Железнодорожный знак, архивное фото

Чигуна таҳримҳои зидди Русия қаторҳои Латвияро бозмедоранд?

234
(Таҷдидшуда 20:04 31.08.2020)
Ширкати мусофирбарӣ дар роҳи оҳани Латвия изҳор медорад, ки ҳудуди 20 қатори дизелӣ боқӣ мондаанд, ки метавонанд дар мусофирбарии наздишаҳрӣ кор бурда шаванд. Таъмиру харид кардан иҷозат нест, чун таъминкунанда зери таҳримҳо қарор дорад

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Рӯшан аст, ки барҳам задани иқтисоди кишвари таҷовузгар, на танҳо барои наҷоти мардуми Аврупо ва шояд барои тамоми ҷаҳон муфид бошад. Таҷовузгар нафастанг шудааст, месулфад, хомӯш шуда истодааст ва то чандеи дигар аз пой меафтад. Бо иқтисоди барҳамзада ба эҳтимоли зиёд зери бори худ хоҳад монд, на ба сари мардуми озодидӯст меафтад. Ин на танҳо муфид, балки хушоянд ҳам аст. Писандида аст, вақте нафаре мехоҳад, ба ту чизе фурӯшаду ту сар меҷунбонӣ, ки не – намехарам.  

Ростӣ баъзан мушкилот ҳам сар мезананд. Ба наздикӣ марҳилаи фаъолии мардум аст, ки берун мешаванд. Ҳар гуна коронавирусҳо, ки гарчанде ақибнишинӣ накарда бошанд ҳам, мардум дигар аз онҳо тарс надоранд. Мусофирбарҳо зиёд шудани мусофиронро интизоранд. Онҳо омода шудаанд ва матбуот муроҷиат намуданд, то мусофирон низ омода шаванд.

Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Ӯзбекистон боз мекунад

Корхонае, ки ба мусофирбарии наздишаҳрӣ машғул аст, ба шаҳрвандон хабар дод, ки ҳудуди 20 қатори дизелии дигар боқӣ мондаанд. Ҳадди ақал дар коғаз чунин аст. Ва агар ба шиддат ҳаракат кунанд, ба эҳтимоли зиёд танҳо дар коғаз боқӣ хоҳанд монд. Онҳо бо тарсу таваккал ҳаракат доранд.

Чихел, он ҳама куҷо шуд? Куҷо, куҷо, ҳама барои мубориза бо кишвари таҷовузкор равона шуд. Корхонаи мошинсозии “Звезда” ба феҳрасти таҳримҳо шомил шуд, чизе аз он гирифтан мумкин нест. Қаблан аз он муҳаррик барои қаторҳо мегирифтанд. Ҳамаи таҷҳизоти иловагии онро дар ин корхона дар шаҳри Санкт-Петербург месозанд. Акнун на дуздидан мешаваду на таъмир кардан.

Манъи пахши RT: Ғарб чӣ тавр алайҳи Русия мубориза мебарад

Албатта мешавад, дар қатори барқӣ рост истода рафтуомад кард. Агар боқимондаҳо ҳам пароканда шаванд, бало ба пасаш, “чун анъана қисм –қисм хона ба хона” бурда мешавад. Муҳим ин аст, ки ғалаба наздик аст.  

Корхона мумкин барвақт муфлис шуду сӯхт? Дар Петербург ҳама бо ангуштҳои газида аз пушаймонӣ мегарданд? Дар Кремл мушавваш дарҳоро мезананд? Агар чунин набошад? Ба эҳтимоли зиёд чунин аст, аммо дар баробари нороҳатиҳо суолҳои зиёд пайдо мешаванд. Чаро ин ҳама нороҳатиҳоро бояд мардуми одии Латвия таҳаммул кунанд. Низомро такон дода истодаем, сар чарх мезанад, аммо аз чӣ бошад, ки муфлисшавӣ на аз он тарафи марз сурат гирифта истодааст. Аммо тавре мегӯянд, агар тариқи давомдор сутунро такон диҳӣ, он аз бех ба ҷунбидану калавидан медарояд, воқеан ба сари оне, ки такон медиҳад.

234
Барчаспҳо:
таҳримот, Аврупо, Русия
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл в Душанбе

Миннатдории Раҳмон аз ҳукумати Ӯзбекистон барои кумак дар давраи ҳамагирӣ

300
(Таҷдидшуда 20:04 29.09.2020)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов аз ҳукумати кишвари ҳамсоя барои кумак, изҳори сипос кард

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо бо қаноатмандӣ тамоюлҳои мусбати рушди устувор ва таъмиқи муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла афзоиши мунтазами ҳаҷми тиҷорати мутақобила, кори фаъолонаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро, ки ҷаласаи навбатии он имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид доштаанд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки натиҷаҳои кори Комиссия, бешубҳа, ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҷонибҳо мусоидат хоҳанд кард.

Президент хусусияти афзалиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон қайд карда, аҳамияти нигоҳ доштани робитаҳои доимии сиёсӣ ва муколама дар сатҳҳои олӣ ва баландро барои пайгирона мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид кардааст.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мубрами густариши ҳамкорӣ дар шароити пандемияи бемории сироятии коронавируси нав, Президент аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба дӯстони узбек барои кумаки башардӯстона, ки дар рӯзҳои барои ҳама вазнин ба Тоҷикистон расониданд, изҳори сипос намудааст.

Бо дарназардошти таҳдиди ҷаҳонии паҳншавии COVID-19, ҷонибҳо андешидани чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирии таъсири манфии бӯҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҷараёни муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишвар зарур донистанд.

Соҳаҳои гидроэнергетика ва сохтмони инфрасохтори нави роҳҳо ҳамчун самтҳои дигари умедбахши ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

300
Барчаспҳо:
дидору мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон, Абдулло Орипов, ҳукумати Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Премьер-министр Узбекистана Абдулла Арипов прибыл с рабочим визитом в Кыргызстан

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов вориди Душанбе шуд

469
Роҳбари ҳайати Ӯзбекистон Абдулло Ариповро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини сарвазир Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии сарвазир Абдулло Орипов барои иштирок дар ҳафтумин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ вориди Душанбе шуд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари ҳайати Ӯзбекистонро муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадзода пешвоз гирифт.

Масъалаи асосии музокироти сарони ҳукуматҳо Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов ифтитоҳи марзҳо ва азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар хоҳад буд.

Инчунин, ҷонибҳо дар доираи мулоқот тасмим доранд, ки масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, кишоварзию об ва фарҳангро баррасӣ кунанд.

Санаи сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Тоҷикистон маълум шуд

Ғайр аз он, дар доираи сафари намояндагони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, инчунин форуми соҳибкорон, ки дар он тоҷирони ӯзбеку тоҷик ширкат мекунанд, баргузор мегардад.

469
Барчаспҳо:
Абдулло Орипов, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Пробирка с коронавирусом 2019-nCoV

Қазоқистон марзкушоиро ба рӯи дигар кишварҳо қатъ мекунад

97
(Таҷдидшуда 11:58 30.09.2020)
Мақомоти Қазоқистон пешниҳод дорад, ки дар робита бо авҷгирии дубораи коронавирус бозкушоии парвозҳо бо кишварҳо ба таваққуф гузошта шавад

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон пешниҳод дорад, ки аз 5 октябр бозкушоии парвозҳо бо дигар кишварҳо мутаваффиқ карда шавад, гуфт вазири тандурустии кишвар Алексей Тсой дар ҷаласаи ҳукуматӣ.

Ба гуфти ӯ ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ дар кишварҳои хориҷа, барои пешгирии паҳншавии густурдаи коронавирус аз 5 октябр бозкушоии марзҳо ба рӯи дигар кишварҳо бояд ба таъхир гузошта шавад ва бо мамолике, ки аллакай парвозҳои мустақим кушода шудааст, шумораи парвозҳо набояд бештар шавад.

Қазоқистон қоидаҳои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш тағйир дод

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки эҳтимолан парвозҳо ба ҷониби Туркия кам карда шавад.

Вазир таъкид кард, барои шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои "категорияи дуввум" аз ҷумла - Швейтсария, Бритониё, Полша, Италия, Венгрия, дигар кишварҳои Урупо, ҳамчунин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саъудӣ, Ҳиндустон, Армнаистон, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон назорати санитарӣ ҷорӣ карда шавад.

Мушкилӣ дар марзи Қазоқистон нархи газро дар Тоҷикистон боз боло бурд

Ҳарорати бадани мусофирон бояд санҷида шуда, пурсишнома гузаронида шавад. Ҳамчунин мусофирон бояд санади манфӣ будани ташхиси коронавирусро пешниҳод кунанд.

Барои кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ва Ӯзбекистон дар постҳои мошингузар низ, вазир чунин талаботро ҳатмӣ гуфт.

97
Барчаспҳо:
кишварҳо, боз, марзбандӣ, Қазоқистон