Вокуниши ҳукумат ба Иргашови президентшав: маҳдуд нест, ҳуқуқи ҳар шаҳрванд аст, вале

© саҳифаи фейсбукии худпешбар Фаромӯз ИргашшовФаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо нашри як матлаб зери имзои Насим Саидраҳмонов ба сарусадо атрофи пешбарии Фаромӯз Иргашев, сокини шаҳри Хоруғ, ба президентӣ вокуниш кардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар матлаби нашркардаи ҳукумати ВМКБ дар саҳифаи расмияш, зери имзои омӯзгор Саидраҳмонов омадааст, ки алббата иштирок дар интихобот ин ҳукуқи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Мужчина в маске смотрит на телефон - Sputnik Тоҷикистон
Аз 2 то 7 сомонӣ: ширкатҳои мобилӣ “таруфаҳои камбағалон”-ро бармегардонанд

“Бояд қайд кард, ки қонунгузорӣ пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд накардааст, вале тартиби ҳуқуқии онро муқаррар кардааст”, - омадааст дар матлаб.

Ҷавони тоҷик мудаии президентӣ шуд: Иргашов чӣ ваъдаҳо доду чиро интизор аст?-аксу видео

Таъкид шудааст, ки мутобиқи қонунгузорӣ ниҳодҳое, ки метавонанд номзад ба президентиро пешниҳод намоянд, ҳизбҳои сиёсӣ (ки расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд), Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин Маҷлиси намояндагони вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.

“Ин субъектҳо дар анҷуману иҷлосияҳояшон номзадро бо тарафдории аксарияти овози вакилон пешниҳод намуда оиди он қарор қабул менамоянд. Қарори кабулкардаро бо тарафдории 5%-и интихобкунандагон бо имзо ҷонибдорӣ намоянд. Масалан агар шумораи умумии интихобкунандагон ба 5 миллион баробар бошад, он гоҳ 5% камаш 250 000 овозро ташкил медиҳад”, - зикр шудааст дар матлаб.

Имзоҳо бе коғазҳои махсусу имзои раиси шаҳру навоҳӣ қабул нестанд

Дар мавриди имзоҷамъкунӣ зикр шудааст, ки он аз тарафи субъектҳои пешбарикунанда ва гурӯҳҳои ташаббускор амалӣ карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳангоми фотиҳахонӣ дар хонаи Ҳоҷӣ Камол - Sputnik Тоҷикистон
Писари Ҳоҷӣ Камол барои мубориза бо COVID-19 беш аз 2,3 миллион дод

“Имзоҳо дар варақаи махсуси қабулшуда ҷамъ карда мешаванд ва аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад. Варақаҳое, ки мӯҳр ва имзои раиси шаҳр ё ноҳия дар он нест, қабул карда намешаванд. Қонунгузорӣ ба таври алоҳида тартиби аз ҷониби шаҳрванди дорои ҳуқуқи пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст”, - таъкид шудааст дар матлаб.

Дар идома омадааст, ки пешбарии номзад 20 рӯз давом карда, 30 рӯз то интихобот ба охир мерасад.

Дар матлаби нашркардаи мақомоти ВМКБ таъкид шудааст, ки азбаски Фаромуз Иргашов худ мутахассиси соҳаи ҳуқуқ аст, бояд мувофиқи қонунгузорӣ амал намуда, тартиби пешбарии номзадиро риоя намояд.

“Яъне қонунгузорӣ ба доираи амали ҳуқуқиаш монеа эҷод накардааст. Дар ин марҳила ба овозаҳои беасос ва мубоҳиса ҷалб намудани шаҳрвандон зарурият нест. Чунки аҳли ҷумҳурӣ ба дониши мардуми Бадахшон эътимод доранд”, - таъкид шудааст дар матлаб.

Қаблан Фаромуз Иргашев, вакили мудофеи 30-сола аз шаҳри Хоруғ тариқи худпешбарӣ номзадияшро ба президентӣ пешниҳод карда, аз шаҳрвандон даъват намуд, ки ба тарафдорияш имзо ҷамъ кунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0