Рахматилло Зойиров, архивное фото

ҲСДТ интихоботи президентии Тоҷикистонро бойкот кард ва аз ширкат дар он даст кашид

567
(Таҷдидшуда 11:46 01.09.2020)
Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон интихоботи навбатии президентиро, ки дар назар аст 11 октябри с баргузор гардад, ғайриқонунӣ ходаву таҳрим кардааст

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik.  Раҳматилло Зойиров, қарори ҳизби зертобеяшро дар Фейсбукияш нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, интихоботи дар пеш истода бидуни риояи қавонини интихоботии Конститутсияи Тоҷикистон сурат мегирад ва иштирок дар он ғайриимкон мебошад.

“Таъини интихоботи президенти дар санаи 11 октябри соли 2020 ғайриқонунӣ ва зиддӣ модаҳои 67-68 Конститутсияи амалкунанда аст”,-омадааст дар қарори нашркадаи Зойиров.

Зойиров гуфтааст, ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад ба президенти ҶТ, қи 250 ҳазор муқаррар карда шудааст, ғайриимкон аст, зеро 50 % шаҳрвандони ҶТ дар хориҷ ба сар мебаранд ва наметавонанд дар ҷамъоварии имзоҳо ширкат дошта бошанд.

Ҳамзамон дар қарор гуфта мешавад, қабули қонуни нав дар бораи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР), ки таъсиси он бар асоси принсипи “бепартиявӣ” сурат гирифтааст, аслан аз аъзоени ҳизби ҳоким ташкил шудааст. Аз ҷумлаи 31 ҳазор аъзои комиссияҳои интихоботи 25 ҳазорашон аъзоени Ҳизби ҳалқи-демократи мебошанд.

“Президенти амалкунанда набояд раиси ҳизби сиесӣ бошад. Раисии ӯ низоми бисерҳизбиро халалдор кардааст ва онро ба низоми якҳизби мубадал гардондааст”,-омадааст дар қарор.

Ҳакимов: иштироки ҲСДТ дар интихобот дар чунин шароит ғайриимкон аст

Ҳаммаи комиссияҳои интихоботи ва субъектҳои пешбарикунандаи номзад ба президенти Тоҷикистон (ҳизбҳои сиесӣ, маҷлисҳои вилоятии намояндагони халқ, иттифоқи касаба, кумитаи кор боҷавонон соҳторҳои хокимияти давлатианд ва фаъолияташон ба манфиати президенти амалкунанда нигаронида шудааст, омадааст дар қарор.

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад

Қаблан низ Раҳматилло Зойиров эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намекунад ва изҳори умедворӣ кард, ки шӯрои сиёсии ҳизб низ ба интихобот бойкот эълон мекунад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон санаи 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. Барои ширкат дар ин маърака то кунун 4 нафар дақиқ шуданд ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ номзад пешбарӣ шуд, аммо ҲХДТ ӯро то ҳол расман пешниҳод накардааст.

567
Барчаспҳо:
байкот, Раҳматилло Зойиров, ҲСДТ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Военный конфликт в Карабахе

Оё Туркия метавонад дар Қафқоз Русияро ба танг орад?

272
(Таҷдидшуда 20:29 01.10.2020)
Ҷанг дар Қарабоғи Куҳӣ метавонад боиси аз даст рафтани таъсири Русия дар моварои Қафқоз шавад, мегӯянд баъзеҳо бо нигаронӣ ва бархеи дигар бо умед

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Пётр Акопов. Агар Русия ҷойгоҳашро дар минтақа аз даст диҳад, Туркия соҳиб мешавад. Бинобар ин зарур аст, ки қотеъона яке аз тарафҳоро ҷонибдорӣ карда, ба туркҳо дар бораи ғайри қобили қабул будани дахолат ба таниш ҳушдор дод. Вагарна ҳамаро аз даст медиҳем, Арманистон бой медиҳаду аз Русия дилхунук мешавад. Озарбойҷон низ ба самаранокии пуштибонии Туркия муътақид шуда, муносиботаш бо Маскав сард мешавад. Туркия бошад, пуртаъсиртарин нерӯ дар Қафқози ҷанубӣ шуда, шерак мегардаду ба чархҳои Русия дар бахшҳои дигар бештар калтак хоҳад монд. Аз ҷумла дар самти Сурия ва Либия. Дар маҷмуъ замонҳои ҷанги Русия ва Туркия бармегардад.

Ин амалкард дар маҷмуъ зараровар ва нодуруст аст - Русия ҷониберо дар ин ҷанги бемаънӣ пуштибонӣ нахоҳад кард ва ба оташбаси ҳарчи зудтар ноил мешаваду ҳамзамон мавқеашро дар минтақа аз даст нахоҳад дод. Аммо дар баробари ин нагарониҳои қисме аз мардумамонро изҳороти баланди мақомоти Туркия бештар мекунанд. Онҳо бархилофи Русия на танҳо ба оташбас даъват намекунанд, балки ҳаматарафа Бокуро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон Русияро айбдор мекунанд. Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия мегӯяд, ихтилофи Қарабоғи куҳӣ барои ҳамеша бояд бартараф гардаду абарқудратҳо дар ин масъала набояд ба ӯ машварат диҳанд:

“ИМА, Русия ва Фаронса 30 сол боз наметавонанд ин масъаларо ҳал намоянд. Гуруҳи ба ном “Сегонаи Минск” мушкилро ҳал накард. Зиёда аз ин тамоми корро анҷом дод, ки мушкилро ҳал насозад. Ҳозир онҳо танҳо доноӣ ва гоҳо таҳдид мекунанд. Вақти пардохт фаро расид. Озорбойҷон бояд худаш нофашро бурад”.

Мевлют Чавушоглу, вазири умури хориҷии Туркия, мегӯяд, “мо бо Озорбойҷонем, ҳам сари мизи музокирот ва ҳам дар майдони ҷанг. Ин сухани ҳавоӣ нест. Ҳар кумаке ба Озорбойҷон лозим ояд, мо омодаем, онро ироа намоем”. Ҳамзамон дар муроҷиат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла САҲА, аз меъёрҳои дугуна эътироз мекунад:

“Имрӯз мо якҷоя тамомияти арзии Украина ва Гурҷистонро ҷонибдорӣ мекунем. Ин мавқеъгирии асоснок ва дуруст аст. Аммо вақте сухан дар бораи Озорбойҷон, ки заминҳояш ғасб шудаанд, меравад, онро дар як паллаи тарозу баробар ба кишвари истилогар – Арманистон мегузоранд. Чунин мавқеъгирӣ аслан нодуруст ва ноадолатона аст”, - мегӯяд вазири хориҷии Туркия.

Ба ибораи дигар Туркия ба Русия хотиррасон мекунад, ки Қримро эътироф намекунаду дар масоили Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон ҷонибдори Русия нест. Акнун боз даъватҳои Маскав дар бораи нарехтани равған ба оташро нодида мегирад. 

Наход Эрдуғон тасмим гирифт, ки дар муносибот бо Путин ҳадшиканӣ кунаду муносиботи Русия ва Туркияро зери зарба монад. Агар баъди ноябри 2015, вақте Туркия ҳавопаймои Су-25-ро суқут дод, муносибот тайи 9 моҳ қатъ шуда буданду баъдан дубора барқарор гардиданд, тоби ҷанҷоли навбатиро метавонанд надошта бошанд.

Сарфи назар аз изҳороти ҷангӣ, Туркия намехоҳад муносибот бо Русияро зери хатар гузорад ва ба ҷанги Озорбойҷону Арманистон дахолат нахоҳад кард. Хабарҳо дар бораи интиқоли ҷангиён аз Сурия чун нобудсозии ҳавопаймои Су-25-и Арманистон аз ҷониби F-16-и Туркия марбути хабарпароканиҳои дурӯғ – дезинформатсия мебошад.  Аммо дахолати сиёсии Туркия албатта ҷой дорад, ки ба ҳадди бузург расидааст. Ин ба Анқара чӣ лозим ва бо ин кораш чӣ ҳадафҳо дорад?

Мехоҳад Русияро аз Қафқози ҷанубӣ танг кунад? Ин ғайривоқеӣ мебошад – Қафқоз чандин аср макони рақобату бархӯрдҳои Русия ва Туркия буд, ки дар натиҷа он ба ҳайати Русия дохил шуд. Суқути Шӯравӣ маънои берун шудани Қафқоз аз минтақаи таъсири Русияро надошт. Ҳатто муносиботи бад ва баъдан ҷанг дар Гурҷистон натавонистанд Маскавро аз бастаи таъсироти бештар дар минтақа маҳрум созанд. Бале Туркия барвақт ними Гурҷистонро харидааст, бале бо Озорбойҷон “ду давлату як халқ” доранд, аммо таърихан, иқтисодӣ ва башарӣ ҳар сеи ин кишвар хеле зич вобастаи Русия мебошанд. Ҳатто Гурҷистон, ки бо Русия муносиботи дипломатӣ надорад, хеле ниёз ба Русияро дорад: масалан гурҷиҳои муқими Русия, ки аз ҷумла тиҷоратҳои бузург доранд, сайёҳони русиягӣ ва дороии русиягӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ. Бале Гурҷистон талоши бозӣ бо НАТО дорад, аммо ҷуғрофиёро наметавон фиреб кард ва Русия қотеъона мухолифи воридшавӣ ба Эътилофи Атлантикаи шимолӣ мебошад. Дар баробари ин Маскав чандон кордори туркисозии иқтисодиёти Гурҷистон нест.

Туркия метавонад минбаъд низ таъсирашро дар моварои Қафқоз таҳким бахшад, аммо набояд талош барои тангсозии Русия аз минтақа созаду такя ба бозиҳои заифкунандаи мавқеъи Русия намояд.  Аммо маҳз ҳамин охириро Эрдуғон мехоҳад амалӣ кунад. Ҷонибдорӣ аз ҷанг дар Қарабоғи куҳӣ барои он ба ӯ зарур аст, ки Русия ба кори муштарак бо Туркия барои ҳалли мушкили Қарабоғи куҳӣ розӣ шавад. Моҳиятан маҳз ҳаминро Чавушоглу баён дошт.

“Пешниҳодҳое аз ҷониби президенти мо ба Путин буданду ин масъала бо Лавров низ баррасӣ шуд, аммо ихтилоф роҳи ҳаллашро пайдо накард. Тавре мо дар Сурия якҷоя амал мекунем, талош кардем дар ин ҷо низ чунин шавад, аммо муваффақ нашуд. Мегӯянд, бигзор ҷанг хотима ёбад. Бигзор. Зарур аст оташбас эълон шавад, аммо дар баробари ин бояд Арманистон аз заминҳои забткардааш биравад. Инро мегӯянд? Не. Дар ин сурат масъала чӣ гуна ҳал мешавад? Аллакай 30 сол ин гуфтушунидҳо ҷараён доранд, ки ҳеч натиҷа надоданд. Ва ҳеч чизи мушаххасе барои ҳалли масъаларо пешниҳод намекунанд. Мо оромона мехоҳем, ин иттилоъро ба шариконамон расонем. Аммо гуфтани ин танҳо сари мизи музокирот кифоя нест. Ин чун муроҷиат ба кар аст. Барои ин зарур аст, ки чунин равандҳо ҳам сари мизи музокирот ва ҳам дар майдони ҷанг гузаронда шаванд. Ин корест, ки мо анҷом медиҳем. Мо хеле зиёд самаранокии чунин бархӯрдро дидем”.

Қаробоғи Кӯҳӣ: Оё Озарбойҷону Арманистон метавонанд оташбас эълон кунанду пешти мизи сулҳ нишинанд?
Sputnik/RUPTLY/ TV/Государственные учреждения Азербайджана и Армении

Вазири умури хориҷии Туркия ҳеч зиддунақизеро намебинад, гӯиё модоме дар Сурия бо Русия ба созиш омадаанд, чаро дар ин ҷо чунин амал мумкин нест. Мумкин нест – чун Сурия то замони пайдоиши Русия, аллакай чор сол оғуштаи ҷанг буд, аммо дар Қарабоғи куҳӣ он соли 1994 анҷом ёфта буд. Мумкин нест, чун Сурия ба минтақаи манофеи ҳаётии Туркия дохил мешавад, ҳамон тавре, ки Арманистону Озорбойҷон ба минтақаи манфиатҳои Русия шомиланд. Дар Сурия Туркия таъсири ҳалкунанда надошт ва наметавонист ба танҳоӣ коре анҷом диҳад, чун ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ҷангҷӯёни ДОИШ*, созмони террористии мамнӯъ зиёд мешуданд ва бозигарони дигари хориҷӣ, аз ҷумла ИМА амал мекарданд.

Ҳамкорӣ бо Русия, ки мавқеи Башор Асадро мустаҳкам кард, дар ниҳояти кор ба суди Туркия буд, чун ба Туркия имкон медод, ки манофеяшро дар шимоли Сурия ҳифз кунад. Аммо чаро Маскав бояд бо Анқара дар масъалаи Қарабоғи куҳӣ ҳамкорӣ кунад? То ҷанге сар занад, ки Русия дар он қатъиян манфиатдор нест? То кумак барои ҳалли масъалаи Қарабоғи куҳӣ сари мизи музокирот шавад? Аммо зуҳури Туркия ба ҳайси миёнрав ва ё намояндаи Озорбойҷон танҳо арманиҳоро метарсонад. Ва аз ҳама асосӣ: чаро Русия бояд дар минтақаи манофеи ҳаётияш барои таҳкими мавқеи Туркия кумак кунад? Зеро туркҳою озорбойҷониҳо – амалан як халқанд?

Аммо русу украиниҳо низ ягонаанд, аммо Туркия азми Ғарб барои атлантисозии Украинаро дастгирӣ мекунад. Бо вуҷуди рушди истиқлоли Туркия дар аҳди Эрдуғон, ки боиси кам шудани ғарбгароӣ ва таҳкими муносибот бо Русия, Туркия ҳамоно узви НАТО боқӣ мемонад.  Эътилофе, ки аёнан на танҳо ба боздоштани Русия, балки ба тангсозии кишвар аз қаламрави собиқ иттиҳоди шӯравӣ равона шудааст. Туркия мехоҳад, нерӯи муассире дар Қафқоз ба ҳайси як давлати миллӣ бошад, аммо ба ҳайси узви НАТО? Бигзор феълан чунин бошад, аммо баъди 10 сол чӣ мешавад? Ва ё агар ба ҷои Эрдуғон атлантиҳои содиқ биёянд?

Вақте Туркия аз НАТО хориҷ шаваду гӯем, шомили Иттиҳоди АвруОсиё гардад, он гоҳ дар як минтақаи воҳид бо мардуми турки собиқ шӯравӣ, аз ҷумла бо Қазоқистону Озорбойҷон қарор хоҳад дошт.

Феълан Туркия дар сиёсати моварои Қафқоз танҳо ба як шева метавонад ширкат кунад – ба даъватҳо аз Озорбойҷон, ки гиреҳи мушкили Қарабоғи куҳиро бо зӯрӣ канад, хотима диҳад. Ихтилофи Арманистону Озорбойҷон ба ҳар сурат ҳалли низомӣ надорад. Ногуфта аз он, ки ҳузур ва таъсири  Русия ҷангро бемаънӣ месозад. Русия ва Туркия муштарак ба хеле дастовардҳо ноил шуданд ва метавонанд бештар ба даст оранд, агар амалҳояшонро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд.

Камоли бехирадӣ хоҳад буд, агар маҷмӯи муносиботи Русия ва Туркияро барои мушкилоти вазнини Қарабоғи куҳӣ, ки ҳалли фаврӣ намехоҳанд, зери зарба гузошта шаванд. Метавон муътақид буд, ки Эрдуғон ба чунин кор қодир нест. Суханҳои баланд, аммо диди стратегӣ, амалҳои бохирадона ва тавони созиш бо Владимир Путин аз омилҳои фарқкунандаи муносиботашон тайи 17 сол буданд, ки боиси ҷаҳиши бемисли ҳамкориҳои Туркия ва Русия шуда буданд.  Оянданигарӣ бояд, на талошҳо барои ба бозӣ даровардани натиҷаҳои ҷанги Туркия ва Русия дар Қафқоз.

*ДОИШ, созмони террористии мамнӯъ дар Русия

272
Бывший президент СССР Михаил Горбачев, архивное фото

"Мо инро намехостем": Горбачёв дар бораи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ

732
(Таҷдидшуда 16:09 01.10.2020)
Президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв гуфт, ки агар СССР пойдор мемонд, чӣ мешуд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Агар Иттиҳоди Шӯравиро аз фурӯпошӣ наҷот меёфт, ҷаҳон дигар хел мешуд, гуфт президенти собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии The Times.

Ба гуфтаи Горбачёв, агар СССР ҳифз мешуд, олам беҳтар мешуд.

Горбачёв гунаҳкорони аслии пошхӯрии ИҶШС - ро гуфт

"Ҷаҳон чӣ гуна менамуд, агар Иттиход ҳифз мешуд, -таърих агару магарро намедонад. Аммо ман фикр мекунам, ки ҷаҳон беҳтар мешуд. Ин устувортар, бехатартар ва одилтар мебуд "гуфт раҳбари собиқи ИҶШС.

Горбачёв таъкид кардааст, ки  суқути Иттиҳоди Шӯравӣ "натиҷаи ниҳоӣ" -и бозсозӣ набуд.

"Дар ҳеҷ сурат. Ва, албатта, мо инро намехостем",- гуфт ӯ.

Номбурда, таъхир дар ислоҳоти ҳизб, ғайримарказикунонии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ислоҳоти нокифояи беҷуръатонаи иқтисодиро ба ин кор марбут донист.

Вай созишномаҳоро оид ба халъи силоҳи ҳастаӣ, хотима ёфтани ҷанги сард, озодии сухан ва дин, баромади ошкоро аз кишвар, интихоботи алтернативӣ ва низоми бисёрҳизбӣ ба натиҷаҳои мусбӣ марбут донист.

"Ва муҳимтар аз ҳама, мо раванди тағиротро ба дараҷае расонидем, ки баргардонидани он ғайриимкон гашт. Аз ин рӯ, табаддулот дар моҳи августи соли 1991 ноком шуд. Гарчанде зарари он азим буд - ин зарба ба президент ва Иттиҳод буд.  Сипас радикалҳо ва ҷудоихоҳон бидуни андеша дар бораи оқибатҳо Иттиҳодро тамом карданд",-хулоса кард Горбачёв.

732
Барчаспҳо:
Михаил Горбачёв, пошхӯрӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ
Девушка за рулем автомобиля, архивное фото

Ҷазои Снежанна барои мошинронӣ бо суръати хеле баланд дар Душанбе-видео

0
(Таҷдидшуда 21:06 01.10.2020)
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҷаримабандии ҷавондухтаре хабар дод, ки мошинро дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо суръати 175 километр дар як соат рондаст

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, духтар мошинронияш бо суръати 175 км/соатро ба навор гирифта, дар саҳифаи шахсияш дар Инстаграм нашр намудааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз маъмурини милиса хостаанд, ки барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ронанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Раёсати умури дохилӣ хабар дод, ки дар пайи санҷиш муайян шуд, ронандаи мазкур Юдинна Снежанна Руслановна, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе мебошад, ки ҳангоми идораи мошини шахсияш “Ауди А4” ба қонуншиканӣ роҳ додааст.

Манбаъ таъкид кард, ки бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати ронанда, барои бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт ва гузаштан дар чароғаки сурх санади маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардид.

0
Барчаспҳо:
ҷазо, ронанда, роҳ, Тоҷикистон