Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмон ба Трамп барқия фиристода, ба ӯву ҳамсараш шифои оҷил аз коронавирус таманно кард

346
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мубтало шудани раисҷумҳури Амрико бо ҳамсараш ба маризии коронавирус, барқия ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп барқия ирсол кард, хабар медиҳад котиботи Президент.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз мубтало шудани Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ ба маризии сироятии коронавирус, нигарон аст.

Дар барқия, кишвардори Тоҷикистон дастгирии дӯстона ва холисонаи худро ба раисҷумҳури Амрико ва ҳамсари ӯ изҳор доштааст.

Трамп ва ҳамсараш гирифтори COVID - 19 шуданд

Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп ва Бонуи аввал шифои комилу оҷил, рӯҳияи қавӣ ва саломатии бардавомро таманно намудааст.

Ёдовар мешавем, хабари гирифтори коронаиврус шудани Трамп ва ҳамсари ӯ, худи президенти Амрико расонаӣ кард.

​"Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро паси сар мекунем!" - навиштааст Трамп дар Twitter.

Дар навбати худ, пизишки президент гуфт, ки вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро аз хона анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп - Хоуп Хинкс гирифтори коронавирус шудааст.

346
Барчаспҳо:
барқия, Доналд Трамп, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (799)
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Раҳмонро кишвардорони Ветнаму Сербия шодбош гуфтанд

106
(Таҷдидшуда 19:14 20.10.2020)
Номаҳои шодбошӣ унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳамтоёни ӯ ва роҳбарони созмону ташкилотҳои хориҷӣ, дар робита ба дигарбора такя задани ӯ ба курсии раёсатҷумҳурӣ, идома дорад

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Президентони Сербия ва Ветнам Александр Вичуч ва Нгуен Фу Чонг унвонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи тарикотӣ ирсол намуданд, хабар медиҳад котиботи президент.

Ба иттилои манбаъ, ҳамтоёни Эмомалӣ Раҳмон ӯро бинобар дигарбора роҳбари тоҷикони дунё интихоб шудан, табрику муборакбодӣ намуданд.

Александр Вичуч дар номаи шодбошии худ Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки муносиботи дӯстона ва ҳамкории байни Сербияву Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои барои ҷонибҳо судовар, равнақ меёбад.

Далелҳои камёфт дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Гузашта аз ин, Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам низ дар номаи худ пас аз муборакбодӣ кардан изҳори боварӣ намудааст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон низ ба муваффақиятҳои зиёде ноил мегардад.  Ҷаноби Нгуен Фу Чонг афзудааст, ки дӯстии анъанавию ҳамкории байни Ветнаму Тоҷикистон дар ҳамаи ҷанбаҳо беш аз пеш рушд хоҳад ёфт.

Манбаъ меафзояд, воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон идома дорад.

106
Барчаспҳо:
шодбошӣ, нома, Эмомалӣ Раҳмон
Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020
Встреча Посла Республики Таджикистан в Королевстве Саудовская Аравия Акрама Карими с Государственным министром иностранных дел Королевства Саудовская Аравия Аделем Аль-Джубейром

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тақвият меёбад

172
(Таҷдидшуда 15:43 20.10.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзи 19 октябр  дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири  Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Дар ин бора Сафорати тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҳамкриҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.

Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?

"Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд", - омадааст дар хабарнома.

Маросими ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ аз сар гирифта шуд

Ёдрас мешавем, ки Акрам Каримӣ ба тозагӣ - моҳи августи соли равон, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин шуд.

Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.

172
Барчаспҳо:
гуфтугӯ, дидор, сафорат, Ар-Риёз
Суванқулов Содиқҷон маҳкумшуда барои қатли маъшуқи ҳамсараш

Ҷазои Суванқулов барои куштор ҳангоми ҳамхобагии собиқ занаш бо ҳамсоя-видео

0
(Таҷдидшуда 15:37 21.10.2020)
Додгоҳи вилояти Хатлон Суванқулов Содиқҷони 51-соларо барои куштор ҳангоми дидани ҳамхобагии собиқ ҳамсараш бо ҳамсояи 52-сола ба 26 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Суванқулов, сокини ноҳияи Шаҳритуз, 19-уми августи соли равон, тахминан соати 23:30 дар холати мастӣ ба хонаи собиқ ҳамсараш, Бердиева Фарзонаи 26-сола омада, дидааст, ки ӯ бо ҳамсояаш, Раҷабов Рустам, марди 52-сола муносибати маҳрамона дорад.

Манбаъ афзуд, гумонбаршаванда бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои бадани мархум Раҷабов зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

"Бо ин конеъ нагашта, аз ҳиссиёти рашк собиқ ҳамсарашро бо корд 4 маротиба ба узвҳои баданаш мезанад. Ба ғайр аз ин, гумонбаршаванда зани 30-солаи сокини шаҳри Норак, Камолова Нилуфар, ки дар меҳмонии онҳо қарор доштааст, 3 маротиба ба қисмати сар ва дасташ задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидахо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Додгоҳи вилояти Хатлон дар пайи баррасии қазия Суванқулов Содиқҷонро  ба 26 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. 

0