Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Жээнбеков аз мушкили бузурге гуфт, ки имрӯзҳо ӯро азият медиҳад

473
(Таҷдидшуда 16:47 04.10.2020)
Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гуфт, фурӯши овоз - ин зарба ба ояндаи кӯдакон, давлат ва ояндаи худ аст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар суҳбат бо "Биринчи радио" изҳор дошт, ки имрӯзҳо ӯро як мушкил - хариди овозҳо, азият медиҳад.

"Бузургтарин мушкил имрӯз, ки ҳам ман ва ҳам ҳар шаҳрванди ғамхори кишварро азият медиҳад - ин мушкили хариди овозҳо мебошад. Фардо рӯзи раъйдиҳӣ аст ва ман мехоҳам даъват кунам, ки овозҳоро нафурӯшанд. Инсоне, ки барои ояндаи худ, кӯдакони худ ва давлататаш ғамхор аст, ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намедиҳад", - гуфт президент.

Жээнбеков қайд кард, ки фурӯши овоз - ин зарба ба ояндаи кӯдакон, давлат ва ояндаи худ аст, менависад Sputnik Қирғизистон бо такя ба "Биринчи радио" .

Ӯ қайд кард, ки парлумони нав ба рушди кишвари мо таъсири амиқе хоҳад дошт.

Санаи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон маълум шуд

Имрӯз дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ баргузор мегардад.

Ёдрас мешавем, ки интихоботи парлумонии пешини Қирғизистон дар соли 2015 баргузор шуд ва дар натиҷаи он намояндагони аҳзоби сотсиал - демократ, республика Отажурт, Қирғизистон ва дигар аҳзоби сиёсӣ вориди маҷлис шуданд.

Парлумони Қирғизистон 120 намоянда дорад ва олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст.

473
Барчаспҳо:
мушкилӣ, президент, Сооронбой Жээнбеков, Қирғизистон
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби COVID-19 ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд

21
(Таҷдидшуда 12:16 23.10.2020)
Қаблан дар назар буд, ки сеюмин дидори машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан моҳи август дар Бишкек ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 ба тирамоҳ мавқуф гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Ҷаласаи сеюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки қаблан дар Қирғизистон ба нақша гирифта шуда буд, бинобар пандемияи коронавирус ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд, гуфт вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ин мулоқот эҳтимолан дар Туркманистон баргузор хоҳад шуд.

"Мутаассифона, бинобар ҳолатҳои марбут ба коронавирус ва номуайянии давомдор дар бораи замони рафъи ин пандемия, дар гумон аст, ки то охири соли равон ҷаласаи сеюми машваратӣ баргузор карда шавад",- гуфт Комилов.

Комилов гуфт, ки Туркманистон пешниҳод кардааст, ки мулоқоти сеюм дар соли 2021 дар ин кишвар  баргузор шавад.

"Мо, ки ҳамраиси шӯрои машваратӣ ҳастем, ин пешниҳоди Туркманистонро комилан дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки нишасти навбатии машваратии Осиёи Марказиро бо як барномаи васеъ ва пурмазмун баргузор мекунем" гуфт ӯ.

Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишаст дар Туркманистон, бозгаштан ба пешниҳоди Қирғизистон дар бораи ташкили нишасти машваратӣ дар Бишкек имконпазир хоҳад буд.

"Ин маънои онро надорад, ки кишварҳои минтақа дар роҳи банақшагирифташудаи ҳамкориҳои минтақавӣ " суст шудаанд", - илова кард Комилов.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои бисёрҷониба барои ҳамаи панҷ давлати Осиёи Марказӣ афзалиятнок аст.

21
Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, вохӯрии сарони кишварҳо, мулоқот, дидор

Тавсифи Зеленский аз Раҳмон: сазоворед

417
(Таҷдидшуда 23:54 22.10.2020)
Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати интихоб шуданаш ба мансаби президентӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Тавре котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, раисҷумҳури Украина кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати пирӯзӣ дар интихобот муборакбод гуфта, ба Эмомалӣ Раҳмон муваффақият таманно кардааст ва ӯро чун роҳбари сазовор ба боварии мардуми Тоҷикистон тавсиф кардааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

"Ғалабаи Шумо дар интихоботи кунунӣ далели боварии мардуми тоҷик ба Шумо ва дастгирии васеи роҳи интихобкардаи сиёсиву иҷтимоии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад,-  таъкид кардааст вай.

Раисҷумҳури Украина афзудааст, "аз номи мардуми Украина ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям".

Зеленский изҳори умедворӣ кардааст, ки минбаъд, муносибатҳои Тоҷикистону Украина ба сатҳи нав мебароянд.

Раҳмон ба Зеленский: мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ назари нек дорем

"Аз ин фурсати хурсандибахш истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва дар фаъоляти пурмасъулиятатон минбаъд ҳам муваффақият, ба мардуми дӯсти тоҷик бошад, сулҳ, ризоият ва шукуфоӣ орзумандам", - гуфтааст дар анҷом вай.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, ҳамчунин аз номи резиденти Венгрия, Янош Адер ва Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Ҷейр Месиас Болсона ба Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ расидааст.

417
Арест, архивное фото

Боздошти Муминов барои қатли тағои 70-солааш: хонаро ба ӯ нею ба додараш додааст-видео

0
(Таҷдидшуда 13:02 23.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Турсунзода хабар медиҳад, ки дар қатли тағояш муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт - Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, пулиси шаҳри Турсунзода Муминов Александри 42 соларо барои қатли тағояш боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда пас аз истеъмоли машруботи спиртӣ ба хонаи тағои 70-солааш Холмуродов Темур омада, ӯро латукӯб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи латукӯби шадид ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин бардошта ҳалок шудааст.

Боздоштшуда зимни бозпурсӣ гуфт, ӯро барои он кушт, ки хонаро на ба ӯ, бал ки ба додараш Семён додааст.

“Пас аз куштор, барои пинҳон кардани ҷиноят либосҳои ӯро пинҳон карда ҷасадро тавре гузоштааст, ки гӯё ҷабрдида аз беморӣ ҳалок шудааст, аммо ташхис дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбуриро ошкор кард”,‑ афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, боздоштшуда ва фавтида робитаи хешовандӣ дошта, ҷинояти мазкур барои ба даст овардани хона сар задааст.

ВУД мегӯяд, айни ҳол нисбат ба  Муминов Александр парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

0
Барчаспҳо:
парванда, боздошт, қатл, Турсунзода, Тоҷикистон