Президент РФ В. Путин встретился с наследным принцем Саудовской Аравии М. ибн Салманом Аль Саудом

Шоҳзода ва Президент: чаро Амрико муносибати хуби Путину Муҳаммадро намехоҳад

301
(Таҷдидшуда 17:02 28.08.2020)
Интизор меравад, авохири моҳи ноябр дар Арабистони Саудӣ самити G20 баргузор гардад. Мизбони самит шоҳ Салмони 84 - сола ва писари 34 - солаи ӯ Муҳаммад мебошад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Аввалин мулоқоти бузурги пешвоёни ҷаҳон пас аз пандемия дар охири моҳи ноябр дар Риёз баргузор мешавад.

Дар робита ба хатари маризии коронавирус эҳтимолияти ба вақти дигар гузарондани самити G20 низ мавҷуд аст.

Ин ҳамоишро шоҳи Салмони 84-сола баргузор мекунад, аммо мизбони аслӣ писар ва вориси ӯ Муҳаммади 34-сола хоҳад буд. Ва яке аз меҳмонон Владимир Путин аст ва сафари қарибулвуқӯи ӯ ба Арабистони Саудӣ сеюмин ташрифи ӯ хоҳад шуд.

Муносибати геополитикии Арабистони Саудӣ ва Русия яке аз муҳимтарин тамоюлҳои солҳои охир мебошад. Далели барҷастаи он ҳамкорӣ дар бозори нафт аст: ба истилоҳ созишномаи ОПЕК +, ки аз охири соли 2016 амал мекунад.

Дар моҳи марти соли равон, ҷонибҳо натавонистанд ба мувофиқа расанд ва дар бораи параметрҳои тамдиди он ба мувофиқа расанд - аммо аллакай моҳи апрел, пас аз поинравии фалокатовари нархи нафт, онҳо созишномаи нав имзо карданд. Аммо нафт танҳо як бахши наздикшавии Русия ва Арабистони Саудист ва меъморонаш Путин ва Муҳаммад мебошанд. Дар тӯли панҷ сол онҳо ба муваффақиятҳои зиёд ноил гаштанд ва ҳоло тафсилоти хеле ҷолиби он, ки чӣ гуна сар шудани ҳама чиз аниқ карда мешавад.

Фурӯши рекордии нафти Русия ба Амрико

Муносибатҳои Арабистони Саудӣ ва Русия таърихи садсола дорад, гарчанде  хеле нобаробар ҳам буд. Амрикоиҳо ба ҳар роҳу васила саудиёнро аз муносибати судманд бо ИҶШС тарс медоданд.

Аммо замон, ки  амрикоиҳо Ироқро шикаст дода, Афғонистонро ишғол мекарданд, Арабистони Саудӣ ба Маскав равишҳои мухталиф дошт - аммо асосан ба мавзӯи Эрон тамаркуз мекард. Пешгирии наздикшавии Эрону Русия барои Риёз муҳим буд, зеро маҳз Теҳрон ҳамчун таҳдиди асосӣ ва душмани асосӣ дониста мешуд. Дар ҳамин ҳол, мушкилоти асосии саудиён на бо эрониён, балки бо амрикоиҳо, аниқтараш, дар сиёсати онҳо дар Ховари Миёна буданд.

Аз миёнаҳои солҳои 2000-ум саркардагони Арабистони Саудӣ зуд-зуд ба Маскав ташриф меоварданд, алахусус шоҳзода Бандар, сафири собиқ дар Вашингтон ва роҳбари истихборот. Соли 2007 президенти Русия бори аввал ба Риёз ташриф овард ва чунин ба назар мерасид, ки муносибатҳои ду кишвар ба зудӣ ба сатҳи нав хоҳанд расид.Аммо дар роҳбарияти Арабистони Саудӣ мубориза байни ду стратегия идома дошт: ҷонибдори Амрико ва зиддиамрико.

 Баҳори Араб, ки соли 2011 оғоз ёфт, хавфҳоро барои подшоҳӣ афзоиш дод: пай дар пай кишварҳои олами араб сар заданд. Бартараф кардани душманони рақиб, ба монанди Каддафи, зарари Мисрро ҷуброн карда натавонист, ки дар он Ихвонулмуслимин ба қудрат расид, бесарусомонӣ дар Ямани ҳамсоя ва ҷанг дар Сурияи ҳамсоя. Умедворӣ, ки амрикоиҳо, агар вазъро зери назорат нагиранд, ҳадди аққал кумак кунанд, зуд аз байн рафтанд.

Таҳримҳои зидди Эрон: фикри хоми ИМА

Он замон шоҳ Абдуллоҳ дар Риёз вафот мекунад ва дар моҳи январи соли 2015, бародари хурдиаш Салмон дар тахт менишинад. Аммо дар асл, шахси аввал шоҳзодаи 29-сола Муҳаммад бин Салмон мешавад. Дар тобистон Салмон ба Русия сафар мекунад ва бо Путин мулоқот мекунад. Дар солҳои минбаъда, ӯ доимо ба Русия рафту омад мекард ва  баъзан дар як сол ду маротиба, аммо сафари нахустини ӯ калидӣ буд.

Зимнан, худи Муҳаммад ибн Салмон низ ҷонибдори ҳузури Русия дар ҷанги Сурия буд.18 июни соли 2015 шоҳзода бо кишвардори Русия Владимир Путин мулоқот намуда буд, ки боиси хашми амрикоиҳо гардид. Вале вақте шоҳзода аз нигарониҳои Амрико бобати мулоқот худ бо Путин огоҳ шуд, ба ғазаб омада буд.

Мавқеи Амрикоро  сардори CIA Бреннан ба Ал Ҷабрӣ изҳор кард. Вақте ки Ҷабрӣ ба Муҳаммад дар ин бора нақл кард, шоҳзода аз фишори Амрико ба хашм омад ва эҳтимолан Ал Ҷабриро дар бозии дугона гумонбар донист. Ҷабрӣ аз мақом сабукдӯш ва ба Канада гурехт.

Баҳори имсол, расонаҳо дар мавриди сӯҳбати телефонии Путин бо Муҳаммад навишта буданд ва гӯё зимни гуфтугӯ ҷонибҳо дар мавриди созишномаи нави ОПЕК + ҷанҷол карданд.

Гузашта аз ин, Вашингтон низ дар он ҳикоя омехта буд: домоди Трамп гӯё аз ниятҳои шоҳзодаи Арабистони Саудӣ  дар мавриди гуфтугӯи шадид ӯ бо Маскав огоҳ буд, аммо шоҳзодаро бозмедошт. Ин ҳама маълумотҳои иғвогарона ба роҳ мондани ихтилофи байни Маскав ва Риёз равона буд, аммо бенатиҷа анҷом ёфт. Зеро ба зудӣ Путин ва Муҳаммад дар бораи созишномаи нави нафт ба мувофиқа расиданд. Манфиатҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ ҳар ду кишварро ба ҳам наздик мекунад. Амрико бошад боварии шоҳзодаро барқарор карда наметавонад.

301
Барчаспҳо:
Амрико, Арабистони Саудӣ, Русия
премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

191
(Таҷдидшуда 21:34 19.09.2020)
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, сафари Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе ба рӯзҳои 28-30 сентябр рост меояд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik.  Омодагӣ ба сафари Абдулло Арипов дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар доираи ин сафар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон рӯзҳои 28-30 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин зимни ин сафар ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад

Дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло омодагиҳо ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давом доранд.

Тибқи иттилои манбаъ, ин нукта зимни вохӯрии  Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини якуми Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов, муовини Вазири иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатии Ӯзбекистон Акмалхон Ортиқов, ки 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла зиёд намудани нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба, таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

191
Барчаспҳо:
ҷаласа, ҳамкорӣ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Здание парламента Республики Таджикистан

Санаи сафари Иноятов дар садри вакилони Ӯзбекистон ба Душанбе маълум шуд

171
(Таҷдидшуда 17:09 19.09.2020)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон санаи сафари ҳайати вакилони Ӯзбекистонро таҳти роҳбарии Улуғбек Иноятов ба Душанбе эълон кард

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ҳадафи сафар иштирок дар нахустин ҷаласаи муштараки гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошад. Ҳайати намояндагони парлумони Ӯзбекистон 20 сентябр ба Душанбе меояд.

Дар Душанбе мулоқотҳои ҳайати парлумонии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон 21 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Муҳаммадатов Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба “Ховар” иттилоъ додааст, ки ҳайати Ӯзбекистонро, ки ба ҳайати он намояндагони ҳарду палатаи парлумони ин кишвар шомиланд, муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов сарварӣ мекунад.

“Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ӯзбекистонро муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ сарварӣ мекунад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ илова намуд, ки щайати Ӯзбекистон дар доираи ин сафар ҳамчунин бо раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, аз шаҳри Турсунзода дидан менамояд.

171
Барчаспҳо:
парлумон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Выборы в парламент Таджикистана - Москва 2020 год

Даҳ ҳазор довталаб барои баргузории интихоботи президентӣ Тоҷикистон кӯмак хоҳанд кард

0
(Таҷдидшуда 02:29 20.09.2020)
Кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон эълом кард барои баргузории интихоботи президентӣ 11 октябр 10 ҳазор ҷавони довталаб ба кӯмаки комиссияи марказии интихобот хоҳанд омад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дилноза Аҳмадзода муовини раиси кумитаи давлатии ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо эъломи ин хабар дар нишасти комиссияи марказии интихоботи ин кишвар  афзуд, ки ин 10 ҳазор нафар дар ҳама қитъаҳои интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт, то ба маъмурони интихоботӣ кӯмак кунанд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои  Хуросон. 

Вай гуфт, 250 нафар аз ин довталабон ба забонҳои руси ва англисӣ мусаллат ҳастанд ва ба нозирони байналмилалии интихоботи президентӣ Тоҷикистон  кӯмак хоҳанд кард.

Ин довталабон акнун машғули таҳияи феҳристи райдиҳандагон , сабти номи онон ва омодасозии маконҳо барои дидорҳои интихоботӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ мебошанд.

Бар асоси тасмими комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  номзади Ҳизби халқии Демократӣ, Рустам  Латифзода  номзади Ҳизби Кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади ҳизби сотсиалист, Рустами Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев номзади Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 11 октябр  рақобат хоҳанд кард.

0
Барчаспҳо:
Кумитаи ҷавонону варзиш, кӯмак, ҷавонон, президентӣ, интихобот, Тоҷикистон