Вид на город Котор и Которский залив в Черногории, архивное фото

Пешвои мухолифин дар Черногория таҳримҳои зидди Русияро иштибоҳ хонд

96
(Таҷдидшуда 18:50 01.09.2020)
Пешвои калонтарин эътилофи мухолифини Черногория - Здравко Кривокапич бар ин аст, ки кишвар набояд таҳримҳои зидди Русияро дастгирӣ кунад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Пуштибонии таҳримҳои зидди Русия аз ҷониби Черногория иштибоҳ буд, гуфт, пешвои яке аз калонтарин эътилофи мухолифин "Барои ояндаи Черногория" - Здравко Кривокапич дар мусоҳиба бо РИА Новости.

"Мо давлати хурд мебошем ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳеҷ нуфуз надорем, новобаста аз хости мо. Маълум аст, кӣ дарав мекунад ва кӣ об мекашад (зарбулмасали сербӣ – шарҳ аз идора), ба ҳамин сабаб номақбул мебошад, ки чунин давлати хурд якумин шуда алайҳи Федератсияи Русия таҳримҳо ҷорӣ кард", – изҳор доштааст ӯ ба хабаргузорӣ.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, таҳримҳо ба талафоти иқтисодӣ расониданд.

"Хотиррасон мекунам, ки мо шароб содирот мекардем ва аксарияти сайёҳон аз Сербия, Босния ва Ҳерсеговина ва Русия буданд", – таъкид кард Кривокапич.

Қаблан дар мусоҳиба бо РИА Новости, ӯ гуфт, ки бастани сарҳади Черногория ба сабаби COVID-19 барои шаҳрвандони Русия, Сербия ва Босния ва Ҳерсеговина, ки аксарияти истироҳаткунандагони доимии кишвар ҳастанд, қадами бефикронаи ҳукумат буд.

Пешвои калонтарин эътилофи мухолифин ҳамчунин қайд кард, ки Русия "аз бояд бо сабаби робитаҳои таърихӣ ва саҳми худ ба иқтисодиёти давлат, беҳтарин муносибат бо Черногорияро бархӯрдор бошад".

Интихобот дар Черногория 30-юми август баргузор шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, аввалин бор дар давоми беш аз 30 сол, ба тарафдории мухолифин, бештар овоз дода шуд, дар қиёс бо ба хизби ҳукмрони президент Мило Джуканович – Хизби демократии сотсиалистҳо.

Рӯзи душанбе нозирони байналмилалӣ аз САҲА, сафорати ИМА ва Бритониёи Кабир қонунӣ будани интихоботро эътироф карданд.

Рӯзона, роҳбарони эътилофи калонтарини "Барои ояндаи Черногория" Здравко Кривокапич, ҳаракати мухолифини URA Дритан Абазович ва "Демократҳо" Алекс Бечич ҷаласа баргузор карданд, ки дар он принсипҳои ҳамкорӣ ва "ташаккули ҳукумати ояндаи Черногория ва амаликунии иродаи шаҳрвандонро" мувофиқа карданд.

96
Барчаспҳо:
мухолифин, пешво, таҳримҳо, Русия

Лукашенко ба иттиҳомот дар барои инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт

209
(Таҷдидшуда 17:21 24.09.2020)
Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд, вале аз ин маросим хабар надода буданд. Лукашенко имрӯз вокуниши бархе аз кишварҳоро дар ин робита шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко ба иттҳиомот дар бораи инаугуратсияи пинҳонӣ посух гуфт, хабар медиҳад Sputnik Белорус.

Дар вохӯрӣ бо сафири Чин Тсуй Тсимином ӯ изҳор дошт, ки "кишвар вазифадор нест касеро аз баргузории инаугуратсия огаҳ кунад".

Инаугуратсия субҳи чоршанбе баргузор шуд. Ожонсии давлатии БелТА бидуни анонс хабар дод, ки Лукашенко ба президентӣ шурӯъ кард ва маросими савгандёдкунӣ дар Қасри истиқлол баргузор шуд.

Вазорати адлия гуфт дар баргузории маросим ягон қонунвайронкунӣ рух надодааст ва ҳамааш мутобиқи қавонин иҷро шудааст.

Ба гуфти Лукашенко бархе аз давлатҳо нисбати Белорус мавқеъи ғайри созандаро пеша кардаанд.

"Аҷибаш ин ки ҳамсояҳо. Ҳамсояҳо атои Худоянд, онҳоро интихоб намекунанд ва мо тақдиран бояд бо дӯстӣ ба сар барем. Вале, на ҳамеша чунин мешавад. Шумо медонед, давлатҳои ҳамсоя бахусус Полша чӣ мавқеъгирӣ кардааст", - гуфт президент ба сафири чинӣ.

Ӯ ҳадз зад, ки ҳамсояҳо муттаҳид шудаанд, ки ҳукумати Белорус "ба лаҳистониҳо, литвагиҳо, украиниҳо ва боз ба ким -киҳо" аз баргузории инаугуратсия хабар надод. Дар баробари ин раҳбари кишвар қайд кард, ки тибқи қонун, ҳукумати Минск вазифадор нест намояндгони дигар кишварҳоро аз савгандёдкунӣ хабар кунад.

"Ин кори дохилии кишвари мо аст. Нақд танҳо як аст: пинҳонӣ буд... Медонед, ба маросими савгандёдкунӣ наздики 2 ҳзаор нафар аз ҷумла низомиён даъват шуда буданд. Дар пинҳонӣ нигоҳ доштани ин номумкин аст", - изҳор дошт Лукашенко.

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо дар интихобот пирӯз шуд.

Бетартибиҳо дар ин кишвар пас аз эъломи намтоиҷи интихобот оғоз шуд, ки то кунун идома дорад.

209
Барчаспҳо:
инаугуратсия, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, Белорус, Александр Лукашенко
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на красной дорожке

Номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон: шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботӣ

517
(Таҷдидшуда 20:09 24.09.2020)
Кишвардори кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз барои курсии президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр, қувва меозмояд

26 сол мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад. Раисиҷумҳури кунунӣ қарор кард бори панҷум дар фаъолияти сиёсиаш, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Шарҳи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон 

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Инаугуратсияи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2013
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад.

Фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад.

Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад.

Ҳамин тариқ дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард.

Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Барномаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон

Шиор: Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум.

Се вазифаи асосӣ:

1. Таъмин намудани рушди устувор бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтӣ ва рақобатнокии иқтисоди миллӣ;

2. Афзоиш додани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолии мамлакат;

3. Расидан ба сатҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои даромадашон миёна.

Мувофиқи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ва таносуби он ба ҳар сари аҳолӣ дар 7 соли оянда 2 баробар афзоиш меёбад.

Ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 45 фоиз афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 18 фоиз коҳиш дода мешавад.

Дар назар аст:

сатҳи дастрасии аҳолии кишвар ба маҳсулоти озуқа, бахусус, ғизои хушсифати мутобиқ ба меъёрҳои тавсияшуда афзоиш дода шавад;

вобастагии иқтисоди кишвар аз воридот кам карда мешавад;

сифати хизматрасониҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадриҷан баланд бардошта, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба ин бахш бо дарназардошти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 123 миллиард сомонӣ равона шавад;

ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш ёбад.

Нақшаҳо:

  • мунтазам зиёд намудани ҳаҷми даромадҳои пулии аҳолӣ ва музди меҳнати кормандон;
  • тавсеа бахшидан ба сиёсати «иқтисоди сабз», вусъатдиҳӣ ва дастгирии давлатии низоми соҳибкории экологӣ;
  • идома додани сохтмони НБО-и «Роғун», НБО-и «Себзор», хатти интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA — 1000», таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд»;
  • идома додани сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ, аз ҷумла дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Бохтар, Бохтар-Данғара, Данғара-Гулистон, Кӯлоб-Муъминобод, Хуҷанд-Конибодом, Восеъ – Темурмалик -Кангурт, Гулистон-Кӯлоб, Кӯлоб-Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон-Сари Хосор, Шкев-Қалъаихумб, Қалъаихумб-Ванҷ, қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ, Гулистон – Фархор – Панҷ — Дӯстӣ, Хуҷанд-Ашт ва дигар роҳҳои дохилӣ;
  • амалӣ намудани лоиҳаҳои бунёди шабакаи нуриву нахии байналмилалӣ, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  • густариш бахшидан ба раванди ташаккули низоми шаҳрҳои миёна ва хурд ҳамчун «марказҳои устувори рушд» дар деҳоти кишвар;
  • ташкил кардани инфрасохтори муосир дар деҳоти кишвар ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;
  • таваҷҷуҳи авваландараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳоиилмумаориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, даврабадавразиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддивутехникиионҳо, аз ҷумла таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;
  • тақвият бахшидан ба фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, таъсис додани бозори меҳнати қобили рақобат ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ;
  • тадриҷан зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
  • ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат;
  • тавсеа бахшидан ба фарҳанги сиёсии шаҳрвандон, таъмин намудани иштироки шаҳрвандон ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии корҳои давлатӣ, эҳтироми Конститутсия ва садоқат ба давлат;
  • тавсеа додани фарҳанги сулҳ ва тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди нодири мардуми Тоҷикистон;
  • ҳифз намудани суботу оромии ҷомеа, таҳким бахшидан ба қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне таъмин кардани волоияти қонун, ҳимоя кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва дар ин самт таҳия ва қабул намудани «Стратегияи рушди низоми ҳуқуқии кишвар барои давраи то соли 2030»;
  • таъмин кардани амнияти миллӣ барои ҳифзи суботу оромӣ, дастовардҳои истиқлол ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ;
  • таким бахшидани ҳифзи сарҳади давлатӣ, муҳайё сохтани шароити беҳтар барои сарҳадбонон ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳа;
  • пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ — терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва кибертерроризм, инчунин, ба роҳ мондани шаклу усулҳои муосири муқовимат ба дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ;
  • тақвият бахшидани муқовимат бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои муассир барои аз байн бурдани сабабу омилҳои ба содиршавии он мусоидаткунанда, амалӣ намудани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ба вуҷуд овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа;
  • таҳким бахшидани ҳамкориҳои сиёсӣ,  иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷануби Шарқӣ,  Ховари Миёна, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Африқо;
  • устувор намудани мақом ва нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи  байналмилалӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об;
  • идома ва такмил додани сиёсати "дарҳои кушода";
  • ба таври шоиста муаррифӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон,  роҳандозӣ намудани дипломатияи фарҳангӣ ва инсонӣ бо  дарназардошти ҷанбаҳои мусбат ва манфии раванди ҷаҳонишавӣ;
  • ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳо, шаъну шараф ва эътибори шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.
517
Барчаспҳо:
ироъаи барномаи пешазинтихоботӣ, интихобот, сиёсат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
День 27 сентября

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 18:07 26.09.2020)
Рӯзи 27 сентябр Рӯзи байналмилалии туризм буда, дар Муғулистон – Рӯзи телевизион ва дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ мебошад

Рӯзи 27 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1791 ба яҳудиёни Фаронса шаҳрвандӣ дода шуд.

Соли 1821 Мексика аз Испания ҷудо шуда, истиқлолият ба даст овард.

День 26 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1905  дар Ню-Йорк занеро барои дар дохили автомобил кашидани тамоку ҳабс карданд.

Соли 1941 Сурия давлати мустақил эълон шуд.

Соли 1953 Ҷопон қувваҳои миллии худмуҳофизатиашро таъсис дод.

Соли 1977  аввалин неругоҳи атомии Украина нахустин бор  ҷараёни барқ ҳосил кард.

Соли 1990 ИҶШС ба Интерпол ҳамроҳ шуд.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2013 шаҳрдори Душанбе мусиқии баландро дар автобус ва дигар нақлиёти мусофиркаш манъ кард.

День 25 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «ВАО ва муҳоҷират» ҷамъомад баргузор гардид.

Соли 2013 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими ифтитоҳи намоиши серӯзаи молҳои содиротии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.

Соли 2013 дар маркази ноҳияи Тавилдара бинои муҳташами «Кохи фарҳанг» расман ба истифода дода шуд.

Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр

  • Рӯзи байналмилалии туризм.
  • Дар Муғулистон – Рӯзи телевизион.
  • Дар Русия  — Рӯзи кормандони муассисаҳои томактабӣ.

Рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Таисия Иванова (1932) – доктори илми биолог.

Мавҷигули Зардодхон (1963-2011) – шоира.

Равшан Махсумзод (1963) – нависанда.

Боймуҳаммад Ниёзов (1927 – 2009) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Людмила Никулина (1934) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Зоя Румянсева (1916-2001) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Хуршеда (Обидова ) (1974)- шоира.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 20 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон