия хабар надод. Дар баробари ин раҳбари кишвар қайд кард, ки тибқи қонун, ҳукумати Минск вазифадор нест намояндгони дигар кишварҳоро аз савгандёдкунӣ хабар кунад.

"Ин кори дохилии кишвари мо аст. Нақд танҳо як аст: пинҳонӣ буд... Медонед, ба маросими савгандёдкунӣ наздики 2 ҳзаор нафар аз ҷумла низомиён даъват шуда буданд. Дар пинҳонӣ нигоҳ доштани ин номумкин аст", - изҳор дошт Лукашенко.

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо дар интихобот пирӯз шуд.

Бетартибиҳо дар ин кишвар пас аз эъломи намтоиҷи интихобот оғоз шуд, ки то кунун идома дорад.

205
Барчаспҳо:
инаугуратсия, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Белорус, Александр Лукашенко
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке

Номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон: шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботӣ

499
(Таҷдидшуда 20:09 24.09.2020)
Кишвардори кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз барои курсии президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр, қувва меозмояд

26 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Раисиҷумҳури кунунӣ қарор кард бори панҷум дар фаъолияти сиёсиаш, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Шарҳи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон 

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад.

Фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад.

Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад.

Ҳамин тариқ дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард.

Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон

Шиор: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум.

Се вазифаи асосӣ:

1. Таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Дар назар аст:

сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш дода шавад;

вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад;

сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона шавад;

ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад.

Нақшаҳо:

  • мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;
  • тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;
  • идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;
  • идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;
  • амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  • густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;
  • ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;
  • таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳоиилмумаориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, даврабадавразиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддивутехникиионҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;
  • тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;
  • тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;
  • тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;
  • ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;
  • таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;
  • таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;
  • пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ — терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ;
  • тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
  • таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ,  иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ,  Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;
  • устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;
  • идома ва такмил додани сиёсати "дарҳои кушода";
  • ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо  дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;
  • ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.
499
Барчаспҳо:
ироъаи барномаи пешазинтихоботӣ, интихобот, сиёсат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Милиционеры в Душанбе, архивное фото

Капитану подполковник, майорро латукуб намуданд: парвандаи ду масъули баландпояи Суғд

0
Нисбати Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии шуъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди РВКД ва подполковник Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, сардори шуъбаи мазкур, барои шиканҷа ва озори як шахси низомӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст

ДУШАНБЕ, 25 сен – Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон тафтишоти муқаддамотии ин қазия собит намудааст, ки ба ин ҷинояти нангин подполковники милитсия Раҳмонзода Муҳаммадалӣ Раҳмон, сардори шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд низ даст доштааст.

Агентии коррупсия фасодзадатарин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон эълон кард

Манбаъ тавзеҳ дод, ки ин ҳодиса оғози ҳафтаи равон рух дода ва ҳоло подполковник Раҳмонзода аз тафтишот пинҳон шуда, фирор намудааст.

"Ҳоло кофтукови фаврӣ-ҷустуҷӯӣ нисбати Раҳмонзода Муҳаммадалӣ ва дигар ҳаммаслакони ӯ, ки дар содир намудани ҷинояти шиканҷадиҳӣ ҳамроҳ мебошанд, идома дорад", -  гуфтанд манобеи Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Юнусзода ва Раҳмонзода бо маслиҳати пешакӣ, як командири қисми низомии мустақар дар ноҳияи Масчоҳ, дорои рутбаи майор бударо, ба утоқи кории худ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ӯро шадидан латукӯб кардаанд.

Дар бораи бадрафторӣ ва мавриди шиканҷа қарор гирифтани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони мақомоти низомӣ то ин дам хабарҳо зиёд нашр мешуданд.

Зимнан, оиди ин ҳодиса прокуратураи шаҳри Хуҷанд нисбати Юнусзода Даврон ва Раҳмонзода Муҳаммадалӣ, масъулони шӯъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд бо аломатҳои моддаи 316 қисми 3 ва ва 358 и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, латукӯб, Суғд